Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: "Тоҷикистон моро ба Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад"


Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Белорус дар Душанбе бо имзои ҳафт созишномаи байниҳукуматӣ ба анҷом расид.

Муҳимтарин санадҳое, ки дар ин миён ба тасвиб расид, созишнома дар бораи фаъолияти мувақатии меҳнатӣ ё кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Белорус ва ҳамчунин шаҳрвандони Белорус дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин созишнома дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи дарозмуддат барои солҳои 2011 то 2020 мебошад. Санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг, ҳолатҳои изтирорӣ варзиш ва саёҳӣ низ ба имзо расиданд.

МАВҚЕИ "МУШТАРАК"-И ДУ КИШВАР

Ба иттилои Дафтари матбуоти прзиденти Тоҷикистон, бахши аъзами мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко паси дарҳои баста сурат гирифт ва дар нишасти хабарӣ ҳам, ду раисҷумҳур бо ироаи изҳороти муштарак кифоят намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар бахши иқтисодӣ пешрафти чашмгир дорад. Ҳамчунон дар масъалаи сиёсатҳои хориҷӣ ва усули ҳамкорӣ дар созмонҳои ҷаҳонӣ низ мавқеи ҳар ду кишвар шабоҳат дорад: «Мо мусалламан дар ҷараёни гуфтугӯи дуҷонибаи худ доираи васеъи масоили муҳими ҷаҳониро баррасӣ кардем. Аз ҷумла масъалаи ҳамкориҳои мо дар чаҳорчӯби Созмони Ҷомеаи Кишварҳои Ҳамсуд, Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шонҳойро мавриди баҳс қарор додем. Ва дар аксари масоили мавҷуд мавқеъҳои мо ягона ва дар баъзе ҳолатҳо наздикӣ дорад.»

ТОҶИКИСТОН - ПУЛ МИЁНИ БЕЛОРУС ВА ОСИЁИ ҶАНУБӢ

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус ҳамагӣ чанд рӯз қабл хостори ихроҷи ҳамсоякишвари Тоҷикистон- Узбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шуда буд, вале рӯзи ҷумъа дар ин бора чизе нагуфт.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим


Александр Лукашенко ҳамин қадар гуфт, ки Минс бо Душанбе дар ягон масъалаи усулӣ, ки ба корҳои дохили ҳарду кишвар тааллуқ доранд норозӣ нестанд ва ҳатто дар робита ба масоили ҷаҳонӣ низ мавқеи ягона доранд.

Вай аз ҷумла таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон дар бахши иқтисодӣ имкон медиҳад, ки Белорус бозори худро васеъ кунад ва аз ин роҳ ба манотиқи Осиёи Ҷанубӣ роҳ ёбад: «Мо дар қаламрави Тоҷикистон метавонем моли худро ба фурӯш гузорем ва ба ҷанубтари Осиё роҳ ёбем. Аз ҷумла ба Чин, Покистон, Эрон ва Афғонистон маҳсулоти хешро пешниҳод кунем. Аз ин рӯ мо метавонем дар Тоҷикистон нуқтаи бозор боз кунем. Ва ин имкон медиҳад, ки даромад ба даст биёяд ва ин даромадро бо Тоҷикистон тақсим кунем.»

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Бештари суҳбатҳои ҳарду президент марбут ба масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ буд. Хусусан Александр Лукашенко ишора кард, ки дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли ҳама навъи трактори Белорусияро ба роҳ хоҳад монд.

Таҳлилгарон низ мегӯянд, ки Белорус бо назардошти ҳамкориҳои заъиф ва ва ҳатто фишорҳои Русия мехоҳад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаҳои иқтисодии худро пешниҳод кунад ва бозори худро густариш диҳад.

Иқтисоддонҳои тоҷик бо назардошти рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Минску Душанбе мегӯянд, ки сарфи назар аз дурии роҳ, ин ду кишвар метавонанад дар бахши тиҷорату иқтисод тавоноии худро намоиш диҳанд.

Гардиши коло дар нуҳ моҳи гузашта миёни Тоҷикистон ва Белорус 52,8 миллион мебошад, ки аз он 9,7 миллион долларашро колои содиротии Тоҷикистон ва 43,1 миллион доллари дигарро колои воридотӣ аз Белорусия ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG