Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи додгоҳии хабарнигори "Озодӣ"


Давлатмурод Язгулиев аз соли 2007 ба ин сӯ барои Радиои Озодӣ кор мекунад

Давлатмурод Язгулиев аз соли 2007 ба ин сӯ барои Радиои Озодӣ кор мекунад

Мурофиаи додгоҳии хабарнигори Радиои Озодӣ -- Давлатмурод Язгулиев имрӯз дар шаҳри Ашқобод шурӯъ мешавад.

Қарор аст, имрӯз (4 октябр) дар Ашқобод муҳокимаи додгоҳии хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ шурӯъ шавад, ки ба таҳрики яке аз наздиконаш ба худкушӣ муттаҳам мешавад.

Давлатмурод Язгулиев, ки рӯзи 27 сентябр боздошт шуд, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ як узви хонаводаашро барои худкушӣ таҳрик кардааст. Аммо хешовандонаш мегӯянд, ин як парвандаи бофта аст ва мақомоти Туркманистон мехоҳанд, аз ин роҳ аз Давлатмурод Язгулиев барои фаъолияти хабарнигориаш ниқор бигиранд.

Ин хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ ягона хабарнигоре буд, ки моҳи июл инфиҷори маргбор дар як анбори силоҳ дар шаҳри Ободони Туркманистонро гузориш дод, агарчӣ мақомот мегуфтанд, ҳодисаи бузурге рух надодааст. Ӯ барои ин кораш аз мақомоти пулис ҳушдор низ гирифта буд.

Стив Корн, мудири Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти Туркманистон ба таври ошкор нороҳатии худ аз гузоришҳои бетарафонаву ошкори Язгулиев доир ба инфиҷори шаҳри Ободонро нишон доданд ва иттиҳомоти пурнайранги мақомот алайҳи Давлатмурод Язгулиев танҳо ба хотири хомӯш кардани ӯст."

Ин хабарнигори 42-сола аз соли 2007 то кунун барои Радиои Озодӣ кор мекунад.

ОБОДОН ПАС АЗ ТАРКИШИ АНБОРИ СИЛОҲ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG