Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти афғон иддаои Толибонро ки гуфтаанд, нақшаи амниятии Лоя Ҷиргаро дар даст доранд, рад карданд.

Лоя Ҷирга дар таърихи 16 ноябр бо ҳадафи ошноӣ бо назари мардум дар мавриди ҳузури ояндаи нирӯҳои ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ва музокирот бо Толибон баргузор хоҳад шуд.

Сухангӯи хадамоти истихбороти Афғонистон Лутфулло Машъал гуфт, харитаи эҳтимолии макони баргузории Лоя Ҷирга ва рӯйхати тадобири амниятӣ, ки сомонаи Толибон нашр кардааст, як санади сохта аст.

Лутфуллоҳ Машъал, сухангӯи идораи истихбороти Афғонистон

Лутфуллоҳ Машъал, сухангӯи идораи истихбороти Афғонистон

"Санадеро, ки мо таҳия кардаем, аз ончӣ ба дасти матбуот расидааст, сад дар сад тафовут дорад. “- гуфт оқои Машъал ба хабарнигорон дар Кобул. Нашри харитаи амниятии макони баргузории Лоя Ҷирга дар сомонаи Толибон дар ҳоле нашр шуд, ки баъзе қонунгузорони афғон пайғомҳои таҳдидомез гирифтанд, ки дар ин ҷаласаи муҳим иштирок накунанд.

Намояндаи парлумон Муҳаммад Довуд Ҳассос мегӯяд, пайғомеро, ки ӯ тавассути телефонаш дастрас кардааст, ба эҳтимоли зиёд аз Покистон фиристодаанд. Ӯ мегӯяд, дар пайғом омадааст, ҳар нафаре, ки дар Лоя Ҷирга иштирок мекунад, ба марг рӯ ба рӯ хоҳад буд

Ин таҳдидҳо ва нашри харитаи амниятии макони баргузории ҷаласа нигарониҳоеро ба бор овардаанд, ки Толибон барои харобкорӣ дар Лоя Ҷирга иқдом хоҳанд кард. Аммо Сафия Сиддиқ, сухангӯи камиссиюни Лоя Ҷирга гуфт, ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки онҳо битавонанд аз иштироки мардум дар ин нишасти дурӯза ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи Сафия Сиддиқ, мардум аз саҳар барои сабти ном шудан саф кашида буданд ва ҳеҷ далели дигаре барои ҳузури онҳо дар ин бино вуҷуд надорад.

Дар гузашта низ кӯшишҳои халалдор сохтани ин гуна нишастҳои муҳим анҷом шудаанд. Дар Лоя Ҷиргаи соли 2010, мушакандозӣ ва тирпарронии ҷангиҳо сухани ифтитоҳии президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро халалдор карда буд. Он замон Хадамоти амниятӣ ду ҷангиро нобуд кард, ки дар тан васкати ҳомили маводи мунфаҷира доштанд. Дар ин ҳодиса се шаҳрванди мулкӣ кушта гардид, аммо 1500 вакили Лоя Ҷирга осеб надиданд.

Қарор аст ин Ҷирга рӯзи 16-ноябр дар Кобул баргузор шавад ва дар он ҳудуди 2 000 сарони қабоилу шахсиятҳои сиёсии афғон гирдиҳам оянд. Дар он дурнамои муносиботи Афғонистону Амрико ва масъалаи мусолиҳаи миллӣ баррасӣ мешавад. Толибон аз ҳоло таҳдид кардаанд, ки ба ин мулоқот ҳамла мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG