Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ, варзишгари тоҷик Асрор Воҳидовро беҳтарин мушзани ҷавони ҷаҳон дар соли 2011эълон кардааст.

Асрор Воҳидов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон, ки тобистони соли равон дар Қазоқистон баргузор шуда, дар рақобатҳо дар вазни то 48 кг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд.

Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Владислав Красношеини русиягиро шикаст дода ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Дар сабқати ҷаҳонӣ беш аз 500 варзишгари 15-сола аз 48 кишвар иштирок доштанд.

Асрор Воҳидов хонандаи синфи 11-и яке аз макотиби шаҳри Исфара буда инчунин дар риштаи кик-боксинг низ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф шудааст.Дар комёбиҳои ӯ саҳми устодаш Додобек Фатҳуллоев-мураббии варзидаи бокс арзанда мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG