Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар-ТадАЗ” боз пешсафи сабқати лигаи олӣ шуд


Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода пас аз пирӯзӣ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:1 дар ҷадвали сабқати лигаи олӣ боз пешсаф шуд.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 29-уми мусобиқот 26-уми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 3000 мухлис баргузор шуд.

Алишер Қосимов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 21-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш зада, ҳисобро боз кард. Мансур Ҳакимов, капитани “Парвоз”, дар дақиқаи 60-ум ҳисобро баробар намуд.

Давронҷон Тухтасунов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаҳои 76-ум ва 88-ум ду тӯб ба дарвозаи меҳмонон ворид кард ва ба дастааш пирӯзӣ овард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Регар-ТадАЗ" 27 20 3 4 67-21 63
2. "Равшан" 27 20 2 5 50-23 62
3. Истиқлол” 21 18 1 2 59-12 55
4. "Хайр" 27 15 3 9 54-27 48
5. “Энергетик” 27 13 3 11 49-42 42
6. ССКА “Помир” 26 13 1 12 48-45 40
7. "Хуҷанд" 27 10 4 13 37-49 34
8. "Вахш" 26 9 2 15 25-32 29
9. “Парвоз” 27 7 4 16 28-52 25
10. “Шодмон” 28 5 2 21 27-71 17
11. вардия" 28 2 3 23 23-91 9
Даври 32-юм

9-уми октябр (якшанбе)
«Истиқлол» - «Гвардия»
«Регар-ТадАЗ» - «Хайр»
«Энергетик» - ССКА «Помир»
«Хуҷанд» - «Вахш»

10-уми октябр (душанбе)
«Парвоз» - «Равшан»
Оғози бозиҳо – соати 15:00
XS
SM
MD
LG