Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлилгарони масоили сиёсие, ки интихоботи Қирғизистони ҳамсояро дунбол доранд, мегӯянд, чигунагии баргузории интихобот метавонад зиндагии сиёсии пас аз интихоботи Қирғизистон ва низоми сиёсии ин кишварро мушаххас кунад.

Агар ҷараёни ин маъракаи калидии сиёсӣ танҳо бар пояи қонуни интихобот ва шаффофу мунсифона сурат гирад, метавонад ба мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва қавмӣ дар Қирғизистон поён бидиҳад.

Аммо баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, агар номзадҳое, ки аз курсиҳои давлатии худ барои дарёфти раъйи бештар сӯистифода кунанд, боиси норизоияти дигар номзадҳо шуда, фазои сиёсии кишварро тира хоҳад кард.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайриҳукуматии “Преспектива плюс” мегӯяд, ба тозагӣ аз Бишкек баргаштааст ва ба қавли ӯ дар он ҷо тамоми шароит барои баргузории интихоботи шаффоф фароҳам оварда шудааст. Ҳатто ба хотири он ки як нафар ду бор овоз надиҳад, дар ангуштони раъйдиҳандагон моеъи махсус молидаанд.



Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Аммо бо ин вуҷуд хонум Бобоназарова аз вуҷуди омилҳои дигари сиёсие ишора мекунад, ки метавонад боиси низоъ ва норизоиятии ҷомеаи Қирғизистон шавад: “Ба наздикӣ дар он ҷо будам. Хушҳолам, ки номзадҳои зиёд барои курсии президентӣ мубриза мебаранд. Вале инро ҳам бояд таъкид кунам, ки шахсиятҳои алоҳида ва давлатҳое ҳастанд, ки инзоми порлумонӣ дар Қирғизистонро намехоҳанд ва аз ин рӯ кӯшиш мекунанд ба ҷарёани интихобот халал ворид намоянд. Вале Роза Отунбоева президенти феълӣ тамоми шароитро барои интихоботи мунсифона таъмин кардааст. Худо кунад, ки ин маърака демократӣ сурат гираду ба тамоми низоъҳо ва мухолифатҳо нуқта гузорад.”

Воқеан, Қирғизистон дар Осиёи Миёна танҳо кишварест, ки бо низоми порлумонӣ ҳаёти сиёсии худро пеш мебарад. Дигар кишварҳои минтақа бо низоми президентӣ ба сар мебаранд.

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Қосимшоҳи Бекмуҳаммад бар ин аст, ки агар интихоботи Қирғизистон дар ду давр идома кунад ва натиҷаи дарёфти раъйҳо миёни доваталалабон чандон бузург набошад, мешавад гуфт, ки ин маъракаи сиёсӣ як марҳилаи ҷадиди мусбатро дар ҳаёти сиёсии Бишкек пеш хоҳад овард: “Агар интихобот дар як давр ба поён расад ва бо фосилаи бузург яке аз номзадҳо, хусусан нахуствазири феълии Қирғизистон Отамбоев натиҷаи интихоботро ба даст орад, ин метавонад эътирозотеро ба шакли роҳпаймоӣ пеш орад. Аммо агар интихобот дар ду давр сурат гирад, шояд метавонад мавриди қабули ҷомеа қарор гирад.”

Ба назари Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, чигунагии интихоботи мазкур хоҳ мусбат ва ё манфӣ баргузор шавад, ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ҳамчун кишвари наздик ва ҳамҷавор таъсир хоҳад кард.



Ин нуктаро коршиноси дигари тоҷик Исмоил Раҳматов низ таъкид мекунад. Вай мегӯяд, ҳизбҳои сиёсӣ ва чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон аз тариқи телевизиону сомонаҳои хабарӣ ҷараёни интихоботи Бишкекро назорат доранд ва ҳатман аз наҳваи баргузории интихобот бардошт хоҳанд кард: “Фикр мекунам, то андозае ин интихобот на танҳо ба Тоҷикистон ба Узбакистону дигар кишварҳои Осиёи Миёна таъсир хоҳад кард. Мо медонем, ки дар давраи Акаев арзишҳои демократӣ арҷ гузошта мешуд ва як плюрализм фаро оварда шуда буд. Аммо баъд дар натиҷаи кашмакашҳои дохилӣ, ки ба куштори мардуми бегуноҳ ва ҳамчунин афроди ҳукуматӣ оварда буд, шояд дар ҳамин маъракаи сиёсӣ метавонад дувумбора доман занад.”

Ба назари аксари таҳлилгарон баъд аз соли 2010, яъне пас аз тағйири Қонуни асосӣ ва низоми сиёсии Қирғизистон ин интихобот наметавонад ба кишварҳои ҳамсоя бетаъсир бошад. Агар қирғизҳо битавонанд баъди ин маъракаи сиёсӣ дар доираи арзишҳои демократӣ мудирияти худ, яъне низоми порлумониро тақвият диҳанд, ҳатман фазои сиёсии Бишкек мавриди таваҷҷуҳи хусусан раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна қарор хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG