Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашни 100-умин солгарди шоири номвари тоҷик ва қаҳрамони миллии Тоҷикистон -- Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Дар ҳоле ки 100-солагии зодрӯзи шоири маъруф ба таври расмӣ таҷлил гардид, аммо баҳсу баррасиҳо миёни аҳди адаб дар робита ба кору пайкор ва хадамоти давлативу сиёсии ин шахсияти садаи 20 дар маҳофил шунида мешавад.

Агар яке Турсунзодаро тарғибгари ғояҳои коммунистии даврони Шӯравии пешин донад, дигаре ғамхору ҳомии адабиёти навини тоҷик ҳанӯз дар замони низоми шадиди тотолитарӣ мехонад.

Нависандаи тоҷик Холмурод Шарифов ашъори Турсунзодаро беҳтарин намунаи ба ҳам овардани мардумони қораҳои гуногуни олам мепиндорад. Вай бар ин назар аст, ки ҳарчанд дар замони Шӯравӣ аз ватану миллат ва худшиносӣ сухан гуфтан кори осоне набуд, вале дар баробари фаъолиятҳои давлатӣ, Турсунзода барои тарғиби маъниҳои баланди созанда талошҳои зиёде кардааст.

Ӯ афзуд: "Ба устод Турсунзода на фақат як давраи нави рушди адабиёт, балки рушди нави фарҳангу ҳунар, драматургия, кино ва санъати касбии мо марбут аст. Шоирони ҷавони он вақт - Қаноат, Гулрухсор, Бозор Собир, Лоиқро мисли падар ғамхорӣ карда, роҳбаладӣ карданд. Ҳамин Лоиқро мешавад гуфт, бо ҳамагӣ чанд шеъраш шинохтанд, ки аз ӯ шоири хуби миллати мо мебарояд. Дасти падарона ба сараш гузошт. Аз чӣ қадар мушкилиҳо он давр ҳифзаш кард. Шоирони ҷавони он вақт як бесоҳиб буданд, ҳам гӯем мешавад. Ҳар кас барои худаш менавишт. Касе парвояшон надошт. Устод Турсунзода ҳамаи онҳоро ҷамъ карда дар дилашон умед бедор карданд.»

Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ

Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ

Холмурод Шарифов бо ёдоварӣ аз шахсияти Мирзо Турсунзода, ки шарафи дӯстӣ ва ҳамнишиниро бо вай доштааст, мегӯяд, беҳтарин хислате, ки Турсунзодаро дар миёни тамоми табақаҳои мардум соҳибэҳтиром карда буд, хоксорӣ ва ғамхорӣ ба мардум, хусусан ба ҷавонони эҷодкор будааст: "Ба ёдам ҳаст, ҳамон солҳо дар Булғория будам, дар сафари корӣ. Мо мегуфтем аз Тоҷикистонем, намедонистанд, ин дар куҷост? Дар Узбакистон ё дар куҷо гуфта мепурсиданд. Намешинохтанд моро. Вақте гуфтем, ки мо ҳамшаҳриҳои Мирзо Турсунзодаем, хурсанд шуда, моро ба оғӯш кашидаву ҳурмату эҳтиром карданд. Бинед, Тоҷикистонро намешинохтанд, аммо Мирзо Турсунзодаро мешинохтанд, дӯст медоштанд. Воқеан шоир буданд, ходим буданд, ғамхори миллату давлати худ буданд."

Ба бовари аксари мунаққидон, устод Турсунзода дар даврони яккаҳукмронии ҳизби коммунист ҷасорати шоёне дошт, ки ҳам дар фаъолияти эҷодӣ ва ҳам дар умури давлатдорӣ шахсияти муваффақ буд. Ин аст, ки Шаҳобиддини Шуҷоъ, пажӯҳишгари ашъори устод Турсунзода бар ин назар аст, ки бо вуҷуди таъсири ҳизби ҳукмрони коммунист, устоди Турсунзода шоири милливу ватандпараст буданд: «Ин аст бузургӣ. Оре ӯро шоири дарборӣ мегӯянд, шоири коммунист мегӯянд, вале фаромӯш набояд кард, ки давлати мо Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҳизби комунист рушд мекард. Ва аз сиёсат дур будаву дар фикри рушди миллату давлат будан имкон надошт он солҳо. Вале Турсунзода тавонистанд, ки дар ҳамон система зиндагӣ карда аз арзишҳои баланди милливу ватанадорӣ ҳарф занад. Бале нозпарвари ҳамон низом буданд. Ин ба ҳар кас ҳам муяссар шуда наметавонист вале инро, ки ҳамеша дар фикри хушбахтии мардумони сайёра ва мардуми худ буданд, инро касе наметавонад инкор кунад.»



Ҳамзамон Шаҳобиддини Шуҷоъ осори лирикии Турсунзодаро дар фасоҳату назокат беҳтарин намунаи ашъори адабиёти замони Шуравӣ арзёбӣ кард ва ин пораи шеъриеро аз ашъори устод Турсунзода ёддовар шуд:

«Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,
Ғуломи як саломат, як каломат ман, ҳамин кофист...»


Адибону шоироне мисли Мӯъмин Қаноъат, Гулрухсор, Бозор Собир, ки сояи дасти устод Турсунзодаро болои сари худ дидаву бо кӯмаку ғамхории ӯ ба саҳнаи адабиёти муосири тоҷик бо сабки нав ва сухани тоза ворид шудаанд, дар кулли маҳофил ва ба хусус дар ашъорашон аз Мирзо Турсунзода ҳамчун муттакои адабиёти навини тоҷик ва насли нави шоирони даври худ ёдовар мешаванд.

ТУРСУНЗОДА-ШОИРИ МАРДУМӢ

Шоира Гулрухсор Сафиева

Шоира Гулрухсор Сафиева

Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик ва раиси анҷумани «Шеъри ҷаҳон» дар бораи устодаш ин гуна баёни андеша дорад: « Турсунзода шоири халқ буданд. Ман танҳо як ҳодисаеро, ки шоҳид будам мехоҳам қисса кунам, ки дар зодгоҳи устод гаҳвораи устод Водии Ҳисор дидам. Ҳазорҳо ҳазор одамони пиру ҷавон, занони ҷавон, наварӯсон ҳама ба пешвози устод баромада буданд. Устод пешопеш мерафтанду мо ҳама аз пушташон. Ҳамин вақт устод Осимӣ, рӯҳашон шод бод, марди бузург буданд, ба ман ишора карда гуфтанд, Гулрухсор нигоҳ кун ба он тараф. Ман нигоҳ кардам, ки як наварӯс дар дасташ як писараки намедонам 2-3 моҳа, аз пушти ҳама шикоф кардаву ба зӯр гузашта омада, дасташро ба пушти устод расонида ба рӯяш молид ва боз ба сару рӯи писарчааш, яъне устодро зиёрат кард ва орзу кард, ки писари ӯ мисли устод шавад. Бубинед, бузургии устод то куҷо буд. Ман намедонам писари он зан кӣ шуду чӣ шуд, вале анна ҳамин хел эҳтиром доштанд. Кани ҳоло як бузургмарде, ки мисли устод дар дили мардум ҷой дошта бошад?».

Зимнан, устод Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор ба дунё омадаааст. Вай то вафоташ дар соли 1977, тайи беш аз ду даҳсола раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон ва ҳам раҳбари Кумитаи дар Маскав ташкилшудаи якдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо буданд.

Асарҳои Турсунзода аз қабили «Садои Осиё», «Ҳасани Аробакаш», «Ҷони ширин», силсилаи ашъори ба модар бахшидаи ӯ, «Қиссаҳои Ҳиндустон» бо забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума ва чандин бор нашр шудаанд. Бар пояи бисёре аз достонҳои ӯ, фимлномаҳову намоишномаҳои синамоӣ ва театрӣ ва асарҳои зиёди симфониву операвӣ таҳия шудааст.

Аммо бо ин ҳама беҳтарин армуғон дар рӯзҳои таҷлили 100-солагии зодрӯзи устод Турсунзода аст ва метавонад хотири ҳаводорони ин шоири маҳбуб ва маъруфро болида кунад, чопи гулчини ашъори вай бо номи «Садои Осиё» дар Эрон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG