Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишҷуёни тоҷик рӯзи байнулмилалии донишҷӯёнро дар ҳоле пешвоз гирифтанд, ки макотиби таҳсилоти олии Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ахир ба “ришватхортарин” ниҳодҳои Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Татяна Розиқова, сарвари шӯъбаи иттилоот ва таҳлии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тибқи таҳлилҳои соли 2010 агар макотиби олии кишвар аз ҷиҳати ришвахорӣ дар ҷои дуюм, пас аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ меистоданд, имсол ба ҷои аввал баромадаанд.

Хонум Розиқова мегӯяд: “Ба назари респондентҳои мо сабаби аслии афзоиш ёфтани ришватхорӣ дар макотиби олӣ дар Тоҷикистон ин кам будани маоши устодон будааст.”

Татяна Розиқова афзуд, ҳамчунин зимни таҳқиқоти онҳо муайян шудааст, ки ташаббуси ришва гирифтану ришва додан дар макотиби олӣ аз ду ҷониб, яъне ҳам аз сӯи донишҷӯён ва ҳам аз сӯи устодон сурат мегирад. “Бинобар ин, дар ин гуна маврид танҳо устодони донишгоҳро айбдор кардан дуруст нест”,-мегӯяд хонум Розиқова.

Аммо ришвахорӣ мушкили танҳо донишҷӯёни Тоҷикистон нест. Ҳар сол теъдоди зиёди донишҷӯён соҳиби маълумоти олӣ мешаванд, вале аксари онҳо аз рӯи ихтисосашон фаъолият намекунанд. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон Сиддиқ Муборак, танҳо соли гузашта 25 ҳазор нафар макотиби олии Тоҷикистонро хатм кардаанд. “Аз ин 25 ҳазор нафар се ҳазор нафарашон Донишгоҳи омӯзгориро хатм карданд. Тибқи маълумоти охир, аз ин се ҳазор нафар танҳо 2 ҳазору 700 нафар ба ҷои кор ҳозир шудаанд”,-илова кард ӯ.

Вале ҷаноби Муборак гуфт, дар бораи ба ҷои кор ҳозир шудани боқимонда донишҷӯёне, ки макотиби олиро хатм кардаанд, иттилоъ надорад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Азим Байзоев, коршиноси бахши маориф, дар бештари давлатҳо ҳукумат муваззаф нест, донишҷӯёнеро, аз тариқи шартномавӣ таҳсил кардаанд, ба кор таъмин намояд. “Аз таҷрибаи худам гуфта метавонам, дар Тоҷикистон ҷавононе, ки дар шӯъбаҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд, бинобар паст будани музди кор ба ҷое, ки донишгоҳ ба кор мефиристад, намераванд”,-гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон ҳоло 154 ҳазору 800 нафар донишҷӯ дар 30 макотиби олии кишвар таҳсил мекунанд. Аз ин теъдод, 100 ҳазор дар шӯъбаи рӯзона ва боқимонда дар шӯъбаҳои ғоибона таҳсил мекунанд. Ҳоло мушкили аслии ҷавонони тоҷик бовар надоштани онҳо ба ояндаи рӯшани худ аст.

Исфандиёр Маҷидов, донишомӯзи соли панҷуми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон мегӯяд, “барои як кори муносиб ёфтан ба қавле “криша” лозим аст. Маош барои зиндагӣ кифоят намекунад. Дар ҳоле ки мехоҳам бо меҳнати ҳалол пул ёбаму карйераамро созам.”

Ба назари ӯ, коррупсия ва непатизм ё хешутаборбозӣ, ки дар Тоҷикистон ривоҷ ёфтааст ва аксари ҷавонҳои босавод баъди талошҳои номуваффақи кор ёфтан дар ватан, боз ҳам роҳи муҳоҷирати кориро пеш мегиранд ва ба сафи «артиш”-и беш аз миллионнафарии муҳоҷирон ҳамроҳ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG