Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаронро чӣ аз таҳсил дур кардааст: Фақр ё хурофот?


Яке аз толибилмони гимназияи диниву дунявӣ дар Душанбе (акс аз бойгонӣ)
Яке аз толибилмони гимназияи диниву дунявӣ дар Душанбе (акс аз бойгонӣ)

Вазорати маориф аз хурофотӣ шудани хонаводаҳо ва таъсири он ба сарнавишти духтарон нигаронӣ кард.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар як ҳамоише дар Душанбе гуфт, ки афзоиши хурофот духтаронро аз таҳсилу илм дур ва ҷомеаро ба хатар мувоҷеҳ мекунад.
Дур шудани духтарон аз таҳсил, дур шудани онҳо аз ҷамъият, илму фанноварӣ ва иштирок дар саҳнаи сиёсӣ аст...


"Мушкилоти иқтисодӣ нест, чунки давлат барои ҳар камбизоат маблағ ҷудо мекунад ва ин маблағ ба воситаи муассисахои таълимӣ ба хонаводаҳои мазкур мерасад. Иллати аслиаш хурофот аст, ақибмондагии хонавода аст, ки ба духтар муносибати хурофотӣ дорад",-мегӯяд ӯ.

Вазири маориф бо такя ба омори расмӣ гуфт, соли ҷорӣ то 800 духтар аз таҳсил дар макотиби ҳамагонии кишвар маҳрум шудаанд. Вай афзуд, бар пояи пажӯҳиши созмонҳои давлатӣ, духтароне, ки аз таълим дур мемонанд, аксаран дар манотиқи дур аз марказҳои маъмурӣ зиндагӣ доранд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонов, духтарон бештар дар навоҳии Исфара, Шӯрообод ва Рашт аз таҳсил дар канор мондаанд. Ҳамчуноне, ки оқои Раҳмонов гуфт, аммо на ҳамаи духтарон бар асари хурофот хонашин шудаанд. Масалан, агар дар минтақаи Исфара ва Рашт сабаби аслии ба мактаб нарафтани духтарон хурофот бошад, дар минтақаи кӯҳии Шӯробод ва Сари Хосор иллати аслии ба мактаб нарафтани духтарҳо дар фосилаи дур ҷойгир шудани таълимгоҳҳо будааст.

Дар ҳоле вазорати маориф дар бораи бар асари хурофот аз таҳсил дур шудани духтарҳо сӯҳбат мекунад, ки 54 дарсади ҷомеаи Тоҷикистонро занон ташкил намуда, бори гарони тарбия ва таълими насли наврас низ бар дӯши онҳост. Афзун бар ин, 65 дарсади кормандони соҳаи маориф ва 55 дарсади бахши беҳдоштро занон ташкил медиҳанд. Аксар коршиносон мегӯянд, аз таълиму тадрис дур мондани духтарҳо дар оянда ба ин ду соҳаи муҳими кишвар бетаъсир нахоҳад монд.

Дар ин замина ҷомеашиноси тоҷик Акрами Шоҳинпур мегӯяд, "дур шудани духтарон аз таҳсил, дур шудани онҳо аз ҷамъият, илму фанноварӣ, ҳаққи интихоб ва иштирок дар саҳнаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст. Лекин сабаб дар сатҳи пасти омода кардани педагогҳои имрӯза ҳам аст, ки худи омӯзгорон наврасонро ба мактаб ҷалб карда наметавонанд, бахусус духтаронро."

Ахиран намояндаи ЮНИСЕФ, муассисаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон гуфт, дар бораи теъдоди дақиқи духтароне, ки дар Тоҷикистон аз таҳсил дур мондаанд, иттилоъ дар даст надоранд. Бо ин вуҷуд, намояндаи ин ниҳод Лайло Машори иллати аслии дур мондани духтарон аз таҳсилро ба фақру нодорӣ ва фарҳанги хонаводагӣ марбут донист: "Мо дар бораи он, ки чӣ теъдод духтарон аз таҳсил дуранд, омори дақиқ надорем, аммо иттилоъ дорем, ки аксари духтарон бо иллати фақру нодорӣ, мушкилоти молӣ, мавқеи хонаводаҳо дар сарнавишти онҳо аз таҳсил дар канор мемонанд."

Гулнора Каримзода, роҳбари яке аз мактабҳои минтақаи Рашт, мегӯяд, вазъи фарогирии духтарон ба таҳсил нигаронкунанда аст, аммо вақте омӯзгорон барои идомаи таҳсили духтарон талош мекунанд, хонаводаҳои мазҳабӣ монеи таҳсили онҳо мешаванд. Ба қавли ӯ, хонаводаҳои мазҳабӣ вазифаи аслии духтаронро дар шавҳар кардан ва ба дунё овардани фарзандон мебинанд.

Бо ин ҳол, ин барои аввалин бор аст, ки вазири маориф дар бораи хурофотӣ шудани духтарони сини мактабӣ ҳушдор медиҳад ва дар ҳалли ин масъала аз матбуот кӯмак мехоҳад, то дар фаро гирифтани духтарон ба таҳсил васоити ахбори умум ҳам нақш гузорад. Дар гузашта вазорати маориф бо ҷорӣ кардани як дастури махсус духтаронро аз пӯшидани либоси мазҳабӣ ва аз ҳад “аврупоӣ” манъ карда буд.
XS
SM
MD
LG