Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Нома аз маҳбас»


Ман 35 сол умр дорам. Соли ҳафтум аст пушти панҷараи зиндон китоби умри худро, ки дар калониву вазнинӣ аз парвандаи ҷиноиям монданӣ надорад, варақ мезанаму ҳайҳот, ки саҳфае ё нуктаеро наметавонам пайдо кунам, ки иборат аз кори хайру савоб бошад.

Ин нома ё ҳолномаи худро баъди андешаҳои зиёд барои дӯстонам ва шиносу ошноҳоям навиштаам, вале агар онро касони дигар низ бихонанд, зид нестам. Аммо медонам, ки чунин чизҳо ҳисси кунҷковии одамонро ҳатман бедор мекунад ва мехоҳанд бидонанд, ки муаллифи нома кист?

Ман агар бигӯям, ки ин нома на танҳо аз номи ман, балки аз номи чанде дигар ҳамроҳони ман дар ин ҷо навишта шудааст, хато намекунам. Барои ҳамин ҳам донистани ному насаби ман муҳим нест. Муҳим он аст, ки ин нома агар битавонад ҷавонеро сари вақт аз вартае ё ботлоқи бадахлоқиву беодобӣ ва ҷиноятпешагӣ наҷот диҳад, шояд худованд гуноҳҳои ману мои осиро каме ҳам ҳам бошад, биомурзад.

Нуктаеро дар аввал мехоҳам баён созам, ки гуфтанаш як тараф истад, аз фикраш дилам ба сӯзиш медарояд. Дар сарнавишти пур аз хатову гуноҳи ман, модарам нақши бисёр муассире бозидааст.

Писари ягонаи оила будам. Падарам, хоҳаронам ва бештар аз ҳама модарам тамоми нозу нузамро мебардоштанду мехариданд. Ба ғайр аз ситораҳои осмон дигар ҳама чизеро, ки мехостам муҳайё мекарданд. Қариб нисфи аз ҳама зиёди даромади оилаамон, маоши падару модар, хоҳарони калонӣ барои ман масраф мешуд.

Дар 15-солагиам ба давраи авбошону нашъаҷаллобон ҳамроҳ шудам. Ҳероинро ҳам истеъмол мекардаму ҳам мефурӯхтам. Акнун чизҳоеро, ки зӯри падару модарам намерасид, худам аз пули нашъафурушӣ мехаридам.

Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуду вазъи оилаи мо ҳам мисли ҳама бад шуд. Падарам бемор, модарам ҷои корашро аз даст дод. Хоҳаронам шавҳар карда ба рӯзи худ шуданд. Ман, ки аз ҳисоби дигарон хӯрда гашта одат карда будам ва ҳолам ҳамеша кайфу сафо буд, ба нони хушку хӯроки бегӯшт қаноат накардам ва бо ҳамроҳонам ба дуздии молу амволи мардум сар кардам.

Вақте ман ба хона қолинҳои қимматбаҳо, телевизор, магнитафон ва дигар ашёи камёфту қимматро меовардам, модарам ба ҷои он, ки пурсад, «Ҳой бача, ту кор намекунӣ, ин чизҳоро аз куҷо меёбӣ?» маро таъриф мекард.

Агар падарам маро боре сарзаниш кунад ва гӯяд, ки ахир ту моро дар ягон бало мемонӣ, модарам ба сараш ҷанҷол бардошта мегуфт, ки «Дам шин, аз дасти худат ҳеҷ кор намеояд, гап назан. Мон, ки зиндагиашро писарам барад. Ҳоло ҳама дуздӣ мекунанд». Вале дар ҳузури одамони дигар чизи дигар мегуфт. Масалан вақте аз хонаи чанде хешу таборҳои наздикамон пул ва тилловорӣ дуздидам ва онҳо фаҳмида ба модарам шикоят карданд, модарам худро ба девонагӣ зада онҳоро туҳматчӣ гуфт, «Як писари маро чашми дидан надоред, илоҳо аз фарзандонатон бинед» гуфта дуои бад ҳам кард онҳоро. Ҳатто дар фурӯхтани чизҳои дузидаам модарам ба ман кӯмак мекард.

Вақте бори аввал барои дуздӣ маро зиндон карданд, модарам як хонаи якҳуҷрагии моро фурӯхта маро озод кард. Аз зиндон баромадаму ба фурӯхтани акнун 10 грамму 30 грамм не, балки ба фурӯхтани маводи нашъадор, ба миқдори зиёдаш сар кардам.Чандин ҷавононро шахсан худам ба ин ботлоқи марг тела додам. Аввал бепул як-ду бор онҳоро зиёфат кардам, баъд худашон маро кофт-кофта меёфтанду аз ман героин мехариданд. Сабабгори марги се нафар ҷавонони аз 18 то 21 сола шудаам, ки аз (передазировка) ё суистифодаи ҳероин ҷон доданд.

Чеҳра ва садои гиряҳои модари яке аз онҳо, тӯли ин 7 сол аст, ки дар хоб ва ҳам дар бедорӣ пеши назарам асту азиятам медиҳад. Дар рӯзи ҷаноза ман, ки дар пушти одамон пинҳон шуда будам, модари он ҷавони дар тобут хобида маро ёфт ва гиребонамро гирифта гирякунон гуфт, « Ку, бачам? Илоҳо аз ғам набарорадат. Корта кардӣ дар ҳаққи бачам?. Акнун дойра бигиру бизан. Очаи шайтонта бигу дар саруш гул бизанад.»

Баъди гузаштани 3 моҳ аз ин ҳодиса, маро бо миқдори зиёди ҳероин дастгир карданд ва ҳоло дар маҳбасам.

Панҷараҳои сарду сиёҳ, садои дилхароши қулфи дарвозаҳои оҳанин, чеҳраҳои коҳидаву рангпарида ва ғазаболуду беҳисси одамон, дидани ситораҳову моҳу офтобро танҳо аз равзану сақфи ҳуҷраҳои тангу тор он қадар хастаам кардааст, ки худам медонаму худо. Душмани одамро илоҳо ба ин ҷо наорад. Ҳарчанд гуруснаву белибос нестам ва вазъи зиндонҳо ва нигаҳдории маҳбусон ҳоло мисли солҳои пеш ногувор нест, вале дурӣ аз ёру ошно ва пайвандон азобест, ки тасвираш ҳатто кори мушкиле ҳаст бароям.

Баъзан бо худ фикр мекунам. Агар «мошини вақт» (Машина времени) воқеъан вуҷуд дошта бошаду ман аз нав ба дунё оям, ҳарчанд модаронро намешавад интихоб кард, вале аз Худованди мутаол илтиҷо мекардам, ки маро фарзанди модари худам накунад дигар. Чунки агар дар хурдиву наврасӣ модарам пеши роҳи маро мегирифт, имрӯз дар кунҷи зиндон набудам.

Маҳмадшариф (маҳбус)
XS
SM
MD
LG