Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаракати нақлиёт дар гарданаи Шаҳристон, ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази он мепайвандад, қатъ шудааст.

Муҳаммадҷон Назриев, раҳбари дафтари матбуоти БДА-и Тоҷикистон, гуфтааст, ин тасмим дар пайи боридани барфи зиёд гирифта шуда ва санаи боз шудани он ҳанӯз рӯшан нест.

Ба гуфтаи вай, дар тӯли се рӯзи ахир дар гарданаи Шаҳристон барфи зиёд борида, убури мошинҳо аз ин гарданаро мушкил кардааст. Оқои Назриев гуфтааст, ҳоло машғули тоза кардани роҳҳо аз барф ҳастанд ва талош хоҳанд кард, ки ҳарчӣ зуд ин роҳ боз ва равуои худравҳо аз сар гирифта шавад.

Ҳар сол баробари фаро расидани фасли тирамоҳу зимистон равуо аз тариқи гарданаи Шаҳристон мушкил мешавад. Гузашта аз ин, муҳлати мавриди истифода қарор гирифтани нақби “Шаҳристон”, ки қарор буд сохтмонаш моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом бирасад, то моҳи декабри соли 2012 мавқуф гузошта шудааст. Дар оғоз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби “Шаҳристон” охири соли 2010 муқаррар шуда буд.

Нақби “Шаҳристон” дар километри 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони ин нақб расман дар санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид. Мақомот мегӯянд, ки арзиши умумии тарҳи сохтмони нақби “Шаҳристон”, ки ширкатҳои чинӣ машғули сохтмони онанд, каме бештар аз 51 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пас аз сохтмони нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб равуо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд то ҳадде осон шудааст ва анҷоми сохтмони нақби “Шаҳристон” ин роҳро боз ҳам наздиктару бехавф хоҳад кард. Вале ширкати эронии "Собир" агарчӣ тавонистааст убуру мурурро аз тариқи туннели "Истиқлол" имконпазир кунад, вале тамоми мушкилоти мавҷудро натавонистааст бартараф созад. Ҳоло бо маблағи 6 миллион доллар ширкати "Собир-ҷадид" барои тармими ин нақб дасту остин бар задааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG