Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тиллои сафед"-и тоҷик ҳанӯз харидор дорад...


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фурӯши пахтаи кишвар дар бозори Ливерпул ба мушкил дучор наомадааст.

Қурбоналӣ Алимардонов, сарвари Раёсати назорати давлатии пахтаи «Тоҷикстандарт», ки умури санҷиш, муҷаввиздиҳӣ ва назорати маҳсулоти пахтаро идора мекунад, мегӯяд, масъалаи хариду фурӯши пахта фақат муомилаи миёни харидору фурӯшанда аст: «Дар Ливерпул ба пахтаи мо чӣ кор доранд? Ин ҷо аз харидор ва фурӯшанда вобаста аст, ки кӣ нархи бештар пешниҳод мекунад ва кадоме пахтаашро бо қимати бештар мефурӯшад. Воқеан, дар бозор нархҳо ҳама рӯз тағйир мехӯранд. Гоҳ боло мераванд, гоҳ поён».

БИРЖАИ ЛИВЕРПУЛ ПУНБАИ ОСИЁИ МИЁНАРО НАМЕХАРАД?


Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки дар биржаи Ливерпул ба пахтаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон котировка ё нархнома намедиҳанд ва дар натиҷа харидорон бо иллати аниқ набудани нарх «тиллои сафед» - ро харидорӣ намекунанд. Сабабҳои пеш омадани ин вазъ истифодаи меҳнати кӯдакон ҳангоми ҷамъоварии пахта унвон мешавад, ки мӯҷиби эътирозҳо дар кишварҳои ғарбӣ шуд. Расонаҳо хабар доданд, ки 60 ширкати ҷаҳонӣ, ба шумули «Адидас», «Пума», «Барбери» ва ғайра аз харидории пахтаи Осиёи Миёна даст кашиданд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим


Як манбаъи расмӣ, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, ин вазъ ба фурӯши пахтаи Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Ба қавли ӯ, эътирозҳо асосан алайҳи Ӯзбакистон садо доданд, аммо азбаски пахтаи ин кишвар низ аз рӯи як индекс дар баробари пахтаи Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон нархгузорӣ мешавад, ахириҳо низ наметавонанд моли худро бифрӯшанд.


" ИХТИЁРӢ, НА ИҶБОРӢ"

Қурбоналӣ Алимардонов низ таъйид кард, ки шурӯъ аз имсол, пахтаи минтақа дар кулл аз рӯи индекси А нархгузорӣ мешавад, аммо истифодаи меҳнати кӯдакон ҳангоми ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон амали ихтиёрист, на иҷборӣ.

Тобистони соли равон намояндагии Созмони ҷаҳонии кор дар Тоҷикистон эълом дошта буд, ки ҳудуди 40 дарсади ҳосили пахтаи кишварро мактаббачаҳо ҷамъ меоранд ва то 70 дарсади онҳо ба ин маърака ҷалб мешаванд. Аммо ба қавли як масъули созмон, ин иттилоъ боиси норизоиятии мақомоти расмӣ шуд ва бо дархости ҳукумат ҳоло Созмони ҷаҳонии кор дар ҳамдастӣ бо Оҷонси омори Тоҷикистон пайи таҳқиқе ҷадиде дар ин маврид аст.

Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон анъанаи истифода аз меҳнати мактаббачагон ҳангоми ҷамъоварии пахта дар қиёс бо замони Шӯравӣ аз миён рафтааст, зеро аксаран хоҷагиҳо аз нерӯи худ истифода мекунанд. Ба қавли онҳо, кӯдаконе, ки дар замини пахта дучор меоянд, асосан узви оилаи ҳамон пахтакор ҳастанд ва инро кӯмак ба волидайн арзёбӣ мекунанд, ки то дараҷае дуруст аст.

Давлаталӣ Муродов, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, даст кашидани ширкатҳои хориҷӣ аз харидории пахтаи Осиёи Миёна сирф аз манофеи онҳо бармехезад: «Ширкатҳо ғараз доранд. Мехоҳанд бо ин роҳ фишор оваранду нархи пахтаро поён баранд, зеро ҳоло қимати як тонна пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз 4 то 5 ҳазор доллар шудааст. «Зиракона» ба хулосае омадаанд, ки агар нархҳоро ба хости худ кунанд, фарқият бештар мешавад ва онҳо боз даромади бештар мегиранд».


"ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРӮШИ ПАХТА МУШКИЛЕ НАДОРАД"


Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон имсол ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тон пахтаро ба нақша гирифтааст, ки то ба ҳол нисфи он ҷамъоварӣ шудааст. Ба қавли шоҳидон, ҳанӯз мактаббачагон дар ин маърака ширкат надоранд, аммо эҳтимолан ба ҳангоми сардӣ ва анҷоми он сафарбар хоҳанд шуд.

Лашкарӣ Мирзоев, сарвари корхонаи пахтаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз дар фурӯши пахта мушкиле надоранд, аммо авомили дигар пеш омадаанд: «Хоҷагиҳо бо мо шартнома мекунанд, ки пахтаашонро гирему захира кунем ва танҳо замоне ба фурӯш барорем, ки нарх боло меравад. Онҳо бо умеданд, ки зимистон қимати пахта боло хоҳад рафт».

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар фурӯши пахта мушкиле нахоҳад дошт, зеро муштариёни аслиаш кишварҳои ғайриаврупоӣ-Туркия, Эрон ва ҳам Русия ҳастанд, ки дуи ахир ба масоили ҳуқуқи инсон дигаргуна бархӯрд мекунанд. Ба қавли онҳо, биржаи Ливерпул ҳам то абад нархгузории пахтаи Осиёи Миёнаро наметавонад ба таъхир андозад, зеро хоҳиши фурӯши пахтаро ҳанӯз деҳқонони минтақа ҳам надоранд.
XS
SM
MD
LG