Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Дар Афғонистон бо зиндониён бархӯрди нодуруст мешавад"


CММ бо пахши гузорише аз бархӯрди нодуруст бо зиндониёни афғон дар зиндонҳои таҳти контроли ҳукумати Афғонистон хабар дод.

Дар ин гузориши СММ, ки рӯзи душанбе ба нашр расид, гуфта шудааст, ки даҳҳо тан аз зиндониён дар зиндонҳои таҳти контроли ҳукумати Афғонистон шиканҷа шудаанд.

Доктор Назифулло Солорзай, як сухангӯи СММ дар сӯҳбат ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, ин шиканҷаҳо умдатан дар зиндонҳои Раёсати амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии ин кишвар сурат гирифтааст.

Вай изҳор дошт: «Дар маҷмӯъ ЮНАМО (дафтари СММ дар Афғонистон) бо ҳудуди 379 тан дар боздоштгоҳҳо дар саросари Афғонистон мусоҳиба кардааст. Бо ҳудуди 46 дарсад аз ин афрод аз сӯи амнияти миллӣ бархӯрди нодуруст сурат гирифта ва бо 35 дарсади дигар ҳам аз сӯи вазорати умури дохилӣ чунин бархӯрде анҷом шудааст.»

Аммо ба гуфтаи оқои Солорзай, ончӣ бо зиндониён аз сӯи Раёсати амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилии Афғонистон сурат гирифтааст, сиёсати ҳукумати Афғонистон нест. Вай гуфт, ки ҳукумати Афғонистон ҳам иқдомотеро ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз ин шиканҷаҳо анҷом додааст.

Ин сухангӯи СММ ҳамчунин гуфт, ки ҳам Раёсати амнияти миллии Афғонистон ва ҳам Вазорати умури дохилии ин кишвар дар бахши дастрасии СММ ба боздоштгоҳҳои зери идораи ин ду ниҳод ҳамкории лозимро бо ин созмон анҷом додаанд.

Аммо СММ мехоҳад касоне, ки даст ба шиканҷаи зиндониён задаанд, бояд дар муқобили қонун посух диҳанд. Оқои Солорзай, сухангӯи СММ дар Кобул мегӯяд: «Хости СММ аз ҳукумати Афғонистон, аз Раёсати амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Афғонистон ин аст, ки ин бархӯрди нодуруст бо боздоштшудаҳо ниёз ба ҳисобҳидӣ ва ҳамчунон ислоҳот дорад.»

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон дар сӯҳбат бо бахши дарии РО гуфтааст, ки онҳо ин гузоришро мавриди мутолеа қарор медиҳанд ва агар ончӣ дар ин гузориш гуфта шудааст, ҳақиқат дошта бошад, дар ростои ислоҳи он иқдом мекунанд.

То ҳол Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар ин маврид ибрози накардааст, аммо дар гузашта мавҷудияти ҳар навъ шиканҷаро дар зиндонҳои таҳти идораи ин раёсат рад кардааст.
XS
SM
MD
LG