Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол барои дуввумин бор дар Тоҷикистон 5-уми октябр чун «Рӯзи забони тоҷикӣ» таҷлил мешавад.

Ду сол қабл парлумони кишвар дар ҳамин рӯз Қонуни дуввуми забони давлатиро ба тасвиб расонд. Дар асоси ин қонун "Рӯзи забони тоҷикӣ", ки ҳамасола 22-юми июл, дар рӯзи тасвиби қонуни аввали забон, таҷлил мешуд, ба панҷуми октябр гузаронида шуд.

Тарҳи якуми Қонуни забон дар 22-юми июли соли 1989 дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, тазоҳуроту гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар аз тарафи Шӯрои олӣ ё парлумони вақти кишвар қабул шуда, зимни он ба забони тоҷикии форсӣ мақоми давлатӣ дода шуд.

Ба муносибати "Рӯзи забони тоҷикӣ", имрӯз дар саросари кишвар барномаҳои ҷашнӣ дар назар гирифта шудааст. Аз ҷумла бо ибтикори шаҳрдории Душанбе дар боғи устод Рӯдакӣ барномаи фарҳангӣ-ҳунарӣ баргузор мегардад.

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи сешанбеи 4-уми октябр сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи забон табрик гуфт.Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар оғози паёми худ гуфтааст, “таҷлили ин санаи таърихӣ бо қабули қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар рӯзи 5-уми октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.”

Оқои Раҳмон афзудааст, давлати ин кишвар дар тӯли 20 соли мустақилияти худ барои беҳбудии вазъи забони тоҷикӣ талош кардааст ва дар оянда низ барои рушди он талош мекунад: “Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне дар бист соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад.”

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, забони тоҷикӣ баландиву пастиҳои зиёди таърихро убур кардаву бидуни осебе то ба имрӯз расидааст ва бояд сокинони Тоҷикистон низ ин забонро ҳифз ва эҳтиром кунанд: “Ниёконамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд ва мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем. Мо борҳо таъкид намудаем, ки донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст.”

Аммо дар ин паёми табрикии худ раисиҷумҳури Тоҷикистон пиромуни бозгашт ба хатти форсӣ ҳарфе нагуфтааст. Дар ҳоле, ки як гурӯҳ аз рӯшанфикрони тоҷик талош доранд, то сокинони Тоҷикистон ба хатти форсии арабиасос баргарданд ва ба хазинаи бузурги илму адабиёт даст ёбанд.

Гузашта аз ин, дар қонуни нави забони тоҷикӣ, ки дар соли 2009 тасвиб шуд, вожаи форсӣ дар номи забон илова нашудааст. Агарчӣ нахустин қонуни забони давлатии Тоҷикистон, ки дар соли 1989 дар замони Шӯравӣ қабул шуда буд, вожаи форсиро дошт.

Баҳсбарангезтарин нуктаи Қонуни нави забони давлатӣ, ки лоиҳааш аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ҳазфи забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо буд. Ҳазфи мақоми забони русӣ як силсила вокунишҳо дар расонаҳои Русияро ба бор оварда буд ва расонаҳои русӣ аз ин қонун интиқод карда буданд. Вале, дар ҳамин ҳол, мақоми забони русӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо дар Қонуни асосии Тоҷикистон ҳифз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG