Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия, номаи «Руссовет»-ро тавҳин ба ҳукумат ва мардуми тоҷик хонд.

Дар номаи саркушодаи ин созмон, ки гуфта мешавад аз ҳамкорони фаъоли Хадамоти Муҳоҷирати Русия будааст, гуфта шудааст, ин ки ними шаҳрвандони тоҷик дар Русия ҷойҳои кории русҳоро банд кардаанд ва ними дигари мардумаш ба фурӯши маводи мухаддир даст задаанд, ки ин ҳосили нотавонии ҳукумати Тоҷикистон аст.

Аммо Сулаймон Рашидов, муовини сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, дар рӯзҳое ки баҳси додгоҳии халабонон идома дорад, даҳҳо ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар дар назди сафорат ҷамъ мешаванд ва шиорпартоӣ мекунанд. Дар паси ин созмонҳо ҳукумати Русия намеистад. Ин созмонҳо фақат мехоҳанд мушкилро бештар доман зананд.

Исми созмони "Руссовет" ҳамчун мухолифи мухҷирати мардуми Осиёи Марказӣ ба Русия то ҳодисаи боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон чандон машхур набуд. Ахиран ин гурӯҳ бо пахши наворҳои видеоӣ аз ҷараёни "шикор"-и муҳоҷирони тоҷик маъруф шуд. Намояндаи Созмони Руссовет, ки истеъфои президенти Тоҷикистонро матраҳ мекард нагуфт, ки манфиъати ин гурӯҳ аз истеъфои Раҳмон чӣ хоҳад буд?

Намояндаи ин созмон, ки номаро ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ироа мекард, аз рӯи тасвири видеоӣ “лидери гуруҳ” ба назар намерасид, вале аз номи ин гуруҳ гуфт: «Мо дар номаи худ пешниҳод кардем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ихтиёрӣ ба истеъфо равад. Ва шароити демократӣ барои баргузории интихоботи мунсифона фароҳам орад. Ва нафаре, ки дар ҷои вай меояд, шояд раёсати начандон муваффақи ӯро ба эътибор гирад.»

Мусо Асозода

Мусо Асозода

Аммо намояндаи Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон Мусо Асозода ин ҳама ҳаяҷону часпу талошро ба интихоботҳои қарибулвуқӯи Русия марбут мекунад, ки дар яке президент Медведев дар руйхати аввали ҳизби хоким иштирок мекунад ва дар дигаре нахуствазир Путин бояд президент интихоб шавад.

Аксаран бар инанд, ки ҷомеаи Русия аз формулаи “Путин -Медведев” ва Медведев- Путин” хушҳол нестанд ва ин амалро роҳе барои худкомагӣ дар зинаҳои болои давлатдории Русия унвон мекунанд. Ахиран чанд саҳифаи интернетӣ суханронии Путинро дар яке аз бозиҳои варзишӣ намоиш доданд, ки дар он тамошобинон ба Путин имкон надоданд, ки суханронӣ кунад ва садои ӯро бо ҳуштаккашиву ҳаёҳӯй пахш карданд. Ин аст, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносони рус Маскав душмантарошӣ мекунад то таваҷҷуҳи ҷомеъаро аз таракуз ёфтани қудрат дар дасти "дугона"- Путин -Медведев ба самти дигар бикашад.

Вале ба назари бархе аз коршиносони тоҷик, нукоти номаи саркушодаи созмони ғайридавлатии «Руссовет» дар нисбати ҷомеи Тоҷикистон чандон беасос нест.

Саймиддин Дӯстов масъули созмони ғайридавлатии ИНДЕМ мегӯяд, ки Cаймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик

Cаймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик

воқеан ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои масъулиятҳои ҷонии худ нотавон аст: «Махсусан сиёсати се-чор соли ахир нишон дод, ки ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон воқеан ҳам ноӯҳдабарост ва дар ҳалли иҷрои масъалаи мардум ва дар иҷрои вазифаҳои аслии худ ӯҳдабаро нест ва ман фикр мекунам, ки бояд шакли ҳокимияти давлатӣ ва ҳам сиёсати кадрӣ тағйир дода шавад.»

Аксари таҳлилгароне, ки дар мавзуъ бо мо суҳбат доштанд мегӯянд, ки қазияи халабонҳо ҳарчанд ба як баҳси сиёсӣ кашонида шуда бошад, вале аз тарафи дигар рӯшан шуд, ки агар ҳукумати Тоҷикисон ба мушкили муҳоҷирони худ амалан расидагӣ накунад ҳамеша вуҷуди теъдоди аз ҳад беши мардикорони тоҷик дар Русия натанҳо нуқтаи заъфи ҳукумати ин кишвар, балки нуқтаи заъфи ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG