Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳзодаи Самарқандӣ, хабарнигор ва блогнависи тоҷик, ки дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад, моро ба сайри ин осорхона хоҳад бурд.

Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар майдони Регистони Самарқанд, маркази қадимии тоҷикон, ки имрӯз бахше аз қаламрави Узбакистон маҳсуб мешавад, воқеъ аст.

Соли 2009 мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки ин осорхонаро тахриб мекунанд. Далелашон ҳам ин буд, ки бинои осорхона хеле фарсуда шуда, ниёз ба таъмир дорад.

Ин тасмими мақомоти Узбакистон вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт ва аз ҷумла рӯшанфикрони тоҷик ҳам ба шиддат аз мақомҳои узбак хостанд, ки даст аз тахриби осорхонаи устод Айнӣ бардоранд. Бо ҳамин, мақомоти Узбакистон осорхонаи Садриддин Айниро тахриб накарданд ва он то ҳанӯз дар ҷои худ боқист.

Таври маълум, солҳои зиёди умри Садриддин Айнӣ дар Самарқанд гузаштааст ва осорхонаи ӯ дар ин шаҳри қадимии тоҷикон соли 1956, ду сол пас аз фавти ин нависандаи саршиноси тоҷик, таъсис ёфта буд.

Ин навор аз торнамои Шаҳзодаи Самарқандӣ гирифта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG