Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди мухолифати бархе аз вакилон ислоҳот ба қонун дар бораи консессияҳо ворид карда шуд.

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд, ки замин ва сарватҳои зери он, обу фазою ҳаво, олами набототу ҳайвонот, захоири табиӣ ва дигар моликияти давлатиро бо пардохти муайян ба мӯҳлатҳои гуногун ба иҷора бигиранд.

Ин кор бар пояи ислоҳоти ворида ба "Қонун дар бораи консессияҳо" имконпазир шудааст. Дар ҳоле ки қаблан дар Тоҷикистон аз чунин имконият танҳо атбои хориҷӣ бархӯрдор буданд.

Амон Эшонқулов, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ҷалби сармояи хусусӣ имкон медиҳад, ки ба буҷаи кишвар маблағҳои изофӣ ворид шавад. Вай гуфт, "дар қонуни Тоҷикистон дар бораи консессияҳо, ки 15 майи соли 1997 қабул шудааст, ба сифати консессиядор танҳо сармоягузори хориҷӣ, ки бо ӯ қарордоди консессионӣ ба имзо гузошта мешавад, муқаррар карда шудааст. Дар тарҳи пешниҳодгардида бошад, ба сифати консессиядор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ки ҳуқуқи консессияро тибқи шартномаи консессионӣ соҳиб мешаванд, пешбинӣ карда шудааст."

Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН аз ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН аз ҲНИТ

Аммо бархе аз вакилони порлумон аз бархе аз нукоти ин лоиҳа шадидан интиқод карданд. Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфт, тарҳи мазкур нукоти норӯшан ва ношаффофи фаровон дорад, ки як намунааш бар пояи ин қонун пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз сӯи як ширкати хориҷӣ ва он ҳам бидуни баргузории кадом тендер ё озмун буд, ки ба ақидаи оқои Кабирӣ, обрӯи ҳукумат ва порлумонро байни мардум коста кард.

Ӯ мегӯяд, "вақте ҳукумати Тоҷикистон гуфтушуниди мустақим бо "сармоягузорони эътимоднок" мебарад ва бидуни озмун ин объектро медиҳад, меъёри сармоягузорони эътимоднокро кӣ муайян мекунад. Кӣ бояд эътимод дошта бошад, миллат, давлат, вазир ё он касе, ки объектро медонад? Чунки вақте мо роҳро додем, то ба имрӯз он ширкат соҳиб пайдо намекунад. Миллат намедонад соҳиби он ширкате, ки роҳи Душанбе-Чаноқро гирифтааст, кӣ аст. Бигузор бояд навишта шавад, ки объектҳо ба ширкатҳое дода шавад, ки соҳибаш мушаххас аст."



Амон Эшонқулов дар посух гуфт, ҳукумат ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои истисноӣ бидуни тендер ҳам амволи давлатиро ба ширкатҳо ба консессия диҳад.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки чӣ гуна метавон фазо ва ҳавои кишварро ба иҷора дод ва осуда буд, ки амнияти ҳарими ҳавоии кишвар таъмин аст: "Интерпритатсия мумкин нест. Як объектро мегиранду мегӯянд, ки на, ин объекти мудофиа нест ва консессия мекунанд. Мумкин нест ин тавр кардан. Ҳар кас консессия гираду баъд аз боло бомбаборон кунад Тоҷикистонро?"

Рустам Латифов, вакил аз Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, низ изҳор дошт, ки ба иҷора додани олами наботот ва ҳайвоноти кишвар ва ҳамин тавр ҳавову фазо дар ниҳояти кор ба амнияти экологӣ хатар ба бор меорад. Ин вакили мардумӣ мегӯяд, "аз таркиби объектҳое, ки аз моликияти давлатӣ барои консессия дода мешаванд, ибораи фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот хориҷ карда шавад."

Аммо бо ин ҳама Ҷумъахон Давлатов, намояндаи президент дар порлумон, иддаои вакилони мухолифи ин тарҳро беасос хонда, бар тасвиби он исрор варзид. Оқои Давлатов дар посух ба ин суол, ки чаро то имрӯз вакилони маҷлис ва мардуми Тоҷикистон соҳиби ширкати пулчинаки роҳи Душанбе-Чаноқро намедонанд, гуфт, шароити имрӯза чунин ҳуқуқро медиҳад, ки номи ин афрод пинҳон дошта шавад.

Намояндаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар порлумони кишвар гуфт, "то ҳозир ҳамагӣ ду иншоот ба консессия дода шудааст. Таклифҳо зиёд аст. Барои чӣ фақат роҳи Душанбе-Чаноқ мисол оварда мешавад ва ягон кас дар бораи "Помирэнерҷӣ" сухан намекунад? "Помирэнерҷӣ" аз роҳи Душанбе-Чаноқ ягон фарқият дорад? Вақте ки ҳарду иншоот ба консессия дода шудааст, бо Ҷумъахон Давлатов

Ҷумъахон Давлатов

маслиҳати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дода шудааст. Ин ваколати ҳукумати Тоҷикистон аст. Ягон кас ният надорад, ки фазоро, ҳаворо, олами ҳайвонотро фурӯшад. Агар ба лоиҳа аҳамият диҳед, калимаи истисноӣ истифода шудааст. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки лоиҳаро ба сиёсат омехта кардан зарурат надорад."

То ба имрӯз ду иншооти давлатӣ - яке роҳи Душанбе-Чаноқ ба ширкати хориҷии IRS ва дуввумӣ низоми энержии вилояти Бадахшон ба “Помирэнержӣ” - як ширкати марбут ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Бунёди Оғохон аз тариқи консессия ба иҷора дода шудааст. Бар пояи маълумоти манобеи Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, эҳтимоли аз ин роҳ ба музояда гузоштани "Кони Мансур" вуҷуд дорад.

Зимнан, тарҳи нави Қонуни консессия аз тарафи Матлубхон Давлатов- роҳбари дастгоҳи президент ва Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, ки ҳарду узви Маҷлиси миллианд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG