Пайвандҳои дастрасӣ

Афроде, ки ду ва ё се ҳамсар доранд мехоҳанд аз ин вазъияти онҳо ба ҷуз атрофиёнашон каси дигаре огоҳ набошад.

Зеро бисёрҳамсарӣ дар Тоҷикистон мамнӯъст ва ин афрод ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Вале бо вуҷуди пинҳонкориҳо бисёрзании бархе аз афрод ошкор шуда, парвандаи онҳоро додгоҳҳои Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.

Рухшона Ҳакимова, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гуфт, дар тайи чанд соли ахир дар фаъолияти кории худ бо ҳолатҳои даъвои занҳои дуввум дар мавриди мерос гирифтан аз шавҳарони дар қайди ҳаётбуда ва ё марҳум, шоҳид шудааст.



Умаралӣ Саидов, як сокини Душанбе низ мегӯяд, вақте дар Русия буд, маблағ фиристода манзили истиқоматиеро харидааст ва дар ин хона бародараш бо ҳамсари дувуми худ зиндагӣ мекард. Ӯ афзуд, аммо вақте бародараш фавтид, ҳамсари дувуми ӯ хонаашро ҳамчун мероси шавҳар аз худ намудааст. "Тамоми санадҳои хонаро дорам, ки аз кӣ ва кай харидаам, аммо ин зан санади ақди никоҳ сохта, мероси шавҳарам ва зани қонуниаш гуфта, хонаи маро гирифтааст. Ҳоло он ки бародари ман бо зани аввалаш ақди никоҳ, фарзанд дорад ва хатти талоқ ҳам надоранд",-мегӯяд Умаралӣ.

ТАЛОШ БАРОИ МЕРОС

Ҳамсари дуввуми бародари Умаралӣ Саидов ин гуфтаҳоро рад карда, афзуд, ҳарчанд оилаи дуввум ҳам буд, аммо санади ақди никоҳ дошт ва ин манзил меросе аз ҳамсари ӯст.

Наботой, ки ҳоло 51 сол дорад ва 4 сол қабл шавҳараш фавтидааст, бо 4 нафар фарзанд танҳо зиндгаӣ мекунад. Хонуми Наботой мегӯяд, дар синни 25-солагӣ ба шавҳари марҳумаш хонадор шуда буд, вале он вақт шавҳараш ба ӯ гуфтааст, ки аз ҳамсари аввалаш ҷудо шудааст. Ба гуфтаи вай, давоми 26 сол дар як манзил зиндагӣ кардаанд ва пас аз марги шавҳар қазияи хона бо бародари шавҳараш ба миён омадааст: "Ман аз ӯ кӯдак дорам, ақди никоҳ дорам, ҳаққи гирифтани мерос дорам, ин ҳаққи қонунии ман аст."

Онҳое, ки дар Тоҷикистон сарнавишти Наботойро доранд, кам нестанд. Аммо аксаран чунин хонаводаҳо худро аз чашми қонун пӯшида нигоҳ медоранд. Маъмулан, ҳамсарони дуввум, севвум ва чаҳоруми мансабдорони давлатӣ, хонадории худро пинҳон медоранд. Аммо, тоҷирон, рӯҳониён ва умуман онҳое, ки вазифаи давлатӣ надоранд, ҳамсарони дуввум ва севвуми худро пинҳон намедоранд ва танҳо бо никоҳи суннатӣ хонадор мешаванд.

ИЗДИВОҶ ТАНҲО БО НИКОҲИ МУСУЛМОНӢ

Мансабдорони давлатӣ ҳам бо ҳамсарони аввал ақди никоҳи қонунӣ мекунанд, аммо бо бақия танҳо бо никоҳи мусулмонӣ иктифо меварзанд. Аз ноогоҳии занон ва муштипарии онҳо дар зиндагӣ, ҳатто ба истилоҳ аробакашон ҳам зани дуввум доранд ва ин аст, ки теъдоди кӯдакони бепадар танҳо то соли 2010 панҷоҳу панҷ ҳазор будаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2011 зимни як ҷаласа аз ин вазъ нигаронӣ карда буд ва таъкид дошт, ки кӯдакони бепадар бояд, ки ба парваришгоҳҳо ҷалб карда шаванд.

Саодат Каримшоева, вакили мудофеъ мегӯяд, падидаи бисёрзанӣ ҳангоми иваз шудани шиносномаҳо ба истилоҳ "мӯд" шуд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, вақте солҳои навадум шиносномаҳо чанд бор иваз шуданд, мардон бо истифода аз ин фурсат ақди никоҳи худро дар шиносномаҳояшон қайд накарданд. Ин ҳолат ба бисёрзанӣ мусоидат кард. Сабт нашудани ақди никоҳ дар шиноснома, "далел"-и бе ҳамсар будани мардонро нишон медод ва онҳо бо ҳамсарони дуввум ақди никоҳ мекарданд, аммо бо ҳамсарони аввал дар сабти асноди ҳолати шаҳвандӣ ақди никоҳ доранд.

МАРДОН КАМАНДУ ЗАНОН ЗИЁД...

Тарафи дигар, паёмади ҷангӣ шаҳрванди ва нобуд шудани садҳо мард ва зиёд шудани занон, тамоюли бисёрзаниро эҷод кард. Занон, дар қадами аввал танҳо бо ҳадафи шавҳар кардану нони даҳон ёфтан ва фарзанддор шудан меандешанд, аммо вақте ба шикасту рехти ҳаёт ва бо кӯдакон дар нимароҳ танҳо мемонанд, иштибоҳҳои худро мефаҳманд.

Хонум Каримшоева, пинҳон намедорад, ки ҳамсари дуввум аст, аммо бо шавҳараш ақди никоҳ надорад: "Ман медонистам, ки бо ҳамсари аввалаш ақди никоҳ дорад, хайр чӣ кор кунем, мардон кам ҳастанд ва занон зиёд. Дар ҷомеа, агар шавҳар надошта бошӣ, бо назари дигар ба ту муносибат мекунанд. Мақоли онро мемонад, ки қурбоқа обрӯ дорад шавҳар дорад."

Аммо, қаҳрамони гузориши мо Наботой мегӯяд, ҳарчанд зани дуввум ҳам буд ва қонунгузорӣ инро манъ кардааст, ҳоло соҳиби 4 кӯдак аст ва ҳаққи гирифтани мерос аз шавҳарашро дорад. Ҳоло рӯшан нест, ки сарнавишт болои 4 кӯдаки ҳамсари дуввум кадом хат: қирмиз ё сабзро мекашад, аммо додгоҳ аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли зисти занҳои аввал ва дуввум санади ақди никоҳро дастрас кардааст ва рӯзҳои наздик бояд, ки ҳукми худро содир бикунад.

ҚОНУНҲОИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен мегӯяд, дар фаъолияти кории худ бори аввал аст, ки мешунавад марде бо ду ҳамсар ақди никоҳ дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар Кодеси оилаи Тоҷикистон омадааст, "марде, ки бо ҳамсари аввал ақди никоҳ дорад, ҳуқуқи бо ҳамсари дигар ақди никоҳ карданро надорад ва дар чунин ҳолат бояд, ки мард ба ҷавобгарӣ кашида шавад".

Қонунгузории Тоҷикистон барои мардоне, ки аз як ҳамсар зиёд мегиранд ду сол ҳабс ва ҷаримаро пешбинӣ кардааст. Чанд соли пеш ҷомеаи шаҳрвандӣ ба порлумони кишвар тарҳи қонун дар бораи бисёрзаниро пешниҳод карданд ва хостори лағв кардани бисёрзанагӣ ҳамчун ҷиноят шудаанд. Аммо порлумон ин тарҳро қабул накард. Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрандӣ, ҳадаф аз ироаи тарҳи худро дар зиёд будани шумораи занон дар нисбати мардон ва ҳуқуқҳои ҳамсарони дуввум ва фарзандони онҳо унвон карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG