Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз имтиёзи дода ба ширкатҳо кӣ нафъ мебинад?


Ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ.

Ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ.

Раиси ҷумҳур замоне ба мавзӯи имтиёз додан ба ширкатҳо баргашт, ки ахиран ин қазия дар парлумон бо бархӯрди шадид рӯбарӯ шуд.

Вале ҳеҷ кас аз намояндагони парлумон ва ҳукумат аз соҳибони ин ширкатҳои имтиёздор, ки ба ҳукумат наздиканд, ном набурданд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов

Сафаралӣ Наҷмиддинов

Барои мисол, бо тақозои Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия бо истинод ба ҳукумати боло, парлумон ба ширкати «ТоҷИрон», ки ба васлу насби тракторҳо ихтисос дорад дар воридоти ангишт ва ғизои парранда ба Тоҷикистон имтиёз дода ин ширкатро аз пардохти НДС ё молиёти афзуда бар арзиш, ки 18 дарсадро ташкил медиҳад, озод карда шуд.

Бо вуҷуди он, ки ин ширкат дар ворид кардани қисмҳои эҳтиётӣ дар васлу насби тракторҳо аз имтиёз бархӯрдор аст, вале то ба ҳол тракротҳои истеҳсолкардаи ин корхона ба фурӯш намеравад ва вазорати кишоварзӣ бо истифода аз ширкатҳои алоқаманди худ тракторҳои сохти Белорусро харидорӣ мекунад.

Дар ҳоле, ки ба ҷуз тракторҳои истеҳсолкардаи ширкати «ТоҷИрон» мавзӯи ғизои парранда дар Тоҷикистон мушкили зиёдро эҷод кардааст,
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон гуфт, ки соли ҷорӣ аз норасоӣ, амиқтараш аз даст наёфтани бархе аз корхонаҳои паррандапарварӣ ба ғизо мурғҳои чанд корхона нобуд шуд ва ин корхонаҳо ба варшикастагӣ рӯбарӯ шуданд. Вале давлат воситаи фишор ба ширкатҳои воридкунандаи ғизои паррандаро аз даст додааст ва натавонист дар ҳалли ин мушкил расидагӣ кунад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон

Муколамаи раиси парлумон бо вазири молия далели гуфтаи болост: «Сафаралӣ Маҳсуддинович, шумо пешниҳод кардед, ки ширкати «ТоҷИрон» аз андоз ва боҷи гумрукӣ дар воридоти ангишсанг ва ғизои парранда озод карда шавад. Ин мавзӯъро шумо хуб медонед. Ман ба шумо муроҷиат карда будам. 10-12 ҳазор мурғ ба сабаби норасоии ғизо аз тухм монд, ин корхона муфлис шуд, вале на парлумон ва на вазорат тавонист ин масъаларо ҳал кунад. Мо имтиёз медиҳем, вале давлат бояд воситаи фишор ба ин ширкатҳоро дошта бошад, то аз худсарии ин ширкатҳо дар фурӯши ғизои парранда, ки бо имтиёзи давлат ворид мекунанд, ҷилавгирӣ шавад.»

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи парлумон, хавфи аслии намояндагон низ дар он аст, ки бархе аз ин ширкатҳо бо истифода аз имтиёзҳои додаи давлат ба воридоти колоҳои арзони бозоргир машғул мешаванд ва ҳадафи асосии ин корхона дар зери имтиёзҳо пинҳон мешавад.

Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи парлумон аз ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи парлумон аз ҲНИТ

Вай афзуд: «Дар маҷмӯъ он имтиёзҳое, ки ба ин ё он корхона дода мешавад, шаффоф ва мантиқӣ бояд бошад. Ва мардум донад, ки ин имтиёз барои чӣ дода шудааст ва давлат чӣ фоида аз ин имтиёз ба даст меорад. Мо истеҳсоли тракторҳоро имтиёз додем, ин далел дорад. Вале суол ин аст, ки то чӣ андоза ин тракторҳои имтиёздор аз тракторҳои воридшаванда арзон ҳастанд. Дар ҳоле, ки бархе аз ширкатҳо гирифтани имтиёзҳоро ба унвони даричае барои ворид кардани колоҳои арзон истифода мекунад ва дар бозор ба нархи арзон мефурӯшанд. Нигарониии мо низ аз ҳамин аст, ки имтиёз бояд ба нафъи будҷа бошад, на ширкат.»

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ду ширкати ҳамноми «ТоҷИрон» фаъол аст. Ширкати муштараки тоҷикистониву иронӣ, ки гӯё ба истеҳсоли трактор ихтисос дорад ва дигаре ширкати «Тоҷирон» , ки ба воридоти маводи сӯхт ва колоҳои мухталиф ихтисос дорад, ки ба қавли бархе аз коршиносон, аз сӯи мақомоти давлатӣ пуштибон дорад. Шояд ба далели норизоятии бархе аз вакилони парлумон ба додани имтиёз ба бархе аз ширкатҳост, ки раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат хостори баррасии имтиёзҳо шудааст.

Барои мисол, имсол ба соҳибони чарогоҳҳое, ки барои парвариши чорвои зотӣ истифода мешавад имтиёз дода шуд. Вале барои чарогоҳҳои чорвои маҳаллӣ не. Дар ҳоле, ки гӯшт аз ҳисоби чорвои маҳаллӣ омода мешавад. Бархе аз вакилон дар инҷо низ дасти пурзӯри лоббиён дар мақомоти ҷумҳуриро эҳсос мекунанд.

Мисоли дигар, додани имтиёз ба корхонаи сохташавандаи металлургии чиниву тоҷикистонӣ дар Ҳисор, ки вазири моли, вазорати энержӣ ва саноӣ дар парлумон аз ифшои номи соҳиби ин корхона аз тарафи Тоҷикистон худдорӣ карданд.

Ба гуфтаи коршиносон, то замоне, ки қонун дар бораи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ таҳия ва тасвиб нашавад, бо додани имтиёз ба ширкатҳо, масъалаи камбуди тухмӣ, нурии минералӣ, ғизои парранда ва чорво ҳал нахоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG