Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин пайомадҳои моҷарои азими молӣ дар Эрон


Маҳмуд Ризо Ховарӣ, раиси Бонки Миллии Эрон, ба думболи моҷарои сирқати маблағи бузург аз буҷаи кишвар ба истеъфо рафт.

Яғмои маблағи муодили 2,6 миллиард доллар чанде қабл ошкор шуд ва боиси сару садои зиёде шуд. Гуфта мешавад, ки ду бонки бузурги Эрон – Бонки Миллӣ ва Бонки Содирот дар сирқати ин маблағ аз тариқи кушодаи эътибороти аснодии риёлӣ ва арзӣ барои ширкати сармоягузории “Гурӯҳи Мансури Ориё” айбдор шудаанд.

Хабаргузориҳо рӯзи сешанбе навиштанд, ки ба думболи моҷаро ва ифтитоҳи парванда, раиси Бонки миллӣ Маҳмуд Ризо Ховарӣ аз мақом истеъфо дод ва раиси Бонки Содирот Муҳаммад Ҷаҳромӣ аз мансаб барканор шуд.

Бар пояи иттилои хабаргузории ИРНА, ахиран вазири иқтисод ва дороии Эрон Садриддин Муҳаммадӣ истеъфои Ховариро пазируфт. Дар ин хабар омадааст, раиси Бонки миллӣ аз раҳбари мазҳабии кишвар Оятулло Алии Хоманаӣ ва мардуми Эрон маъзарат хостааст ва гуфтааст, ки истеъфояш ба хотири арҷгузорӣ ба афкори ҷомеъа аст.

Маҳтоби Ваҳидӣ, коршиноси масоили минтақаӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҷуз Ховариву Ҷаҳромӣ, ҳамчунин Валиоллоҳи Заробиё, мудиромили бонки Созмони иқтисод ва Фарзоди Аҳмадӣ, аъзои ҳайати мудираи Бонки Миллӣ дар умури манотиқи озоди тиҷорӣ низ курсиҳои худро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи вакилони Маҷлиси Эрон дар ин қазия вазири иқтисод ва дороиро низ масъул мехонанд ва хостори фарохонди ӯ шудаанд.

Ба гуфтаи хонум Ваҳидӣ, раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ҳама гуна иртиботи худ ба ин парвандаро рад кардааст. “Ва аммо бархе аз вакилони Маҷлис, ки мунаққиди ҳукуматанд, даст доштани давлат дар ин қазияро баъйид намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, раисиҷумҳур, муовинони ӯ ва раиси дафтари раёсатҷумҳурӣ Раҳими Машшоӣ аз сирқати пул огаҳ буданд ва эҳтимолан бо “Гурӯҳи Мансури Ориё” ҳамкорӣ доштанд”.

Дар робита ба ин парванда мақомоти интизомии Эрон 22 нафарро боздошт кардаанд. Додситони кулли Эрон Ғуломҳусейн Муҳсини Эҷаӣ рӯзи сешанбе хабар дод, ки чанд тан аз боздоштшудагон то ҳол дар маҳбасанд ва аммо чанд нафари дигар баъди пурсуҷӯ раҳо карда шудаанд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки дар сурати таъйид шудани иттиҳом, ба муттаҳамон ҳукми эъдом таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG