Пайвандҳои дастрасӣ

Лондон ҳамаи намояндагони Эронро ихроҷ мекунад


Сарвазири Бритониё Дейвид Камерон

Сарвазири Бритониё Дейвид Камерон

Бритониё мегӯяд, ҳамаи намояндагони расмии Эронро аз қаламрави кишвари худ берун мекунад.

Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг мегӯяд, кишвараш ҳамаи намояндагони расмии Эронро аз қаламрави худ ихроҷ мекунад ва сафорати Эрон дар Лондонро мебандад.

Ин дар ҳолест, ки пештар Лондон сафорати худ дар Теҳронро баст ва аллакай ҳамаи кормандони ин сафорат ба Дубай интиқол ёфтаанд.

Лондон дар бораи ихроҷи дипломатҳои бритониёвӣ баъд аз ҳамлаи дирӯза ба бинои сафорати кишвар дар Теҳрон тасмим гирифт. Мақомоти Бритониё ба Эрон ҳушдор доданд, ки ҳамла ба бинои сафорат барои Теҳрон паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.

Шоми дирӯз Шӯрои амнияти СММ ин ҳамларо маҳкум намуд. Дар ин бора Жозе Филипп Морес Кабрал, сафири Португалия дар Созмони Милал ва раиси даврии Шӯрои амният иттилоъ дод. Ҳамла ба сафорати Бритониё аз сӯи ИМА ва Русия низ маҳкум шуд.

Вазорати умури хориҷии Эрон аз ин ҳодиса изҳори таассуф кард ва амали ҳамлагаронро “ғайри қобили қабул” номид.

Рӯзи сешанбе гурӯҳи ҷавонони муҳофизакори эронӣ баъд аз намоиши эътирозӣ алайҳи таҳримҳои нави Лондон алайҳи Теҳрон ба бинои сафорати Бритониё ҳамла карданд. Онҳо шишаҳои биноро шикаста, мошинҳо ва парчамҳои бритониёвиро сӯзониданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG