Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Душанбе ва "сирояти дурӯғ"-и Онишенко


Геннадий Онишенко аз изҳороти ҳамтои тоҷикаш танқид карда, онро аломати "адами ҳусни ҳамкорӣ" хонд.

Геннадий Онишенко дар сӯҳбат бо "Русская служба новостей" гуфтааст, дар мулоқоте, ки бо Самариддин Алиев дар Минск дошт, ба ҷуз аз арзи эҳтиром ҳарфе аз ӯ нашунид, вале ӯ баъд аз он ки ба Душанбе баргашт, ба ташреҳи арқоми овардаи Онишенко пардохт.

Онишенко таҳдид кардааст, ки роҳи ба Самариддин Алиев фаҳмондани масъаларо хоҳад ёфт, ҳатто агар ин роҳ як роҳи, ба таъбири раиси "Роспотребнадзор", дардовар бошад.

Геннадий Онишенко
Геннадий Онишенко
Вай гуфт, воқеият ин аст, ки ҳар панҷумин муҳоҷири аз Русия ба иллати маризӣ ихроҷшуда аз Тоҷикистон аст. Бино ба иддаои ӯ, танҳо дар соли ҷорӣ 188 муҳоҷири тоҷикро ба иллати маризӣ аз Русия берун кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки сардухтури беҳдоштии Тоҷикистон Самариддин Алиев ахиран дар як изҳорот ҷамъи мавридҳои кашфшудаи гирифтории муҳоҷирони тоҷик ба бемории сил дар Русияро дар 2 соли охир ҳамагӣ 11 маврид баршумурд ва ҳам гуфт, мизони гирифторӣ ба ВИЧ-у СПИД дар Тоҷикистон ҳамагӣ 47 нафар ба 100 ҳазор аст, ки пойинтарин мизон дар кишварҳои Шӯравии собиқ шумурда мешавад.

Ба ҳисоби Хадамоти беҳдоштии Тоҷикистон, санҷишҳои ин идора вуҷуди ВИЧ-ро дар бадани ҳамагӣ 0,4 дарсади муҳоҷирони роҳии Русия ташхис кардааст. Идораи Самариддин Алиев ба навбаи худ ҷониби Русияро мазаммат кардааст, ки муҳоҷиронро бо хадамоти тиббӣ фаро намегирад ва ин боиси бад шудани вазъи сиҳати шумори зиёди онҳо дар давраи мардикорӣ мешавад.

Як мояи дигари алами Душанбе аз Русия ин аст, ки алорағми қоидаҳои қабулшудаи байнулмилалӣ, дар бораи мавридҳои ташхиси маризиҳои сироятӣ дар бадани муҳоҷирони тоҷик, мақомоти тандурустии Тоҷикистонро дар ҷараён намегузоранд.

"РУСИЯ МУЛЗАМ НЕСТ КАСЕРО ДАР ҶАРАЁН БИГУЗОРАД"

Аммо Геннадий Онишенко, сардухтури беҳдоштии Русия, дар мусоҳибааш бо "Русская служба новостей" маризии муҳоҷирони тоҷикро бори дигар "дарди сар"-и худи Тоҷикистон номид ва гуфт, мақомоти Русия "мулзам нестанд, ки касеро дар ҷараён гузоранд, балки чунин афродро бояд берун кунанд."

Бар асоси гуфтаҳои Онишенко, ки расонаҳои дигари русӣ иқтибос кардаанд, қонунҳои Русия ба мақомоти ин кишвар ҳаққ медиҳад, атбои хориҷии гирифтори бемориҳое, чун сил, вируси ВИЧ ё сифилисро бидуни тардид ихроҷ кунанд.

Ӯ аз ҷумла ба телевизиони "Мир" гуфт: "Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ аз беҳтарин кишварҳо буд. Вазъи беҳтарини беҳдоштӣ дар Гурҷистон буд ва сониян дар Тоҷикистон. Феълан дар он ҷо низоми ҳифзи сиҳат, мутаассифона, дигар нест. Инро бурузи фалаҷи кӯдак дар соли 2010 хуб нишон дод, ки онҳо ҳатто аз фалаҷи кӯдак эм намекарданд. Чӣ расад ба дигар маризиҳо? Мо то кай тоқат кунем, вақте ҳар панҷумин маризи ихроҷшуда тоҷик аст? Мегӯянд, ки пас чаро ӯ даст рӯи даст менишасту ихроҷ намекард? Ихроҷ мекард! Ман инҷо худамро дар назар дорам."

БАЁНИЯҲОИ ФАРМОИШӢ?


Геннадий Онишенко ҳафтае пеш изҳор дошт, ки ба далели мизони баланди маризиҳо дар байни муҳоҷирони тоҷик, шояд вуруди онҳо ба Русияро дар оянда комилан манъ кунанд. Дастикам то беҳтар шудани вазъи низоми ҳифзи сиҳат дар Тоҷикистон. Раиси "Роспотребнадзор"мегӯяд, ин пешниҳоди ӯ ба таниши Душанбеву Маскав бар сари халабонҳои ширкати "Ролкан" Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки рӯзи 8 ноябр аз сӯи додгоҳи Қӯрғонтеппа 8,5-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд, рабте надорад.

Аммо дар маҳофил бо таъкид ба собиқаи чунин "ибтикор"-ҳои Онишенко, ки дуруст дар айни танишҳои Кремл бо Кишинёв ё Тифлис воридоти машрубот аз Молдова ё оби маъдани "Боржомӣ" аз Гурҷистонро манъ карда буд, мӯътақиданд, ки ӯ ин бор ҳам фармоиши хоҷагонаш аз раҳбарияти Русияро иҷро мекунад.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия бо ишора ба фарқи бузурги омори ду ҷониби баҳс дар қиболи мизони маризии муҳоҷирони тоҷик ба телевизиони "Мир" гуфт, ин таноқуз аломати сироят ёфтани худи Онишенкост. Ба беморие, ки оқои Давлатов, "сирояти дурӯғ" унвонаш мекунад.
XS
SM
MD
LG