Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Маҷаллаи амрикоии “Азиза” ва вазъи занони тоҷик


Тайиба Тейлор, сардабири маҷаллаи "Азиза"
Тайиба Тейлор, сардабири маҷаллаи "Азиза"

Сардабир ва бунёдгузори маҷаллаи амрикоии “Азиза” Тайиба Тейлор дар Душанбе бо ҳамкасбони тоҷики худ мулоқот кард.

Дидори ӯ бо журналистони тоҷик дар Гӯшаи амрикоии китобхонаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он хонуми Тейлор дар бораи маҷаллаи "Азиза" иттилоъ дод ва гуфт, он ягона маҷаллаи занони мусулмон дар Иёлоти Муттаҳида буда, куллан ба ҳаёти занон ва махсусан занони мусулмон бахшида шудааст.

Маҷаллаи “Азиза” яке аз маҷаллаҳои муваффақи Амрикост ва хонуми Тейлор мехоҳад бо ҳамкасбонаш дар Тоҷикистон вазъи занони мусулмон дар Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ кунад.

Тайиба Тейлор ба кишварҳои зиёда сафар карда, дар бораи ҳаёти занони мусулмон, расму оин, сарулибос ва таомҳои миллии ақвоми мухталиф, ҷойгоҳи занон дар сиёсат ва бизнес навиштааст. Аз эҳтимол дур нест, ки хабарҳои маҳдудиятҳо дар озодиҳои динии занони тоҷик ӯро ба сафари Тоҷикистон водор карда бошад.

Маҷаллаи “Азиза”, ки дар соли 2000 таъсис ёфтааст, дифоъ аз ҳуқуқи занони мусулмонро яке аз аҳдофи хеш қарор дода, дар соли 2009 барандаи ҷоизаи миллии журналистикаи этникии Иёлоти Муттаҳида ва дар соли гузашта аз номзадҳои асосии Ҷоизаи FOLIO Eddie Award гашт. Худи хонуми Тайиба Тейлор низ борҳо ба ҷоизаҳои маъруфи Амрико ноил гаштааст.

Вай инчунин дар бораи ислом ва ҳаёти занони мусулмон дар ҳамоишҳои байнулмилалӣ ва донишгоҳҳои гуногун суханронӣ кардааст. Тайиба Тейлор пас аз таҳсил дар Донишгоҳи Торонто дар бахши биология ва фалсафа улуми исломӣ ва забони арабиро дар Донишгоҳи Шоҳ Абдулазиз дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ омӯхтааст. Вай қаблан насронӣ буда, ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба ислом гаравидааст.



Тайиба Тейлор яке аз 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон дар соли 2009 шумурда шуда, барандаи Ҷоизаи Лигаи занони мусулмони ҷаҳон мебошад. Вай модари панҷ фарзанд аст.
XS
SM
MD
LG