Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Washington Post": Ихроҷи муҳоҷирон метавонад суботро ба ҳам занад


Рӯзномаи "Washington Post" менависад, ки Русия ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро шурӯъ кардааст.

Рӯзномаи шинохтаи амрикоӣ менависад, ки ин иқдоми Русия метавонад рӯзгори ҳазорҳо мардикори тоҷикро бесару сомон намуда, назму суботи ин ҳамсоякишвари Афғонистонро барҳам занад, зеро иқтисоди Тоҷикистон ва ҳаёти ҳазорҳо хонавода дар ин кишар ба он пуле вобаста аст, ки мардикорон аз Русия мефиристанд.

Washington Post хотирнишон кардааст, ки дар давоми соли гузашта Маскав борҳо ба Тоҷикистон ишора кард, ки ҳозир аст, марзбононашро ба ин ҷумҳурӣ баргардонида назорати беш аз 1350 километр марзи миёни Тоҷикистону Афғонистонро аз сар гирад.

Муаллифони матлаб ҳамчунон навиштаанд, ки Тоҷикистон дар навбати худ посух додааст, ки марзбонони ин кишвар ба назорату ҳифзи сарҳад бо Афғонистон қодир ҳастанд ва аслан мансабдорони Тоҷикистон ин пешниҳоди Русияро ҳамчун кӯшиши заиф намудани соҳибистиқлолии ин кишвар арзёбӣ мекунанд. Русия бошад исрор меварзад, ки нерӯҳои Тоҷикистон қудрати аз байн бурдани қочоқи ҳероин аз Афғонистон ба қаламрави ҷамоҳири собиқ Шӯравиро надоранд.

Washington Post менависад, ки ба эҳтимоли зиёд ин баҳси Тоҷикистону Русия ба кӯшишҳои тавсеаи ҳамкориҳои амниятии кишварҳои минтақа зарба мезанад.

Рӯзи сешанбе Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод, ки аз миёни тахминан 300 муҳоҷире, ки рӯзҳои ахир боздошт шудаанд, 11 нафар бо ҷурми вайрон намудани қонунҳои муҳоҷирати Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Владимир Лобанов, сарпарасти боздоштгоҳи шаҳри Маскав тасдиқ кард, ки гурӯҳе аз муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик ба ватанашон фиристода шуданду дигарон дар ҳоли омодабош ба истирдод мебошанд.

Дар идомаи матлаб, Washington Post хотирнишон кардааст, ки додгоҳи Тоҷикистон ибтидои моҳи ноябр ду халабони ҳавопаймоҳои боркаши АН-72 шаҳрванди Русия Владимир Садоничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро бо ҷурми убури ғайриқонуни марз, поймол намудани қонунҳои парвозҳои байналмилалӣ ва қочоқи муҳаррики ҳавопаймо ба муддати ҳашту ним сол аз озодӣ маҳрум ва ҳавопаймоҳоро ба ҳайси василаи ҷиноят мусодира кард.

Ин қазия боиси сару садои зиёди миллатгароҳои Русия гардид, вале Аркадий Дубнов дар нашрияи "Московские Новости" истирдоди тоҷиконро амали ғайри маъқул номида, иброз доштааст, ки дар арафаи интихоботи парламентии моҳи оянда мақомот эҳсоси бадбинии хориҷиёнро доман мезананд.

Президенти Русия Дмитрий Медведев иртиботи ихроҷи муҳоҷирон бо ҳукми халабонҳоро рад кард, вале афзуд, ки идомаи истирдоди муҳоҷирон имконпазир аст. Рӯзи душанбе сартабиби санитарии Русия Геннадий Онишенко пешниҳод кард, ки Русия қабули муҳоҷирон аз Тоҷикистонро мутаваққиф намояд, зеро онҳо сарчашмаи бемории Спид ва сил мебошанд.

Каромат Шарифов
Каромат Шарифов
Washington Post аз нақли Каромат Шарипов, пешвои яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷики Русия овардааст, ки агар бӯҳрон ҳал нашавад, дар моҳҳои оянда то як миллион муҳоҷири тоҷику узбак аз Русия ихроҷ мешаванд. Ӯ ҳушдор додааст, ки шуморе аз ин муҳоҷирони истирдодшуда метавонанд ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ҳамроҳ шаванд.

Дар поёни мақола Washington Post навиштааст, ки Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад ва дар он то ҳафтуним ҳазор афсару сарбоз ифои вазифа мекунанд.

Чанде қабл президенти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки ибтидои соли 2012-ум Душанбеву Маскав созише ба имзо расонида, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба муддати 49 соли дигар тамдид мекунанд, вале бӯҳрони ахир имкон дорад, ин нақшаро аз байн барад ва Русия боҷи содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистонро боло бурда, интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистонро манъ кунад.
XS
SM
MD
LG