Пайвандҳои дастрасӣ

Сенаторони Амрико: Ҳукми Язқулиев ноодилона аст


Ҷон Керрӣ, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, яке аз муаллифони нома.

Ҷон Керрӣ, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, яке аз муаллифони нома.

Сенаторони саршиноси Иёлоти Муттаҳида аз сарнавишти хабарнигори Радиои Озодӣ Давлатмурод Язқулиев изҳори нигаронӣ кардаанд.

Чаҳор сенатори калидии Иёлоти Муттаҳида ба ҷумлаи раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенат аз мақомоти Туркманистон хостаанд, ҳукми ҳабси хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод Давлатмурод Язқулиев бознигарӣ шавад.

Додгоҳи Туркманистон рӯзи 6-уми октябр
Ин муҳокимаи қалбакӣ ва ҳукми золимона нишон медиҳад, ки ҳокимони Туркманистон дар мавриди матбуот на ба қонун ва на ба меъёрҳо эътино намекунанд...

журналистро бо иттиҳомоте, ки тарафдоронаш бофта ва сохта меноманд, ба 5 соли ҳабс маҳкум кард.

Сенаторон Ҷон Керрӣ, Ричард Дурбин, Бенямин Кардин ва Кристен Ҷиллибранд дар номае ба сафири Туркманистон дар Вошингтон ҳукумати ин кишварро ба таҳқиқи такрории парвандаи Язқулиев даъват карданд ва мегӯянд, муҳокимаи хабарнигор одилона набудааст. Мақомоти Туркманистон Язқулиевро ба таъсир ё иғвои як худкушӣ айбдор мекунанд, аммо аксари ҳамкоронаш бар инанд, ки пахши иттилоъ дар бораи таркиш дар анбори аслиҳаи Ободони Туркманистон сабаби муҳокима шудааст. Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Стив Корн ин парвандаро «як беқонунӣ» номид.

«Ин муҳокимаи қалбакӣ ва ҳукми золимона нишон медиҳад, ки ҳокимони Туркманистон дар мавриди матбуот на ба қонун ва на ба меъёрҳо эътино намекунанд. Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ шадидан аз ин ҳукм эътироз мекунад ва аз дигар аъзои ҷомеаи байнулмилалӣ даъват мекунад, ки низ ҳукмро маҳкум кунанд.»


Давлатмурод Язқулиев

Давлатмурод Язқулиев

Язқулиев аввалин хабарнигоре буд, ки дар бораи инфиҷори анбори аслиҳа дар Ободони Туркманистон дар моҳи июли имсол гузориш дод. Матуботи давлатии Туркманистон талош кард, ин воқеаро камаҳамият ҷилва диҳад, вале маълум шуд, бар асари он бино бар омори расмӣ 14 ва ғайрирасмӣ садҳо нафар кушта шудаанд. Баъд аз пахши гузориши Язқулиев Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро ҳушдор додааст.

Дертар, 27-уми сентябр Язқулиев бо иттиҳоми “таҳрик ё иҷбор” ба худкушӣ айбдор боздошт шудааст. Ин дар ҳоле буд, ки дар хонаводаи бародари ӯ мушкил рӯ зада буд ва ҳамсари бародараш талоши худкушӣ кард. Аммо хешону наздикони Язқулиев дар номае ба раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин иттиҳомотро бедалел номида ва рад карданд. Онҳо мегӯянд, иттиҳоми қалбакӣ аз тарафи кормандони хадамоти махфии кишвар омода шудааст.

Муҳокимаи Язқулиев баъд аз соати корӣ, паси дарҳои баста ва бе ширкати вакили ӯ ҷараён ёфта, ҳукми ҳабси ӯ эътирозҳоеро ба бор овардааст. Дафъатан пас аз эълони ҳукм узви Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида Ҳовард Берман, ки узви аршади Кумитаи умури хориҷии маҷлис аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Язқулиев намунаи падидаҳоест, ки бояд ҷомеаи озод онҳоро таҳаммул накунад.

Дар номаи сенаторони амрикоӣ ба мақомоти туркман гуфта мешавад, ки ҳукми Язқулиев идомаи парвандаи маҳбусони сиёсиест, ки мояи нигаронӣ ва эътирози созмонҳои байнулмилал шудааст. Аъзои Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон Аннақурбон Амонқличев, Сафардурдӣ Ҳоҷиев ва фаъоли ҷамъиятӣ Гулгелдӣ Аннаниёзов ҳоло дар маҳбас ба сар мебаранд.

Сафорати Туркманистон дар Вошингтон аз шарҳи номаи сенаторон худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG