Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. Баҳс дар "Озодӣ"


Мизи гирд дар студияи Радиои Озодӣ. Аз чап: Қироншоҳи Шарифзода, Абдулло Нуров ва Саъдии Юсуфӣ
Мизи гирд дар студияи Радиои Озодӣ. Аз чап: Қироншоҳи Шарифзода, Абдулло Нуров ва Саъдии Юсуфӣ

Дар Варшава як ҳайати давлати Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагон аз ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Дар ин нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба унвони давлати Тоҷикистон нукоти интиқодие, ки аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ дар робита ба риояи ҳуқуқи башар қаблан гуфта шуда буд, боз садо дод.

Дар як мизи гирд дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе талош ба харҷ дода шуд, то ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мушкилоти он ва роҳҳои ҳалли он таваҷҷӯҳ карда шавад.


Дар ин сӯҳбати мизи гирд иштирок доранд:


Абдулло Нуров, масъули масоили ҳуқуқ дар дафтари Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон

Қироншоҳ Шарифзода, раиси созмони иҷтимоии "Журналист"

Саъдии Юсуфӣ, коршиноси умури мазҳабӣ

Гардонандаи сӯҳбат: Абдуқаюми Қаюмзод

Саъдии Юсуфӣ
Саъдӣ Юсуфӣ: "Шумо ба таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла Туркия мутаваҷҷеҳ бишавед. Магар онҳо, ки кӯдаконашон ба масҷид рафтанду тоату ибодат карданд ва ҳамзамон омаданду ба мактаб таҳсил карданд, як кишвари қафомонда шуданд? Нашуданд! Ҳамон андоза, ки рӯи масъалаи иштироки кӯдак дар намози ҷамоат дар таълимоти динӣ таъкид шудааст, ба ҳамон андозаи дигар фаро гирифтани илмҳои гуногун ҳам таъкид шудааст."

Абдулло Нуров: "Фикр мекунам ва аз таҷрибаи худам ҳам гуфта метавонам, ки баъзан нашрияҳо он матолиберо ба табъ мерасонанд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳои каси дигар поймол шудааст. Яъне гоҳо бе асосу бе далел ҳарфҳое гуфта мешавад, ки ба шаъну шараф ва эътибории он нафар зиён мерасонад. Дар ин маврид асос пеш меоваранд он навиштаҷотеро, ки дар поварақи нашрия навишта шудааст: "ба хотири гуногунандешӣ нашрия метавонад матлабҳоеро чоп кунад, ки худи нашрия ба он розӣ набошад."

Қироншоҳ Шарифзода: "Тарафи дигари масъала он аст, ки имрӯз боварӣ ё эътимоди (ман, албатта, аз номи рӯзноманигорон, на аз номи ҳама ҳақ дорам бигӯям) аксари рӯзноманигорон ба адолати додгоҳӣ коста шудааст. Чун агар тӯли даҳ соли ахир мо бубинем додгоҳе аз рӯи қонун кореро ва ё парвандаеро бар манфиати журналистон ба анҷом нарасонидааст."

Баҳси комилро дар ин ҷо бишнавед:

Ояндасоз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:00 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG