Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи халабонҳо. Дар паси парда чӣ мегузашт?


Ҳукми дувуми додгоҳ дар мавриди ҳавонавардон Садовничий ва Руденко даҳони додситону додваронро баст.

Намояндаи додситонии Хатлон, Файзулло Холов, ки дар мурофиаи додгоҳии халабонҳои рус айбдоркунандаи давлатӣ буд, мегӯяд, ҳоло «қасам хӯрдааст», ки дигар дар мавриди ин қазия ҳарфе нахоҳад зад.

Вай фақат ҳаминро гуфт, мехоҳад ҳарчи зудтар парвандаи мазкурро фаромӯш кунад ва ҷомеа низ ба озодӣ расидани Садовничий ва Руденко, шаҳрвандони Русия ва Эстонияро ба маънои заъфу нотавонии мақомоти додгоҳию додситонии маҳаллӣ шарҳ надиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки маҳз бо пофишориҳои ҳамин додситон, додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳоро ба 8,5 соли зиндон маҳкум карду Файзулло Холов ин ҳукми додгоҳро одилона, вале «хеле нарм» арзёбӣ намуда буд.

СУКУТИ ПУР АЗ САДОИ ДОДСИТОН

То чанд муддат пеш додситон Холов пиромуни қазияи халабонҳо баёнияҳои шадидлаҳн медод ва зоҳиран, дар рӯзи оянда додситонии кулли кишвар маҷбур мешуд, ки воқеияти хабарҳои нашршударо инкор кунад. Ҳамон хабарҳоеро, ки Файзулло Холов сарчашмаи аслии он буд.
Файзулло Холов
Файзулло Холов

Додситон Холов мегуфт, ки талошҳо ва фишорҳои рӯйиҳами Русия ба тағйири ҳукми додгоҳ таъсир нахоҳад кард: «Ҳазорҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Баъд чӣ? Як шаҳрванди Русия дар кишвари мо ҷиноят содир кардааст. Чаро мо ӯро суд карда натавонем?!»

Аммо акнун ин додситони як музофоти Тоҷикистон дигар мисли пешин чандон «ошкорбаён» нест. Вай мегӯяд, ин гуна «шӯҳрати номатлуб»-е, ки расонаҳо ба ӯ додаанд, барояш аслан лозим набуд ва дигар намехоҳад аз барои қазияи халабонҳои рус, ба гуфтаи худаш, «дарди сараш» афзояд. Шояд сабаб ин ҳам буда метавонад, ки акнун ҳама гуна тафсилот метавонад, маънии дигар касб кунад.

АМАЛЕ БАРОИ ҒАСБИ ҲАВОПАЙМОҲО?

Ба ин андоза бузург шудани қазияи халабонҳоро дар Хатлон шояд ҳеч мақоми додситонӣ ё додгоҳӣ интизор набуд. Додситонӣ, додгоҳ ва аҳли назар мегӯянд, ки гуноҳи халабонҳо дайншуда аст. Ҳарчанд Садовничий ва Руденко иддао доранд, ки комилан бегуноҳанду бояд «сафед» карда мешуданд, ҳатто адвокати онҳо Ғулом Бобоев мегӯяд, дастикам бо иттиҳоми эълоншуда алайҳи халабонҳо, ки ба нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз (моддаи 218-и кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) марбут аст, розӣ мебошад.

Дар ҷараёни додгоҳи аввали халабонҳо фарзияҳои гуногуне дар мавриди муборизаҳои пасипардагию ангезаи сиёсӣдоштани он баён шуданд. Гӯё буду шуди қазия марбути ҳавопаймоҳост, ки Тоҷикистон, аниқтараш кадом амалдоре мехостааст, онҳоро муфт аз худ карда, дар ивазаш ваъдаи раҳоии халабонҳо дода шудааст.

Додситонии Хатлон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карда, танҳо ҳамин қадар гуфт, ки дар робита ба гуфтушунидҳои пасипардагӣ ё қасди зӯран аз худ кардани ҳавопаймоҳо касе ба ин ниҳод шикоят набурдааст. Ва мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон мутахассисе, ки тавонад ҳавопаймоҳои Ан-72-ро идора кунад, ё қисмҳои эҳтиётии ин ҳавопаймоҳо аслан мавҷуд нест, биноан, ин иддао, ки гӯё барои мусодираи ҳавопаймоҳо қазияи халабонҳо «эҷод» шудааст, бепоя мебошад.

СУДЯ Ё ДОДРАС БО "БОЛО" МАСЛИҲАТ КАРДААСТ

Додрас Темур Боев, раиси мурофиаи халабонҳо дар додгоҳи Қӯрғонтеппа, аз шахсиятҳои дигарест, ки қар зарфи чанд ҳафтаи охир зери фишорҳои равонии мақомоти тоҷику рус қарор дошт. Вай ба кулли муқаддасоти исломӣ, дине, ки аз он пайравӣ мекунад, савганд мехӯрад, ки пеши виҷдони худ соф аст ва 8,5 соли зиндон барои Садовничий ва Руденко "ҳаққу ҳалол" буд.

Аммо манобеи додгоҳи Қӯрғонтеппа
Додгоҳи вилояти Хатлон.
Додгоҳи вилояти Хатлон.
мегӯянд, ки Темур Боев қасдан замони эълони ҳукмро ба таъхир меандохт, то ба истилоҳ, дар «боло», дар бораи сарнавишти минбаъдаи халабонҳо тасмимгирӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки Темур Боев шахсан бо раиси Додгоҳи олӣ наҳваи таъини ҷазои халабонҳои русро машварат кардааст. Дар гузашта, дар баҳси вакил Солеҳҷон Ҷӯраев ва се додрас, ки нашрияи "Азия-Плюс"-ро ба додгоҳ кашида буданд, низ ишорае ба он мерафт, ки додраси мурофиа бо раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон "машварат" кардааст. Ҳамзамон, баъзеҳо ҳадс мезананд, ки он раис ҳам маҷбур бо "машварат" бо болотарҳост.

Ба ҳар ҳол барои аксарият ҷолиб буд бубинанд, ки то куҷо додгоҳи як музофоти Тоҷикистон ҷуръат мекунад, шаҳрванди як кишвари муқтадири шарики стратегии мамлакатро ба муҷозот бикашад.

Таҳлилгари маҳаллӣ, Ҷамолиддин Сайфиддинов, мегӯяд, додраси парванда аслан дар ҳалли сарнавишти халабонҳо, яъне баровардани ҳукми зиндони онҳо нақши бориз надошт. Вай ҳамчунин гуфт: «Дар ҳамон шабу рӯзе, ки Темур Боев мегуфт, ки додситонӣ нисбат ба ҳукм эътироз овардааст, аз ҷониби дигар Файзулло Холов, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар муҳокимаи додгоҳии халабонҳо буд, қаноатмандии худро ба ҳукм баён мекарду мегуфт, аз ҳеҷ эътирозе хабардор нест. Барои мо муаммоҳои бисёре буд, ки фаҳмида намешуд чӣ чизе дар паси пардаи ҳамин қазия ниҳон аст…»

Чанд суоли дигари номафҳум ҳанӯз дар миён аст, ки шакку шубҳаҳо ба бегуноҳ будани халабонҳоро ба бор оварда, аз сӯйи дигар аз дар зери тазйиқу фишор мондани мақомоти додгоҳию додситонии Хатлонро гувоҳӣ медиҳад.

СУОЛҲО ВА ГУМОНҲО

Бисёре аз нозирони маҳаллӣ ва хориҷӣ, ки қазияро дунбол мекарданд, мепурсанд, чаро халабонҳо аввал мегуфтанд, ки бинобар камбуди сӯзишворӣ ва барои ба садама дучор нашудан дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа поин шуданд? Аммо баъд иддао пеш оварданд, ки нақшаи пешакии парвоз дошта, гӯё ду рӯз қабл барои омадан ба Тоҷикистон мувофиқа кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳавопаймоҳо ба ҳеҷ сурат наметавонистанд, ки бидуни иҷоза аз Кобул боло шаванд, зеро ҳарими ҳавоии Афғонистон, бахусус хатти парвозе, ки халабонҳои рус бо Қӯрғонтеппа доштанд, таҳти назорати нерӯҳои НАТО ва Амрико буд.

Чаро, тавре додрас Боев мегуфт, халабонҳо дар оғоз иқрор карданд, ки бе иҷоза вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон шудаанд ва бе сабаб фуруди садамавӣ талаб карданд, аммо баъдан аз баёноти хеш даст кашиданд? Ва ҳам аз чӣ сабаб Сафорати Русия дар Тоҷикистон тайи моҳҳо ба
Ғулом Бобоев, вакили дифои халабонҳо
Ғулом Бобоев, вакили дифои халабонҳо
раванди тафтиш розӣ буду баъд аз шурӯи валвала дар Русия додситонӣ ва додгоҳро зери танқид гирифт?

Додситонии Хатлон аввал гуфт, ки аз ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа қаноатманд аст, аммо пас аз як ҳафта нисбати ҳамин ҳукм эътирози шадид баён кард?. Вақте аз адвокати халабонҳо Ғулом Бобоев посухи ин саволҳоро хостам, вай гуфт: «Он тарафашро худатон хулоса кунед. Аммо лутфан, аввал ҳамин диктофонатонро хомӯш кунед…»
XS
SM
MD
LG