Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳузури камранги тоҷикон дар "Facebook"


Дар ҳоли ҳозир, Facebook бо беш аз 800 миллион корбар, пешдасттарин шабакаи иҷтимоии дунё шинохта мешавад.

Бино ба омори сомонаи интернетии Socialbaker.com, шумори корбарони Facebook дар қитъаи Амрико аз марзи 300 миллион ва дар Аврупову Осиё аз 200 миллион гузаштааст. Танҳо дар ИМА шумори корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ 155 миллион нафар ё нисфи ҷамъияти ин кишвар бароварда мешавад. Дар сабқати кишварҳои корбари Facebook, баъди Амрико Индонезияву Ҳинд ва Туркияву Мексика меоянд, ки ҳар кадом аз 30 то 40 миллион корбари Facebook доштаанд.

Аммо ба ҳисоби Socialbaker.com, дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир фақат 22 620 нафар ё ҳамагӣ 0,3 дарсад аҳолии ин кишвар дар Facebook торнамои худро доштаанд ва Тоҷикистон дар байни 212 кишвари дунё аз ин лиҳоз дар мақоми 180-ум-байни кишварҳое, чун Гренландияву Доминикан ва Лесотову ҷазираҳои Сейшел - ҷой гирифтааст.

Дар ҳоле, ки шумори корбарони Facebook дар Тоҷикистон ҳамагӣ 22 620 нафар аст, дар Бразилия ё Ҳинд, барои мисол, танҳо дар як моҳи охир, шумори корбарони ин сомонаи иҷтимоӣ, ба ҳисоби Socialbaker.com, 3-миллионнафарӣ афзудааст.

Бино ба гузориши Бунёди "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет", шумори умумии корбарони Интернет дар Тоҷикистон, ба истиснои онҳое, ки тавассути телефони мобил вориди ин шабака мешаванд, 1,5 миллион нафар буда, ва дар ҳоле, ки сомонаи маҳаллии “Duston.Tj” ҳанӯз маъруфияти чандоне пайдо накардааст, бештари корбарони тоҷик аз хидмати сомонаҳои иҷтимоии русӣ истифода мебаранд. Ба ҳисоби ин созмон, қариб 40 дарсад корбарони тоҷик дар “Mail.Ru” ва “Moymir.Ru” ва 12 дарсад дар “Odnoklassniki.Ru” торнамо боз кардаанд.

Пиромуни дурнамои сомонаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон гуфтугӯе доштем бо Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Бунёди "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет", ки мегӯяд, ибтикори бархе кишварҳои пасошӯравӣ барои маҳдуд ва ҳатто масдуд кардани дастрасӣ ба чунин шабакаҳо, метавонад дар оянда монеъи афзоиши шумори корбаронаш дар ин қаламрав шавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG