Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" - пешсафи сабқати Лигаи олӣ


Дастаи "Равшан"- и Кӯлоб пас аз пирӯзӣ бар "Гвардия"-и Душанбе бо ҳисоби 6:1 пешсафи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд.

Ин бозии даври 43-юми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар пешакӣ, 23-юми октябр дар варзишгоҳи "Политехникум"-и Душанбе барпо гашт. Дар ин дидор Фозил Сатторов ва Наврӯз Рустамов ду голӣ, Ҳикмат Расулов ва Индус Ҳусейнов якголӣ заданд. Як голи мизбононро Исфандиёр Зуҳуров ба самар расонд.

Инчунин бозии даври 38-уми мусобиқот миёни дастаҳои "Шодмон"- Ҳисор ва "Хайр"-и Ваҳдат пешакӣ, 23-юми октябр дар варзишгоҳи "Ҷавонӣ"-и шаҳри Ҳисор сурат гирифт.

Меҳмонон-футболбозони шаҳри Ваҳдат ба дарвозаи мизбонон 5 голи беҷавоб заданд. Пирмурод Бурҳонов се гол, Фирӯз Абдураҳмонов ва Меҳроҷиддин Музаффаров як голӣ ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб "Равшан" бо 68 имтиёз аз 30 бозӣ дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад. "Регар" бо 67 имтиёз аз 29 бозӣ дар ҷои дуввум қарор дорад. "Истиқлол"-и Душанбе, ки ҳамагӣ 22 бозӣ кардааст, бо 58 имтиёз дар ҷои саввум мебошад.

Ҳоло дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов ("Равшан") бо 18 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов (ССКА "Помир") ва Габриэл Донто ("Энергетик") бо 17-голӣ,. Юсуф Рабиев ("Истиқлол") ва Пирмурод Бурҳонов "Хайр" 16-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

Равшан

30

22

2

6

61-27

68

2.

Регар

29

21

4

4

75-22

67

3.

Истиқлол”

22

19

1

2

61-13

58

4.

"Хайр"

30

17

3

10

61-29

54

5.

Энергетик

29

15

3

11

54-44

48

6.

ССКА “Помир”

29

13

2

14

50-50

41

7.

"Хуҷанд"

30

11

5

14

41-54

38

8.

ахш"

28

10

3

15

27-33

33

9.

Парвоз

31

8

4

19

33-61

28

10.

Шодмон”

32

6

2

24

32-87

20

11.

вардия"

30

2

3

25

26-101

9

Даври 35-ум

25-уми октябр(сешанбе)
"Вахш"-"Хуҷанд"

26-уми октябр(чаҳоршанбе)
"Равшан"-"Парвоз"

Бозиҳои дастаҳои "Хайр"-"Энергетик", ССКА"Помир - "Регар" ва "Гвардия" - "Истиқлол" ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

26-уми октябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қурғонтеппа бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Регар" баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 14.00
XS
SM
MD
LG