Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони марҳилаи дуввуми интиқоли масъулият ба нерӯҳои афғон


Ҳомид Карзай номи 17 вилояти дигарро, ки нерӯҳои НАТО қарор аст ба артиши кишвараш вогузор кунанд, эълон хоҳад кард.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури ин кишвар номи ин 17 вилоятро ҳафтаи оянда дар конфронси минтақавӣ дар Истанбули Туркия расман эълон мекунад.

Бо ин ҳол мақомоти давлатии Афғонистон ишора накардаанд, ки амалиёти интиқоли амнияти ин вилоятҳо ба нерӯҳои афғон чӣ замоне оғоз мешавад ва чӣ муддатеро дар бар мегирад.

Бар асоси феҳристе, ки идораи ниҳодҳои маҳаллии Афғонистон дар ихтиёри хабаргузориҳо гузоштааст, вилоятҳои Балх, Нимрӯз, Самангон, Ғазнӣ, Ғур, Тахор, Сарипул, Бадахшон, Бодғис ва Ҳилманд «эҳтимолан» аз ҷумлаи ин манотиқ хоҳанд буд. Танҳо теъдоде аз ин 17 вилоят ба таври комил дар ихтиёри нерӯҳои афғон қарор хоҳанд гирифт.

Дар марҳалаи аввал аз интиқоли масъулиятҳои амниятӣ, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ анҷом шуд, артиши ин кишвар назорати ҳафт минтақаро аз нерӯҳои НАТО ба дӯш гирифтанд. Вилояти Панҷшер ва ҳамин тавр Кобул ва атрофи он аз ҷумлаи манотиқ дар марҳилаи аввал буданд. Номи вилояти Парвон, ки бомдоди чаҳоршанбе саҳнаи таркиши бузурге буд, дар ин феҳрист омадааст. Дар асари ин таркиш дастикам 10 тан ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд.

Интиқоли марҳилаии назорати амнияти Афғонистон аз нерӯҳои паймони НАТО ба нерӯҳои артиши ин кишвар бахше аз барномаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар бо фармондеҳии ИМА то соли 2014 аст.

Дар ҳамин замина дабири кулли паймони НАТО пештар гуфта буд, ки ин барнома тибқи замонбандӣ пеш хоҳад рафт ва то поёни соли 2014 назорати амниятӣ Афғонистон комилан дар дасти нерӯҳои дохилӣ хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки артиш ва пулиси Афғонистон ҳадафи интиқодоти фаровон будаанд. Танқидгарон бар ин боваранд, ки нерӯҳои афғон тавони контроли амнияти кишварро надоранд ва ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ин кор бар нахоҳанд омад.
XS
SM
MD
LG