Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Стив Ҷобс -- "нобиғаи рӯъёпарвар" даргузашт


Стив Ҷобс

Стив Ҷобс

Стив Ҷобс, яке аз бунёнгузорони ширкати Apple, баъди як бемории тӯлонӣ дар 56-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Айпод, Айпад, Айфон ва комютери Макинтош ҳам дар аҳди раҳбарии Стив Ҷобс дар ширкати Apple офарида шудаанд.

Дар баёнияи ширкати Apple омадааст, “истеъдод, эҳсос ва нерӯи ӯ сарчашмаи навовариҳое буд, ки тамоми зиндагии моро ғанӣ ва беҳтар кард. Ба шарофати Стив Ҷобс ҷаҳон ба ҳадди ногуфтанӣ беҳтар шуд.”


Пас аз фурсати кӯтоҳе аз эъломи даргузашти ӯ дар торнамои ширкати Apple акси бузурги сиёҳу сафеди Стив Ҷобс ҳувайдо шуд, ки зери он соли таввалуд 1955 ва соли даргузашташ 2011 сабт шудааст. Бо ангушт задан рӯи акс, паёми мудири омили ширкат Тим Кук зоҳир мешавад, ки гуфтааст, "Apple нобиғаи рӯъёпарвар ва офарандаи худро аз даст дод ва ҷаҳон як инсони шигифтангезро талаф дод. Онҳое ки бо мо буданд ва бо Стив кор кардаанд, дӯсти наздик ва мураббии илҳомбахши худро гум карданд. Стив ширкатеро мерос гузошт, ки танҳо ӯ метавонист, бисозад ва рӯҳи ӯ ҳамеша дар бунёди Apple хоҳад буд.”

Стив Ҷобс, аз соли 2005 аз бемории саратон ранҷ мекашид ва соли 2009 ҷигари нав ба ӯ пайванд карда буданд. Ӯ моҳи январи ҳамин сол рухсатӣ гирифт ва шаш ҳафта пеш аз мақоми мудиромили ширкат истеъфо дод ва Тим Кукро ҷойгузини худ кард ва раиси Apple шуд.

Ӯ роҳро ба марҳилаи нави тавлиди фанновариҳои навин боз кард ва компютеру телефонҳое офарид, ки дигарон натавонистанд. Стив Ҷобс Apple-ро ҳамроҳи як дӯсти аёми донишҷӯиаш Стив Вознияк дар Калифорния соли 1976 дар гаражи падараш бунёд гузоштанд. Ширкати онҳо баъди офаридани компютери хонагии Эпл-2 шӯҳрат пайдо кард ва сипас Макинтошро дар соли 1984 офариданд, ки аввалин компютере буд, ки мушак дошт.

Стив Ҷобс дар яке аз суханрониҳояш дар Донишгоҳи Стендфорди Калифорния дар соли 2005 чунин ёдоварӣ карда буд: "Вознияк ва ман сохтани Эплро дар гаражи волидони ман шурӯъ кардем, замоне ки ман 20 сол доштам. Мо сахт кор кардем ва дар тӯли 10 сол Эпл аз ду нафари мо дар як гараж ба як ширкати 2 миллиардолларӣ табдил шуд, ки 4 ҳазор коргар дорад."

Аммо Стив Ҷобс ҳамвора дар Apple намонд, соли 1985 баъди равобити печида бо ҳамкорон ва ҳам мудири омили онвақт Ҷон Скаллӣ ӯ ширкатро тарк кард ва бо ду ширкати дигар Некст, тавликунандаи компютер ва студиёи компютерии филмҳои тасвирии Пиксар кор кард. Соли 1996 замоне, ки Apple вазъи бади молие дошт ва ширкати Майкрософт бозори онро башиддат танг мекард, Стив Ҷобс ба Эпл баргашт ва бо истеъдоди офарандагии худ, абзорҳои ба мисли Аймак ва Айтюнсро вориди бозор кард, ки дар муддати кӯтоҳе миллионҳо адад харидорӣ шуданд.

Соли 2007 Apple Айфонро вориди бозор кард ва ба гуфтаи ширкат то ҳамин сол 100 миллион дона Айфон ба фурӯш рафтааст. Айфон, абзорест, ки ҳам телефон дорад, ҳам камераи наворбардориву аккосӣ ва ҳам васоили дигаре, ки комютерҳои бузург доранд. Соли 2010 Стив Ҷобс, Айпадро муаррифӣ кард, ки компютери хурди ҳамакора аст ва бо ангушт задан ба ойинаи он фармон иҷро мекунад.

Тавлидоти бозоргири Apple ин ширкатро соли 2011 барои муддати кӯтоҳе боарзиштарин ширкати Амрико кард ва ҳоло ҳам дар ҳамин радиф аст. Аз Стив Ҷобс ҳамсараш Лаурен бо се фарзандаш мондаанд ва як духтари дигар аз хонуме, ки қабл аз издивоҷ бо Стив Ҷобс будааст. Ҷулия Гилард, нахуствазири Австралия Стив Ҷобсро нобиғае номид, ки ба гуфтаи ӯ ҷаҳонро ба маънои томаш тағйир дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG