Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Ҳайдаршоҳ Акбаров


Ҳайдаршо Акбаров, собиқ депутати Шӯрои олӣ ва собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон, 59 сол дорад. Дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омада мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм мекунад. Соли 1974 факултаи байтории Доншкадаи кишоварзии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад. Фаъолияти кории худро ба ҳайси сардухтури бахши ветеринарии ноҳия шурӯъ карда баъдан ҳамчун раиси воҳиди кишварзӣ ва дертар мудири шӯъба дар кумитаи ноҳиявии ҳизб кор мекунад. Аз соли 1986 то 88 дар Мактаби олии ҲКИШ дар шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Сипас раиси Кумитаи иҷроия ноҳияи Дарвоз таъйин мешавад. Соли 1991 дар интихоботи миёндавраӣ депутати Шӯрои олӣ интихоб ва дар Кумитаи кишоварзии ШО ба фаъолият мепардозад. Соли 1992 дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ вазири кишоварзӣ таъйин мешавад.16 сол дар Бишкек кору зиндагӣ кардааст. Оиладор. Соҳиби шаш фарзанд.
XS
SM
MD
LG