Пайвандҳои дастрасӣ

Модари Ё.Салимов: "Фарзандамро аз СИЗО ба маҳбас баред"


Ашӯрбӣ Салимова, модари Ёқуб Салимов

Ашӯрбӣ Салимова, модари Ёқуб Салимов

Наздикони Ёқуб Салимов бо нигаронӣ аз вазъи сиҳатии ӯ, хостори интиқоли номбурда ба маҳбас шудаанд.

Ашӯрбӣ Салимова, модари 86-солаи Ёқуб Салимов, ки ду рӯзи қабл бо ӯ мулоқоти дусоатае доштааст, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, писараш дар як чордевори бетонӣ нигаҳдорӣ мешавад ва аз дидани вазъи ӯ то ба ҳол «об аз гулӯяш намегузарад»: «Гуфтам, бачам, маро хушрӯ нигаҳ кун, ман акнун кӯр шудаам. Гуфт, очаҷон, аз ҳамон оҳанпораҳои ба чашмам расида, ман ҳам дигар дида наметавонам, одамро дуруст шинохта
Ёқуб Салимов

наметавонам. Ақаллан дар як-ду моҳ ягон духтурро ба муоинаи ман намефиристанд. Дилзанак ҳам дорад. Мегӯяд, тамоми танаам месӯзад. Пойҳояму зонуҳоям ҳама куллук шудаанд. Ончунон месӯзанд, ки шабҳо хобам намебарад. Мегӯяд, чӣ кор кунам, ки чора надорам. Гуфтам, очат мурад, чӣ кор кунам, ман ҳам дасти норасо дорам».

Баҳси интиқоли собиқ мансабдори ҳукуматӣ ва аз фармондеҳони Фронти Халқӣ, ки ҳукумати имрӯзи Тоҷикистонро ба қудрат расонд, шаш сол ба ин сӯ идома дорад.



Ёқуб Салимови 53-сола соли 2005 аз рӯи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба мӯҳлати 15 сол равонаи зиндон шуда буд. Аммо бо далоили то ба ҳол номаълум, тибқи ҳукми додгоҳ ба зиндон мунтақил нашуда, дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ба қавли модари ӯ, тайи як шабонарӯз танҳо як соат аз ҳуҷрааш ба долон (коридор) бароварда мешавад ва аз ҳавои тоза комилан маҳрум аст.


Қаблан танҳо як маротиба додситони кулли собиқ Бобоҷон Бобохонов дар шарҳи далоили нигаҳдории Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳ ишора карда буд, ки будубоши чанд ҷинояткори ашаддӣ дар як бино ба амнияти кишвар хатар дорад ва эҳтимолан онҳо метавонанд муштаракан амал кунанд.

Расонаҳо ин ишораи додситонро ба Ёқуб Салимов ва ду генерали дигари зиндонӣ-Ғаффор Мирзоев ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров рабт дода буданд. Ахириҳо яке низ дар боздоштгоҳ ва дигарӣ дар маҳбас ба сар мебаранд.

Дар гузашта низ пайвандони Ёқуб Салимов ҷиҳати интиқоли ӯ ба маҳбас, ба мақомот ва дигар созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи дохиливу хориҷӣ муроҷиат карда буданд, аммо то ба ҳол натиҷае ҳосил нашудааст.

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов мегӯяд: «Чанд муддат мешавад, ки муроҷиат мекунем, ариза менависем. 9 сол мешавад. Мепурсем, ки чаро қонунҳоро риоя намекунед. Посух як аст, мо дида баромада
Абубакр Салимов, писари Ёқуб Салимов
истодаем. Чиро ин қадар дида мебароянд, барои ман маълум нест. Ё назди бархе медароем, мегӯянд, ки фармон аз боло аст. Боло кист? Агар қонун бошад, он барои ҳама бояд як бошад, на фақат барои мардуми фақир».

Ба хотири дигарбора рӯшан кардани далоили нигаҳдории Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳ ва иҷро нашудани ҳукми додгоҳ, пайвандони ӯ мехоҳанд дигарбора дари мақомоти масъулро бикӯбанд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи онҳо мегӯяд, як дархост барои гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо Ёқуб Салимовро ба раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия ва ҳам як нома ба додситонӣ омода шудааст: «Ёқуб Салимов ба далели он, ки корманди мақомоти қудратӣ буд, дар вазорати корҳои дохилӣ ва гумрук мақоми аввалро дошт, бояд ба зиндони вижа барои низомиён мунтақил мешуд,
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ

аммо хилофи қонун ва ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳи вазорати адлия нигоҳ дошта мешавад. Мақомот, бахусус раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст, агар чунин аст, пас қонунҳо бояд дуруст иҷро шаванд».

Пайвандони Ёқуб Салимов мегӯянд, азиятҳои ӯ дар боздоштгоҳ асосан аз ҷароҳатҳоест, ки соли 1997 ӯ бар асари як ҳамлаи террористӣ ба президент дар шаҳри Хуҷанд бардоштааст. Ашӯрбӣ Салимова мегӯяд, барои додхоҳӣ 8 соат дар назди дарвозаи раисҷумҳур низ мунтазири қабул будааст, аммо муваффақ нашудааст.

Бар пояи қонуни авфи соли равон, аз мӯҳлати зиндони Ёқуб Салимов низ 2 сол кам карда шуд ва аз ҳукми ӯ 4 соли 8 моҳи дигар мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG