Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсати ҷанг, музокира ва мусолиҳа бо Толибон


Рӯзномаи “New-York Times” рӯзи душанбе гузориш дод, ки ИМА барои поёни ҷанги Афғонистон талош дорад то ҳимояти идораи истихбороти Покистонро ҷалб кунад.

"New-York Times" дар шумораи рӯзи душанбеи худ навиштааст, ин талош як моҳ пас аз он сурат мегирад, ки идораи Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико идораи истихборотии Покистон, яъне ISI-ро ба ҳимояти пинҳонӣ аз шабакаи Ҳаққонӣ муттаҳам кард.

Дар гузориш ҳамчунон омадааст, ИМА тавре, ки Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ин кишвар гуфт, алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ ва соири Толибон сиёсати ҷанг, музокира ва мусолиҳаро ихтиёр карда ва ҳамон гуна, ки бар зидди шабакаи Ҳаққонӣ амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ анҷом медиҳад, идораи истихбороти Покистонро ҳам ташвиқ мекунад то Толибонро рӯи мизи музокират бикашонад.

Вазири умури хориҷии Амрико, фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ва раиси идораи истихбороти ин кишвар моҳи гузашта ба Покистон сафар карданд то ба ин кишвар фишор ворид кунанд то дар хоки худ алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ амалиёт кунад.

“New-York Times” менависад: "Бо вуҷуди фишорҳои Амрико, бархе аносири ISI ташвиқи Толибон барои музокиротро чандон муфид намедонанд, зеро ба назар мерасад, ки онҳо Толибонро василае барои ҳифзи нуфузи худ дар Афғонистон нигоҳ медоранд."

Талошҳое барои музокирот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ИМА умедвор аст, ки як моҳ баъд дар Конфронси дуввуми Бонн, ки дар сатҳи байналмилалӣ қазияи Афғонистон дар он баҳс хоҳад шуд, барои мусолиҳа як тарҳро омода кунад.

Ба навиштаи рӯзномаи "New-York Times", дар дохили идораи Барак Обама дар мавриди пирӯзии фаврии ин тарҳ шакку тардидҳо вуҷуд дорад. Як мақоми аршади амрикоӣ мавзеи Покистонро ба сурати фишурда оташбас, музокира ва интизор барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон хондааст.
XS
SM
MD
LG