Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон, ки чун “ҷазираи демократия” дар Осиёи Миёна шинохта мешуд, бо баргузории як интихобот барои эҳёи ин унвон талош кард.

Баҳои созмонҳои нозир ба ин маъракаи сиёсӣ “хушбинии эҳтиёткорона” буд. Аммо гуфта шуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллуб, ин кишвар бояд баъзе қонунҳои худро бознигарӣ кунад. Агар аз зовияи баргузории интихоботҳо ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ назар афканем, боз ҳам хоҳем дид, ки Қирғизистон аз дигарон беҳтар аст.

"ДАР МИЁНИ ЧОР ДАРЁ ТАХТАБАНДАМ КАРДАӢ..."

Қазоқистон, ҳамсояии наздиктарини Қирғизистон, бинобар роҳ надодани номзадҳои мухолифин дар интихоботи президентии моҳи апрел ва нокомӣ дар баробари эҷоди сабқат дар ин маъракаи сиёсӣ, аз тарафи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо интиқод шуд.

Ё Тоҷикистонро бигирем, ки интихоботи парлумонияш ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд. Ҳамин тавр Узбакистон ва Туркманистон, ки солҳо боз аз феҳрасти бадтарин режимҳои саркӯбгар берун намераванд.

Дар байни кишварҳои минтақа, бо раҳбарони худкомаи дарозумр, Қирғизистон ба истилоҳ “Зоғи сафед”-ро мемонад.

Интихоботи рӯзи якшанбеи Қирғизистон, ки дар он нахуствазири муътадил Алмосбек Атамбаев раисҷумҳур интихоб шуд, 16 номзад дошт ва ҷараёни омодагиҳо низ бо баҳсҳои зинда ва пур ҷушу хуруш сипарӣ шуд. Ба фарқ аз раҳбарони дигари минтақа, ки аксари онҳо ҳудудан ду даҳсола дар қудрат будаанд, Отамбоев танҳо шаш сол ба мардумаш хизмат хоҳад кард. Ӯ қавл додааст, сохтори парлумонии Қирғизитон- нодиртарин сохтор дар минтақаро, ки соли гузашта ба хотири коҳиши салоҳияти раисҷмуҳур таъсис шуд, ҳифз кунад.

Бисёриҳо дар хориҷи Шӯравии собиқ Қирғизистонро ягона умеди демократия дар ин минтақа арзёбӣ мекунанд.

Аммо дар худи минтақа дидгоҳҳо дар бораи Қирғизистон якранг нестанд. Дар ҳоле, ки баъзе сокинони маъмулии Осиёи Марказӣ Қирғизистонро “Модели дилхоҳ” мешуморанд, бархи дигар ин кишвари куҳистонии иборат аз 5 миллион нафарро як давлати ноустувор, бесубот ва заъиф арзёбӣ мекунанд.

ТОҶИКИСТОН - НАЗДИКТАРИН ДӮСТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Тоҷикистон, ки бо ин кишвари ҳамсоя дар қисмати шимол марзи муштарак дорад, аз мактабу маорифи Қирғизистон истифода мекунад. Донишҷӯён, сиёсатмадорон ва ходимони сохторҳои ғайридавлатӣ дар нишастҳои байналмилалӣ ва мактабҳои оливу тобистонаи Қирғизистон ширкат мекунанд ва аз таҷрибаҳои он баҳра мебардоранд. Ду давлат мушкилоти бо ҳам мушобеҳ доранд ва ҳамкориро дар ҳама сатҳҳо хуб ба роҳ мондаанд. Аммо чизе, ки соли гузашта равобити ду кишварро каме хатчадор кард, изҳороти баъзе мақомоти даври гузариши Қирғизистон ва пахш хабарҳое буд, ки Тоҷикистонро ба сарпаноҳ додан ба хонаводаи президенти сарнагуншуда Боқиев муттаҳам ва ҳамчунин ишора мекарданд, ки Тоҷикистон дар мушоқишаи Ӯш даст доштааст.

Сарнагун шудани Боқиев ва хуруҷи низоъи қавмӣ дао минтақа бо ҳудудан 500 қурбонӣ, Тоҷикистонро, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва тика шудани ҷомеъаро пушти сар кардааст, нигарон намуд.

Ба назари Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, интихоботи Қирғизистон сабқати байни шимолу ҷануб буд ва Алмос Отамбоев, номзади шимолӣ бинобар робитаи хубаш бо Бишкек ва Роза Отунбоева, пирӯзӣ ба даст овардааст.

НАЗАРИ БЕЭЪТИНОЁНАИ ТОШКАНД БА БИШКЕК

Дар Узбакистон, кишвари нисбатан дар инзиво ва сернуфуси Осиёи Марказӣ, раисҷумҳур Ислом Каримов ба ин ҳамсояии кӯчак назари беэътиноёна дорад. Шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳои Узбакистон дар бораи сабқати раёсати ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан иттилоъ пахш намекунанд. Онҳо маъмулан болои нақши падаронаи Узбакистон дар таҳаввулоти ҷануби Қирғизистон тамаркуз мекунанд, ки дар он узбакҳои қавмӣ осеб дидаанд. Ҳатто нозирони таҷрибадор ва интиқодгарони доимии Ислом Каримов низ ба қирғизҳо рӯи хуш намедиҳанд ва дар муқоиса бо миллати "қадимӣ"-и худ, қирғизҳоро дур аз фарҳангу хушунатофарин мехонанд.

Ҷомеъашинос Бахтиёр Мӯсоев, таҳлилгари шинохтаи Осиёи Марказӣ мегӯяд, задухӯрдҳои бераҳмонаи соли гузашта ин ҳақро аз Қирғизистон гирифтааст, ки улгуи муайянкунандаи меъёрҳои сиёсӣ бошад: “ Магар мешавад ончиро соли гузашта ба ивази ҷони бисёр инсонҳо рух дод, демократия унвон кард? Мо шоҳиби миллатгароии бебандубор ва бадрӯ будем, шумо бошад аз нумӯи демократия ҳарф мезанед. Ин дуруғ аст. Ва ин раҳбарон пешсафони ҷумҳурии парлумонӣ унвон шудаанд. Ин як афсона аст. Онҳо касе нестанд, онҳо як ҷойи холианд. Онҳо бозичаи дасти касе шудаанд, ки мехоҳад ин порчаи заминро бо ҳадафҳои геополитикӣ дастрас кунад.”

ҚАЗОҚИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН - ШАРИКОНИ НОБАРОБАР?


Қирғизистон ба таври суннатӣ бо Қазоқистони ҳамсоя наздик аст. Онҳо муштаракоти фарҳангӣ доранд ва Қирғизистон ниёзманди кӯмакҳои дӯстонаи Қазоқистон аст. Аммо Қирғизистон, ки аз боигариҳои табии ғанӣ нест ва шадидан вобастаи пули муҳоҷирони корӣ аст, барои Қазоқистон, ки даромади холисаш ба сари аҳолӣ даҳ баробар бештар аз Қирғизистон ҳисоб мешавад, шарики баробар нест. Раҳбари дар амал якумрии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷонибдори қудрати фарогири президентӣ аст ва баъзе нозирон мегӯянд, вай аз қабили онҳоест, ки мехоҳанд Қирғизистон аз сохти парлумонӣ даст бикашад. Аммо баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ дар Қазоқистон тафовутҳои мусбати қирғизҳоро эътироф мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳар сурат демократияи ҷавони Қирғизистон аз санҷиш гузашт.

САЗОВОРОНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Ҳарчанд ба назар намерасад, ки раҳбарони дарозумри Осиёи Марказӣ аз таҷрибаи Қирғизистон кор бигиранд, вале аломатҳои таҳсину таърифи қирғизҳо аз тарафи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад.
Аксар корбарони интернет дар сомони радио Озодӣ навиштаанд, ки “Тоҷикҳо аз кирғизҳо ҳеҷ камӣ надоранд. Мардуми мо низ сазовори зиндагии беҳтар аст. Мо низ бояд барои дигаргуниҳо талош кунем, чӣ тавре, ки қирғизҳо ба дигаргуниҳо муваффақ шуданд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG