Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарнавишти муҳоҷирон ва қазияи халабонҳои маҳкумшудаи як ширкати русӣ аз мавзӯъҳои аслии тақрибан ҳамаи ҳафтаномаҳои Тоҷикистон аст.

“АЗИЯ-ПЛЮС”

Ин нашрияи русизабони Душанбе менависад, “ҳафтаи дуввум аст, ки Тоҷикистон бар асари маъракаи зиддитоҷикӣ дар Маскав ва Петербург ё “посухи мутақорин”-и Русия меларзад. Расонаҳои русӣ моро аз ихроҷи муҳоҷирон тарс медиҳанд, аммо Тоҷикистон чунин вонамуд мекунад, ки ҳеҷ иттифоқе науфтодааст.”

“МИЛЛАТ”

Зери унвони “дасти зӯри Русияву каштали муҳоҷири тоҷик” менависад, “дар ду соли охир дар Қирғизистону Узбакистон чанд тан аз афсарон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба суди Русия боздошт ва зиндонӣ шуданд. Вале аз сӯи Маскав на ҳаёҷуи сиёсӣ ба роҳ андохта шуд ва на муҳоҷирони узбаку қирғиз мавриди таъбиз ва ихроҷ қарор гирифтанд. Ба он хотир ки Маскав ҳаққи истиқлоли онҳоро бештар қабул дорад. Ва ё шояд ба он хотир, ки онҳо имкони посух гуфтан ба чунин иқдоми Русияро бештар доранд.”

“БИЗНЕС И ПОЛИТИКА”

Навиштааст, ки “қазияи халабонҳо ба як ҷанҷоли байнулмилалӣ табдил шудааст.”

“НИГОҲ”

Дар робита ба ин қазия қавли раиси додгоҳи Қӯрғонтеппа навиштааст, ки “Хадамоти махсуси Тоҷикистон дар бораи омадани тайёраҳо аз қабл иттилоъ доштанд. Ва акнун низои дипломатӣ сурат гирифту димоғҳо сӯхт. Акнун ИМА барои пурра ба даст овардани боварии Душанбе талош мекунад ва аз нақшаҳои гуногун кор мегирад. Ин аст стратегияи “Роҳи абрешими нав”. Ин нашрия ҳамчунин аз қавли Давлат Усмон, вазири собиқи ҳукумати кишвар навиштааст, ки Тоҷикистон набояд ба Русия посухи мушобеҳ ва ё мутавозин ба ихроҷи муҳоҷирон бидиҳад. Зеро аз он кишвар сахт вобаста мебошад.

Сардабири “СССР” дар ноаме ба унвони Дмитрий Медведев навиштааст, ки “Чигуна шуда, ки ҳуқуқдони маъруф ва шогирди Анатолий Собчак, муаллифи китоби таълимии “Ҳуқуқи шаҳрвандӣ” ва раисиҷумҳур тавозуни адлу инсофро канор гузошта, дунболи эҳсосот рафтаву бо “шарики стратегӣ” ба ҷанг пардохтааст. Фарқ байни ҳуқуқшинос Жириновский ва ҳуқуқшинос Медведев дар куҷост?”

“НАҶОТ”

Нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қалви Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб менависад, ки “мансабдорони мо манфиатдор ҳастанд, ки мардуми тоҷик ҳарчӣ бештар ба Русия ҳиҷрат кунанд. Чунки бештар ҷавонон ба муҳоҷират мераванд, онҳое, ки ангеза доранд. Ҳарчӣ қадар ҷавонон ба муҳоҷират бираванд, идораи ҷомеа осонтар мешавад, дигар кампиру мӯйсафеду мактаббачаҳоро идора кардан кори душвор нест.” Оқои Кабирӣ гуфтааст, Тоҷикистон наметавонад мисли Гурҷистон ба Русия руёрӯӣ кунад ва посух бигӯяд. Зеро Гурҷистон он замон дар симои НАТО ва Ғарб путибони қавӣ дошт. Тоҷикистон чунин пуштибонон надорад.”

Ин дар ҳолест, ки нашрияҳои ҳукуматӣ аз вуҷуди қазияи халабонҳо ва мушкилоти муҳоҷирон аслан хабаре нашр накардаанд.

“ҶУМҲУРИЯТ”

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, ки раисиҷумҳури кишвар тавассути телефон гузориши раисони Ҳисору Рӯдакиро дар мавриди омодагӣ ба зимистон шунидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG