Пайвандҳои дастрасӣ

Cаудӣ: "Амали Эрон бепосух нахоҳад монд"


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон бо иттифоқи Абдулло бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон бо иттифоқи Абдулло бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ

Эҳтимоли даст доштани Эрон дар сӯиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар ИМА, хашми Риёзро барангехт, ки гуфтааст, "ин амал бепосух нахоҳад монд."

Чанд рӯз пас аз ошкор шудани сӯиқасд, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ Сауд Ал-Файсал Эронро “ба қатлу балво” муттаҳам кард ва гуфт, ин кишвар барои ҳар тавтеъа алайҳи Саудӣ посух хоҳад гуфт.

Ӯ ҳамчунин гуфт, бори аввал нест, ки Эрон бо амалҳои мушобеҳи ин, алайҳи Саудӣ тавтеъа кардааст. Ал-Файсал дар ҷавоб ба суоле, ки посух ба Эрон чӣ гуна хоҳад буд, гуфт: “Мо бояд мунтазир бимонем ва бубинем.”

ҶАНГҲОИ “ҶАЪЛӢ”

Оё дар ин вазъият, дар ҳоле ки таъсири рӯзафзуни “Баҳори Араб” дар саросари Ховари Миёна эҳсос мешавад, аз дасти Арабистони Саудӣ чӣ меояд?

Тазоҳуроти шиамазҳабон дар минтақаи Қатиф, дар шарқи Арабистони Саудӣ

Тазоҳуроти шиамазҳабон дар минтақаи Қатиф, дар шарқи Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ метавонад бо истифода аз шеваҳои суннатӣ- пуштибонии ақаллиятҳои дигарандеш ва сунниҳои мазлуми Эрон вазъи амниятӣ дар ин кишварро баҳам занад ва фишорро болои режими рӯҳонӣ афзоиш диҳад. Саудӣ метавонад бо кӯмак ба ҷангиёни суннимазҳаби Ироқ, Лубнон ва Сурия ба коҳиши нуфузи Эрон дар минтақа умед бубандад.

Аз сӯи дигар шурӯи “ҷанги ҷаълӣ”- яъне ҷанг бо дасти дигарон алайҳи Эрон, паёмадҳоеро ҳам ба дунбол дорад. Эрон низ метавонад бо амалиёти пинҳонӣ дар вилояти шарқии Арабистони Саудӣ, минтақаи ғанӣ аз нафт ва шианишин, ба Риёз посух диҳад. Дар ҳоле ки Арабистони Саудӣ бе ин ҳам аз тазоҳуроти шиаҳо ва ҳақталабии онҳо аз салтанати сунниҳо дар Баҳрайн нигарон шудааст. Тазоҳуроти авоили моҳ, дар минтақаи Қатиф, бахше аз вилояти шарқии Арабистони Саудӣ бо талаби озод кардани маҳбусон, ки бидуни додгоҳ дар зиндон нигоҳ дошта мешаванд, Риёзро ноором кард. Мақомоти Саудӣ гуфтанд, ки тазоҳурот кори дасти “нерӯҳои хориҷӣ” аст, ки маъмулан ишора Эрон аст.

“Баҳори Араб”, ки раҳбарони дарозумру худкомаи Ховари Миёнаро пушти ҳам аз қудрат маҳрум кард, хоби Саудиро низ ҳаром кардааст. Ҳарчанд Риёз барои ҳифзи қудрат тадбир меҷӯяд, аммо заъфҳои худро медонад.

НАФТ ҲАМЧУН СИЛОҲ

Шоҳзода Туркӣ Ал-Файсал, сафири пешини Саудӣ дар Амрико

Шоҳзода Туркӣ Ал-Файсал, сафири пешини Саудӣ дар Амрико

Ҳудудан се моҳи пеш, бар пояи навиштаи маҷаллаи “Нюзвик”, Туркӣ-Ал-Файсал, дар гузашта вазири истихбороти Арабистони Саудӣ ва сафири ин кишвар дар Амрико, ба гурӯҳи афсарони НАТО дар пойгоҳи ҳарбии Бритониё гуфтааст, дар посух ба таъсири манфии Эрон ба минтақа, кишвараш метавонад ба Эрон, ки бақои он комилан ба даромади нафт бастагӣ дорад, фишор биёрад. Ин ба маъноест, ки Саудӣ бозорро аз нафти арзон саршор мекунад, то Эрон натавонад аз фурӯши нафт фоида бардорад ва амнияти дохилии худро таъмин кунад. Саудӣ гуфтааст, барои татбиқи ин барнома ба ду моҳ зарурат дорад.

Дар ҳоле ки Туркӣ-Ал-Файсал мегӯяд, ин барнома дар ҳалқаи салтанат ҷиддан баррасӣ мешавад, таҳлилгарон ба се масъалаи умда ишора мекунанд. Аввалан барои татбиқи ин барнома Арабистони Саудӣ маҷбур аст, ки истеҳсоли нафтро то 3 миллион баррел дар рӯз афзоиш диҳад. Ҳоло ин кишвар дар рӯз 9,5 миллион баррел нафт истеҳсол мекунад ва гумон аст, ки дар ду моҳи дигар битавонад се миллион баррел зам кунад.

Дуввум, ин сарнавишти кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт аст, ки сероб шудани бозор онҳоро ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ мекунад. Сеюм гумон аст, ки бозори афсурда аз буҳронҳои молӣ барои қабули миллонҳо баррели иловагӣ омода бошад.

Маҳрум кардани Эрон аз даромади нафт баробар ба эълони ҷанг алайҳи ин кишвар хоҳад буд ва Ҷумҳурии Исломӣ ба эҳтимоли қавӣ дар навбати аввал гулугоҳи Ҳурмузро масдуд хоҳад кард, то аз интиқоли нафти давлатҳои арабӣ ба бозори ҷаҳонӣ пешгирӣ кунад. Шубҳае нест, ки чунин рафтори Теҳрон роҳҳоро барои амалиёти ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ алайҳи Эрон боз кунад.

ТАШВИҚ БАРОИ АМАЛИЁТИ НИЗОМӢ

Воқеият ин аст, ки Арабистони Саудӣ ба сари худ наметавонад Эронро ба зону нишонад. Бо вуҷуди изҳороти воҳимадор, Риёз боз ҳам ба Амрико такя мекунад, то Эронро “дар ҷояш шинонад”.

Гуфта мешавад, ки дар гузашта раҳбарони Арабистони Саудӣ исрор карда буданд, ки Амрико ба Эрон ҳуҷум кунад. Ҳоло, ки танишҳо дар байни Теҳрону Риёз бо иттиҳоми сӯиқасди Теҳрон алайҳи сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико ба марҳилаи хатарнок ворид шудааст, ба эҳтимоли зиёд Саудӣ боз ҳам Амрикоро барои ҳуҷум ба Эрон ташвиқ хоҳад кард.

РОҲҲОИ ДИПЛОМАТӢ

Аммо он чӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии Теҳрону Риёз марбут мешавад, аввалӣ метавонад ҳузури дипломатии худро дар Теҳрон ва ҳамчун бозигари калидии Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷи Форс коҳиш диҳад. Ин метавонад кишварҳои дигари узви Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷи Форсро ташвиқ кунад, ки сиёсати шабеҳро дар созмони Лигаи Араб пеш бигиранд. Аммо ин тадобир барои дар инзивои сиёсӣ нигоҳ доштани Эрон ва дигар кардани рафтори он таъсирбахш нест. Зеро Уммон ва Қатар бо Эрон равобити хуб доранд ва Дубай аз шарикони умдаи тиҷоратии Ҷумҳурии Исломист.

Бо ин ҳама, Арабистони Саудӣ дар сатҳи байнулмилалӣ боз ҳам метавонад дар таҳияи таҳримоти дастҷамъона алайҳи Теҳрон нақши назаррас дошта бошад.

Албатта, Арабистони Саудӣ аз рӯи даст доштани Эрон дар сӯиқасд ба ҷони сафири кишвараш, пеш аз пеш ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурд ва тавре Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳам гуфт, қазия ба дасти Шӯрои Амният расидаст.

Агар дуруст бошад, гумон аст, ин бор Русия ва Чин битавонанд таҳримоти алайҳи Эронро, ки Созмони Милал башиддат пайгирӣ мекунад, пешпо диҳанд. Ин ҳафта вазирони молия дар Аврупо масъалаи таҳрим алайҳи Бонки Марказии Эронро баррасӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG