Пайвандҳои дастрасӣ

21-уми ноябр ҳамасола дар саросари ҷаҳон чун рӯзи байналмилалии телевизион таҷлил мегардад

Ин сана дар ҳоле таҷлил мешавад, ки Тоҷикистон танҳо чаҳор шабакаи телевизионии давлатӣ ва беш аз 20 шабакаи хусусӣ дорад.

Вале аз миёни ин ҳама шабакаҳои хусусӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо 14-тои онҳо фаъолият мекунанд. Бино ба назарсанҷии ахири Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, беш аз 90 дарсади аҳолии ин кишвар шабакаҳои телевизиони давлатиро тамошо мекунанд ва маҳз ҳамин шабакаҳоро манбаи аслии дарёфти иттилоот барои худ меҳисобанд.

ТЕЛЕВИЗИЗОН -ДАСТГОҲИ ҚАВИИ ИДЕОЛОГӢ

Ин назарсанҷӣ ҳокист, ки беш аз 70 дарсади тамошобини телевизион дар русто ба сар мебарад. Ин дар ҳолест, ки телевизион аз давраи пайдоиши худ дар Тоҷикистон, ки ба даҳаи 60-уми асри гузашта рост меояд, то ба ин сӯ ҳамчун як дасгоҳи қавии иделогӣ барои ҳукумат хизмат мекунад.

Солҳои шӯравӣ барномаҳои муҳими телевизион, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ мешуд. Ва ҳоло ҳам бахшҳои муҳими телевизионҳои давлатӣ зери назар ва барномаҳои ҳукуматӣ ба нақша гирифта мешаванд.

Шабакаи аввал, телевизиони фарҳангӣ-фароғатии «Сафина», шабакаи иттилотии «Ҷаҳоннамо», телевизиони наврасону кӯдакон бо номи «Баҳористон» ҳоло ба пахши рақамӣ гузашта сифати намоишҳои худро аз лиҳози фаннӣ тадриҷан беҳтар кардаанд. Вале оё намоишҳои ин телевизионҳо то куҷо дархӯри хостаҳои мардуми кишваранд. Ва оё ин телевизионҳо ба ҳама ниёзҳои мардум посухгӯ ҳастанд?

"ТЕЛЕВИЗИОНҲОИ ТОҶИКИСТОН МАРО ҚОНЕЪ НАМЕКУНАНД"

Алишер, як сокини ҷавони пойтахт дар посух ба ин суоли Озодӣ чунин гуфт: "Шахсан маро ягон телевизиони Тоҷикистон қонеъ намекунад. Агар барои фаҳмидани ягон хабари нав ин ё он телевизиони Тоҷикистонро тамошо карданӣ шавам, мебинам, ки боз ҳам хабарҳои як ду ҳафтаи пешро нишон медиҳанд, барои ҳамин он қадар тамошо намекунам."




Ва аммо мусоҳиби дигари мо, ки худро Гулчеҳра муаррифӣ кард, мегӯяд вай хонанишин аст ва телевизион беҳтарин воситаи истироҳату фароғат ва ҳам омӯзиш барояш маҳсуб меёбад: «Масалан ман ҳамроҳи кӯдаконам телевизиони «Баҳористон»-ро тамошо мекунем. Бисёр чизҳои хуб барои кӯдакон нишон медиҳад.»

Ин дар ҳолест, ки Лутфулло Давлатов, директори телевизиони «Сафина» бо ишора ба чанде барномаҳои муваффақи ин шабака гуфт, солҳои ахир мухлисону ҳаводорони ин телевизион ба маротиб афзудааст. Ва ин амр масъулияти кормандонро бештар мекунад, то дар чунин як даврони босуръат пешрафт кардани фановариҳои муосир ва афзоиши расонаҳои иттилоотӣ, бозори худро аз даст надиҳанд.

Ҷаноби Давлатов афзуд: «Як чизро ногуфта наметавонам, ки барои боло бурдани сифати кор ва сатҳи касбият албатта мутахассисони босаводу ботаҷриба хеле зарур аст. Афсус, ки донишгоҳҳои мо журналистони босаводу барои мо даркориро тарбият намекунанд.»

РАҲОӢ АЗ ШАБАКАҲОИ УЗБАКӢ

Ва аммо дар ҳамин ҳол Акрам Урунов, сарвари телевизиони мустақили СМ-1 -и шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бо баробари арзи вуҷуд кардани чанде телевизионҳои хусусӣ, муваффақ бар он шудем, ки мардуми вилоят дигар барномаҳои телевизиони Узбакистонро тамошо намекунанд: «Чуноне ёд доред, солҳои пештар мардуми вилояти мо бештар телевизион Узбакистонро тамошо мекарданд, ки ин моро бисёр ранҷ медод. Чунки ба забони модарӣ ва расму одоти мардум ин бетаъсир намонда буд. Ҳоло мардум тамоман барномаҳои Узбакистонро тамошо намекунанд..»

ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК ЧӢ ҲОЛ ДОРАД?


Ва аммо коршиносон бар ин назаранд, ки бо гузашти беш аз ним аср аз таъсис ёфтани телевизион дар Тоҷикистон, дар фаъолияти онҳо тарзу шакл ва услуби наву тозаро кам мешавад дид. Ба гуфтаи онҳо, телевизионҳои Тоҷикистон бештар ба тарғиби фаъолияти сарварони давлат ва ҳукумат машғул ҳастанд ва дар рушд бахшидани завқу салиқа ва донишу ҷаҳонбинии мардум чандон талоше надоранд.

Беҳзод Исмоилов, коршиноси мустақил мегӯяд: «Барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон бештар ба саргарм кардани мардум машғуланд. Ин як воситаест, ки таваҷҷуҳи одамонро ҷониби дигар баранд ва нагузоранд, ки мардум дар бораи сиёсат ва дигар мушкилоти ҷомеа фикр кунанд ва назар дошта бошанд.»

Барои нахустин бор соли 1928 телевизион дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кор шурӯъ кардааст. Дар Тоҷикистон соли 1959 мардум нахустин намоиши телевизиониро тамошо карданд. Намоишҳои аввалини телевизион дар Тоҷикистон ба тарзи мустақим сурат мегирифтанд. Ва охирҳои солҳои 60-ум телевизион намоишҳои худро ба навор мегирифтагӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир 4 шабакаи давлатӣ ва 14 телвизиони мустақил дар Тоҷикистон ба тарзи нави пахш, яъне рақамӣ гузаштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG