Пайвандҳои дастрасӣ

Валерий Аҳадов: “Фоҷиаи солҳои 90-ро рӯи навор меорам”


Валерий Аҳадов

Валерий Аҳадов

Валерий Аҳадов, таҳиягари тоҷики муқими шаҳри Маскав, ахиран навори филмеро бо номи “Санг” анҷом дод.

Ӯ мегӯяд, ин филмро дар якҷоягӣ бо шогирдонаш аз ВГИК - Донишгоҳи давлатии кинематографияи Русия рӯи навор овардааст.

Валерий Аҳадов ахиран ҳамроҳ бо шогирдонаш студияи синаморо ташкил кард ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Санг” нахустин филми студияи ҷадид аст ва интизор меравад, ки нахустинамоиши он моҳи январи соли оянда баргузор шавад.

Таҳиягари тоҷик аз ошкор кардани ҷузъиёти ин филми наваш худдорӣ намуд ва гуфт, бояд рӯзи нахустнамоишро интизор шуд. Бо ин ҳол, аз ӯ пурсидем, ки боз чӣ тарҳу барномаҳо дорад, бигирем, аз ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик филм бардоштанӣ нест?

Валерий Аҳадов: "Ин мавзӯи хеле ҷолиб аст, аммо на фақат аз нуқтаи назари муҳоҷират. Аслан, вақте ки нафаре бо сабабе ба ҷое кӯч мебандад, ин як амри маъмулӣ аст. Вале муҳим он аст, ки хислату характерҳои ҷолиб, тағйироти руҳии онҳо, дар ҷойи нав мутобиқ шуданашон ва мушкилоте, ки мувоҷеҳ мешаванд, нишон дода шавад. Ман дар ин бора шояд филме навор набардорам, зеро тарҳҳои зиёдеро дар ин бора ман дидаам, тарҳҳои зиёде боз рӯи дастанд. Зимнан, бародарам Рустам, ки ҳамроҳ бо хонумаш продюсерӣ мекунанд, дар ин бора филм бардоштаанд ва навори онро тақрибан тамом кардаанд. Филми онҳо дар бораи афродест, ки маҷбур шудаанд ҳиҷрат кунанд ва барои кор ба ин ҷо биёянд."

Радиои Озодӣ: Дар ҳар сурат, худи Шумо, агар имкону фурсат даст дод, дар кадом мавзӯъ филм навор бардоштан мехостед?

Валерий Аҳадов: "Мехоҳам филме офарам дар бораи солҳои 90-уми Тоҷикистон, дар бораи ҳаводисе, ки он замон ба амал омад. Ман ҳатто дар ин мавзӯъ баъзе андешаҳо дорам, аммо ин андешаҳо то ҳол дар як қолаб ҷой нашудаанд. Он давра барои мардум сарнавиштсоз буд – дар бораи ҳам суқути Шӯравӣ, ҳам паёмадҳои он ман то ҳол филмеро надидаам, яъне ин мавзӯи бикр ва дастнозада аст. Он давра барои одамон фалокати бузург буд, ҳам барои ҷавононе, ки 25 сол доштанд, ҳам барои 45-солаҳо ва ё 65 солаҳо. Ана, дар атрофи ин фоҷиа метавон андеша кард, зеро он аз сари ман ҳам гузаштааст ва ман онро хуб медонаму эҳсос мекунам."

Дар навори видео: Порае аз як филми сохтаи Валерий Аҳадов



Радиои Озодӣ: Валерий, Шумо бо дигар таҳиягарони тоҷики муқими Маскав ва дар кишварҳои аврупоӣ дар тамос ҳастед ва аз кору филмҳои онҳо ҳатман огаҳӣ доред?

Валерий Аҳадов: "Бубинед, Бахтиёр Худойназаров хело муваффақ аст ва ахиран дар Тоҷикистон навори филмеро анҷом дод. Ин филм дар бораи фоҷиаи Арал, дақиқтараш дар бораи фоҷиаи мардумест, ки баъди хушк шудани ин баҳр рӯзгорашон куллан тағйир хӯрдааст. Хуб, боз кӣ? Ман медонам, ки Ҷамшед Усмонов ҳам дар кораш муваффақ аст. Ӯ дар Фаронса зиндагӣ мекунад ва аммо филмҳояшро дар Тоҷикистон, дар зодгоҳаш навор мегирад. Зимнан, дар бораи филми ахири Фарҳод Абдуллоев дар матбуот матлаби зиёд нашр мешавад. Ҳамин рӯзҳо ман филмномаи “Ҷӯгӣ”, филмномаи хело ҷолиби Пӯлод Аҳмадовро мутолиа кардам, ки дар маҷаллаи “Искусство кино” нашр шудааст. Зимнан, Сайидо Қурбонов ҳам комёб аст, ман оқибат тавонистам, ки ӯро барои ба Маскав омадан розӣ кунам, ҳоло ӯ ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар Украина кор мекунад. Хонумаш Фарида ҳоло ҳунарпешаи театри Армен Ҷигархониён аст.
Медонед, бояд гуфт, ки синамогарони мо дар ин ҳаводис гумном нашуданд, ҳар касе, ки маҳорат дорад, бидуни мушкил кор пайдо мекунад, ва ба ҳарфашон гӯш мекунанд ва қадрашонро медонанд..."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG