Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: "Кабирӣ -- президент?"


Интихоби дигарбораи Кабирӣ ба мақоми раҳбарии ҲНИТ дар меҳвари матолиби нашрияҳои Душанбе қарор гирифтааст.

"ОЗОДАГОН" дар матлабе зери сарлваҳаи "Кабирӣ президент?" дар канори бозтоби анҷумани ҲНИТ, ба мавзӯи бидуни рақиб интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ ба мақоми раҳбрии ин ҳизб пардохтааст.
Ато Муҳаммади Нур:
Ошкоро бигӯем, ки мехоҳанд моро бемард бисозанд, бе мардҳои пайкоргар бисозанд, сарони моро аз мо бигиранд...

Нашрия аз қавли худи Кабирӣ навиштааст, "агар зарур донистанд, ки боз як давраи дигар мо номзад бошем, пас, ин ҳаққи раёсат аст. Барои ҳамин ҳам дар анҷуман гуфтам, ки ин таъйин буд. Таъйин аз тарафи раёсати ҲНИТ, аммо вакилон маро интихоб карданд."

БӮҲРОНИ КАДРӢ Ё...?


"МИЛЛАТ"
низ дар ин робита ба матлаби "Кабирӣ ва интихоби ӯ" навиштааст, "агарчӣ тайи солҳои ахир ӯ (яъне Кабирӣ) яке аз чеҳраҳои матраҳтарин аст, ки ҳамеша дар расонаҳо ба чолиш кашида мешавад, аммо ин бор интиқодот дар баробари ӯ, ки ҳамчун як сарви демократия дар сиёсат қад алам карда буд, шохаи ин сарвро хам сохтааст. Ҳатто дӯстони дар гузашта хуби матбуотии Кабирӣ, ки ҳамеша ӯро ҳамчун як чеҳраи боризи демократхоҳ тасвир мекарданд, ин бор интихоби "демократии" ӯро дар соя қарор доданд." Нашрия навиштааст, "аммо пирӯзӣ ва ё ба курсии раисӣ такя задан ва бохти бузурги Кабирӣ дар фазои иттилоотӣ аз чӣ шаҳодат медиҳад: менталитети миллӣ, бӯҳрони кадрӣ ва ё адами демократия дар ҲНИТ?"


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:56 0:00
Линки мустақим



ҲИЗБЕ МИЁНИ ОБУ ОТАШ

"НИГОҲ"
дар робита ба интизороти зиёд аз ҲНИТ навиштааст, ки "наҳзат омодаи ҳамагуна интиқодот аст, ҳама чизро дар чаҳорчӯбаи ироади Худованд қабул дорад, вале инсон ҳам чизи хуб аст. Оё интиқодгарони мӯҳтарам ба дарки он мерасида бошад, ки ҳизб "дар миёни обу оташ" қарор дорад? Мо бояд раванди касби равобит ва муносибатҳои густурдаи наҳзатро дар дохил ва хориҷи кишвар мунсифона мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор диҳем, агар хайрхоҳи ин ҳаракати илоҳӣ бошем. Ба ҳар ҳол, ҳизб бо назардошти ин ҳама мушкилот ва рисолати хеш кору пайкори хешро бо ҳидояти Худованд пеш хоҳад бурд."

Ё ИНТИҚОМ Ё ТАКРОРИ "ИННО ЛИЛЛОҲИ..."

"МИЛЛАТ"
дар гӯшаи "Миллат ва Раббонӣ" суханронии Ато Муҳаммади Нур, волии қудратманди вилояти Балх дар сари тобути устод Бурҳонуддини Раббонӣ, собиқ раисиҷумҳури Афғонистонро чоп кардааст. Ато Муҳаммади Нур гуфтааст, "ё интиқоми Устодро мегирем ва ё барои гӯр кардани якдигармон бояд омода шавем." Дар идома афзудааст, "ошкоро бигӯем, ки мехоҳанд моро бемард бисозанд, бе мардҳои пайкоргар бисозанд, сарони моро аз мо бигиранд, қурбонӣ намоянд ва бақияро мисли гӯсфанд чӯпонӣ кунанд. Мо инро намехоҳем ва ҳаргиз чунин нахоҳад шуд." Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Ато Муҳаммади Нур, яке аз номзадҳои эҳтимолӣ барои раҳбарии "Ҷамъияти исломии Афғонистон", баъд аз сари устод Раббонӣ дониста мешавад, нашрия аз ӯ ба унвони "раҳбари нави тоҷикон" ном бурдааст.

АЗ ПАЙИ ПУТИН МЕРАВЕМ?

"ОЗОДАГОН"
матлаберо ба пешниҳоди Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар мавриди номзадии Владимир Путин ба интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ихтисос дода ва навиштааст, "дар Русия, ки ҳамеша кишвари аслии таъсиргузор дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто фарҳангии мо буда, президент Медведев ба ҷои худ сарвазири Русия Владимир Путинро пешниҳод кард. Ҳарчанд ба зоҳир ин масъала аз пеш, яъне чор сол қабл, вақте Путин ба ҷои худ Медведевро пешбарӣ намуд, ҳалшуда маҳсуб меёфт. Бо ин вуҷуд як тамоюли тоза дар интихоботи кишварҳои пасошӯравӣ метавонад арзёбӣ гардад." Ба навиштаи нашрия "азбас кишварҳои дигари ин ҳавза дар хеле корҳо аз Русия пайравӣ мекунанд, агар дар ин замина ҳам аз пайи Русия раванд, солҳои наздик метавон шоҳиди тағйироти ҷиддӣ дар ин ҳавза буд."

ТОҶИКОН БА РУСИЯ, АФҒОНҲО БА ТОҶИКИСТОН


"ФАРАЖ"
дар бораи ҳузури шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон ба муоҳадаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шӯрои кор бо оворагони Ҳукумати Дания ишора кардааст. Бар асоси ин санади ҳамкорӣ қарор аст, давлати Дания барои будубоши ҳудуди шаш ҳазор муҳоҷири афғон дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кунад. Ба навиштаи нашрия назарҳо дар ин робита мухталиф аст. Зеро он гуна, ки нашрия менависад, "ҳарчанд маблағгузории будубоши муҳоҷирони афғонро ҳукумати Дания ба ӯҳда гирифта бошад ҳам, зиёд масъалаҳое аст, ки бевоиста ба худи Тоҷикистон ва вазъи он вобаста аст. Ин пеш аз ҳама мушкилоти умдаи мардуми тоҷик аст, ки муҳимтаринаш касодии иқтисод, маоши кам ва танқисии манзил буда, зиёд мардуми моро бо шумули ҳатто мутахассисони соҳаҳои ҳаётан муҳим муҳоҷири корӣ кардааст."
XS
SM
MD
LG