Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Сафбандӣ алайҳи сармоядорӣ


Тазоҳургарони бритониёӣ дар рӯбарӯи калисои Поли Муқаддаси Лондон

Тазоҳургарони бритониёӣ дар рӯбарӯи калисои Поли Муқаддаси Лондон

Рӯзи шанбе дар саросари ҷаҳон эътирозҳо алайҳи чораҳои шадиди раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ тақвият ёфтанд.

Гирдиҳамоиҳо дар тахминан 900 шаҳри 80 кишвари олам барпо шуда, бо бунёди урдугоҳҳои доимии эътирозгарон дар марказҳои молии аксари шаҳрҳо ба анҷом расиданд.

Дар Лондон мухолифини сохти сармоядорӣ майдони рӯ ба рӯи калисои Поли Муқаддасро ба хаймагоҳи худ табдил додаанд. Шоми якшанбе онҳо тахминан 70 хаймаро бунёд намуда, иброз доштанд, ки ба эътирози дарозмуддат омодаанд.

Тазоҳургарони олмонӣ дар рӯбарӯи Бонки марказии Аврупо

Тазоҳургарони олмонӣ дар рӯбарӯи Бонки марказии Аврупо

Яке аз фаъолони эътирозгарон ба хабарнигори Рейтерс гуфт: "Барои наҷоти инсон об ва ғизо зарур аст. Аз ин рӯ, мо имкони ошпазиро ташкил мекунем. Об, ғизо ва ҳадди аққал як пиёла оби гарм барои мардум. Мо ҷамъи пул барои харидории ҷиҳози ошпазӣ ва обгармкуниро оғоз намудаем, то дастонамонро шуста тавонем. Ҳамчунон поккориро раҳандозӣ кардаем, то дар ин ҷо каламушу дигар мушкилиҳо зуҳур накунанд."

ДАР ПАЙИ "ТАСАРРУФ"-И ВОЛ СТРИТ

Эътирозгарони Лондон шабеҳи эътирозгарони амрикоӣ шиорҳои зидди кӯмаки молии давлатҳо ба бонкҳо ва дигаргунсозии кори бозорҳои авроқи гаронбаҳоро дар миён гузоштаанд. Тавре дар Амрико эътирозгарон мегӯянд: “Вол стритро тасарруф кунед!” дар Лондон эътирозгарон мегӯянд: “Бозори авроқи гаронбаҳои Лондонро тасарруф кунед!”

Рӯзи якшанбе дар муқобили бозор авроқи гаронбаҳои Амстердам тахминан 300 хайма зада шуд. Сет Ливенс-яке аз фаъолони эътирозгарони ҳолландӣ мегӯяд, ки ба хотири бозсозӣ онҳо ба эътирози дарозмуддат омода шудаанд.

Дар Франкфурти Олмон бошад, эътирозгарон майдони назди Бонки марказии Аврупоро ишғол намудаанд. Рӯзи якшанбе Александр Сак, як эътирозгари олмонӣ ба хабарнигорон гуфт: "Сар аз пагоҳ мо дар рӯ ба рӯи Бонки марказии Аврупо мустақар мешавем. Бигзор ҳар корманди бонк ҳангоми вуруд ба ин муассиса бо мо мувоҷеҳ шавад, рӯи моро бубинад. Онҳо бояд бубинанд, ки мо дар муқобилашон қарор дорем ва бар зидди ҷиноятҳои молии онҳо қиём кардаем. Онҳо бояд донанд, ки мардум муқобили амалкарди онҳо буда тарафдори дигаргунӣ ҳастанд."

ЭЪТИРОЗҲО БА ХУШУНАТ КАШОНИДА ШУДАНД

Рӯзи якшанбе дар Женева дабари кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳам ба мушкилиҳои феълӣ ишора намуда, гуфт, ки кишварҳои зиёде бо касри будҷа мувоҷеҳ шудаанд, вале камбуди эътимоду боварӣ ба кишварҳои низ хеле зиёд аст ва ҳукуматҳо бояд ин касру камбудиҳоро рафъ намоянд.

Саҳнае аз ошӯбҳо дар пойтахти Италия

Саҳнае аз ошӯбҳо дар пойтахти Италия

Охири ҳафтаи гузашта эътирозҳои бузург дар Португалия, Испания ва Италия низ ҷо доштанд. Дар Италия эътирози осоишта ба бархӯрд бо полис ва ғорати биноҳои маркази Рум табдил ёфт. Полис 12 эътирозгарро боздошт намуд. Дар гирдиҳамоиҳои Рум камаш 130 нафар ва аксаран афсарони полис маҷрӯҳ шуданд.

Эътирозгарони Ню-Йорк ҳам рӯзи якшанбе нерӯи худро намоиш дода, аз парки канори Вол Стрит ба майдони Тайм Сквер раҳпаймоӣ намуданд. Дар бархӯрд бо полис камаш 70 эътирозгар боздошт шуданд.

Бил Добс-намояндаи ҷумбиши “Вол Стритро тасарруф кунед!” мегӯяд, дар давоми як моҳи эътироз ин ҷумбиш 300 ҳазор доллари хайрия дарёфт намудааст, ки барои харидории кӯрпаву болишт, ғизо, даво ва ҷиҳози поккорӣ масраф мешавад. Яъне ҷумбиш ба эътирози тӯлонӣ омодагӣ мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG