Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия зарур аст


Максим Шевченко
Максим Шевченко

Бо вуҷуди ин, ки аз муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии пешин ба Русия тақрибан 20 сол мегузарад, вале то ҳол аз ҳисоби худи муҳоҷирон созмонҳои иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқ ташкил нашудааст.

Дар Русия тоҷикон, узбакҳову қирғизҳо, молдованҳову украиниҳо, арманиҳову озариҳо ва гурҷиҳо зиёданд ва онҳо метавонанд бо ҷалби ҳуқуқдонҳои хуби худ созмонҳои муштараки ҳифзи ҳуқуқ ташкил диҳанд. Ин созмонҳо метавонанд дар марҳилаҳое, аз қабили гирудори муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҳуқуқи шаҳрвандии муҳоҷирон ба дифоъ бархезанд.

онҳо метавонанд бо ҷалби ҳуқуқдонҳои хуби худ созмонҳои муштараки ҳифзи ҳуқуқ ташкил диҳанд....

Онҳо ҳатто метавонанд баъзе аз соҳибкоронеро, ки муҳоҷирони кориро ғайриқонунӣ ба кор мегиранд ё пули онҳоро тибқи қонун пардохт намекунанд, ба мақомҳои интизомии Русия муаррефӣ кунанд. Максим Шевченко-рӯзноманигори шинохта ва таҳлилгари умури муҳоҷират дар Русия дар ин бора чунин мегӯяд:

“Созмонҳои иҷтимоӣ барои ҳимоят аз манофеи шаҳрвандони коргари кишварҳои хориҷӣ дар Русия, ба вижа тоҷикону қирғизҳо, узбакҳо, озариҳо ва арманиҳо бояд бо якдигар ҳамкорӣ кунанд. Ман пурсидам ва фаҳмидам, ки ҳоло ягон созмон ё маркази ҳифзи ҳуқуқ, ки битавонад ба тоҷикон ёрӣ расонад, вуҷуд надорад. Ман муайян кардам, ки ҷамъиятҳои тоҷикон бо ҷамъиятҳои узбакҳо ё қирғизҳо иртибот надорад, бо вуҷуди он ки сарнавишти онҳо дар Русия шабеҳи якдигар аст. Ман чунин корро комилан нодуруст мешуморам. Ман фикр мекунам, ки бояд созмонҳои муштараки ҳадди ақал иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ташкил шавад ва ман худам барои ташкили чунин созмонҳо ба онҳо ҳар гуна кӯмакро дареғ намедорам. Ман саъй мекунам, сохтореро ба вуҷуд орем, ки ба таври воқеӣ, такрор мекунам, ба таври воқеӣ ҳуқуқи инсонҳоро ҳимоят кунем ва барои манофеи онҳо мубориза барем. Ҳоло чунин сохторҳо вуҷуд надоранд”.

ТАБЛИҒОТИ ЗИДДИ МУҲОҶИРОН ДАР МАТБУОТИ РУСИЯ

Садои ҳамватан
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Дар марҳалаҳои мухталиф матбуоти Русия таблиғоти густардаи зидди муҳоҷирони кории Тоҷикистонро ба роҳ меандозанд. Онҳоро на танҳо бо ибораҳои “муҳоҷирони ғайриқонунӣ” таҳқир мекунанд, балки аз онҳо қочоқчии аслии маводи мухаддир дар қаламрави Русия,

Муҳоҷирони депортшудаи тоҷик
Муҳоҷирони депортшудаи тоҷик
паҳнкунандагони бемориҳои мухталифи хатарнок, аз қабили СПИД, сил, полиомелит ва амсоли он ном мебаранд ва маъракаҳои таҳқири миллӣ ба роҳ меандозанд.

Давлату ҳукумати Тоҷикистон маъмулан ба чунин маъракаҳои таҳқир ба таври расмӣ посух намедиҳад, зеро Русияи расмӣ дар ҷавоб метавонад озодии матбуот ва мустақилияти нашрияҳоро сабаб нишон диҳад, бо вуҷуди ин, ки ба гуфтаи маъруф “То шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад”. Вале дар чунин ҳолатҳо созмонҳои иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон метавонанд дар баробари чунин “шамол”-ҳо на аз мавқеи расмӣ, балки аз мавқеи шаҳрвандӣ “сипар”-и муҳоҷирон шаванд. Бо назардошти рӯйдодҳои ахири Маскав дар робита бо маъракаи зиддимуҳоҷирони тоҷик Максим Шевченко чунин изҳори ақида кард:

“Дар ҳеҷ ҷо садои тоҷикон шунида намешавад. Дар ҳам ҷо доду вой ба гӯш мерасад. Таблиғоти ангезандаи зиддитоҷикӣ ва асабоният идома дорад. Лаҳне, ки дар бораи тоҷикон дар ин ҷо сӯҳбат мекунанд, қобили қабул нест. Дар бораи ин, ки ҳамаи тоҷикон қочоқчии маводи мухаддир мебошанд, дар бораи он ки дар байни тоҷикон бештар аз ҳар миллати дигар ҷурму ҷиноёт афзоиш ёфтааст, онҳо бемории силу СПИД доранд, маълумоти афсонавӣ пахш мекунанд. Комилан маълум нест, ки ин маълумот асосе дорад ё хайр. Ман тақрибан аз 10-15 нафар тоҷикони ошноям пурсидам, ки онҳо дар байни тоҷикон ҳадди ақал ягон бемори СПИД-ро медонанд, хоҳиш кардам, ки бо Қуръон савганд ёд кунанд. Онҳо бо Қуръон қасам хӯрданд, ки чунин касро надидаанд ва намедонанд. Албатта, ин маъракаи сохтаи дилбеҳузуркунанда аст ва ҳар шахси муаддабу бофарҳангро дар чунин вазъ маҷбур месозад, ки мавзеъгирии зиддифашистиро ишғол кунад”.

Шояд чунин пешомад муҳоҷиронро ба андеша водорад ва онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба ташкили марказҳо ё созмонҳои иҷтимоии ҳуқуқи муҳоҷирон иқдом кунанд. Ҳудуди 7-10 соли пеш муҳоҷирони кории тоҷик ба ташкили ҷамъиятҳои худ ниёз пайдо карда буданд, то якдигарро беҳтар бишносанд ва дар лаҳзаҳои душвор дар канори якдигар бошанд.

Имрӯз таҷриба нишон медиҳад, ки ин ҷамъиятҳо метавонанд масъалаҳои ҳуқиқиро дар минтақаи худ бо мақомоти зидахл матраҳ кунанд, вале дар танҳоӣ сухани онҳо асар надорад ва наметавонанд дар маҷмӯъ ҳамаи масоили марбут ба ҳифзи ҳуқуқи худро тибқи муқаррароти дохилӣ ва байналмиллалӣ дар баробари мошини қаввии саркӯбгари кишвари мизбон ҳал кунанд. Ба ин далел шояд марҳилаи иҷрои пешниҳоди рӯзноманигор Максим Шевченко дар бораи ташкили марказҳои муштараки ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия фаро расидааст.
XS
SM
MD
LG