Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сумо, ҷанги "ғӯлпайкар"-ҳо


Фотеҳ Мухторов ҳангоми мусобиқа (аз тарафи рост)
Фотеҳ Мухторов ҳангоми мусобиқа (аз тарафи рост)

Паҳлавони тоҷик -- Фотеҳ Мухторов, поягузори гуштии ҷопонии сумо дар Тоҷикистон меҳмони Радиои Озодӣ буд.

Вай даҳ сол аст, ки ба ин навъи варзиш машғул аст ва бо ибтикори ӯ 6 сол муқаддам Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Фотеҳ Мухторов, ки 16-уми июни соли 1967 дар Панҷакент ба дунё омадааст, мактаби миёна ва ду донишгоҳ (Донишкадаи аграрӣ ва Донишгоҳи миллӣ)-ро дар шаҳриДушанбе ба итмом расондааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Фотеҳ Мухторов
Фотеҳ Мухторов
Ӯ дар риштаи гуштии озод борҳо ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст. Фотеҳ оиладор аст ва ду писару як духтар дорад.

Фотеҳ Мухторов дар намуди сумо ба Тоҷикистон аввалин медал овардааст. Ӯ моҳи июни соли равон дар мусобиқаи кушодаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Лас-Вегас дар рақобатҳо дар вазни беш аз 115 кило (воқеъан, вазни Фотеҳ 135 кг ва қадаш 1 м 80 см аст) ҷои севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Паҳлавони тоҷик Фотеҳ Мухторов, раиси Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон, меҳмони радиои Озодӣ буд.

Сумо, гуштии ҷопонӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:35 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG