Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 5 то 25 соли ҳабс. Барои қатли раиси бозори Исфара


Додгоҳи вилояти Суғд ҳашт нафарро дар қатли раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара муҷрим шинохт.

Мансур Каримҷонов, Абдулло Комилов, Файёз Муҳиддинов, Сӯҳроб Зоҳидов, Неъмат Шарифов, Абдусаттор Зоҳидов, Зокирбой Ҳомидов бар асоси банди "одамкушӣ" то 25 ва Маҳкам Каримҷонов бо ҷурми "хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят" барои 5 сол равонаи
Аз 8 нафари маҳкумшуда, як тан аз ноҳияи Конибодом ва 7 нафари дигар аз деҳаи Сурхи ноҳияи Исфараанд, ки аз 38 то 65 сол син доранд...

зиндон шуданд.

Ҳомид Каримов, раиси бозори деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара, ки ин 8 нафар дар қатли ӯ айбдор дониста шуданд, рӯзи 30-юми августи соли 2010 дар маҳалли кораш аз захми силоҳи оташфишон кушта шуд. Ба қавли мақомот, хусумату адоватҳои шахсӣ ва ниқорталабӣ дар заминаи муомилаҳои моливу тиҷоратӣ ангезаи аслии қатли раиси бозор будааст.

Аммо Фозил Охунов, муовини додситони вилояти Суғд аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ варзид ва гуфт, эҳтимол дорад, наздикону вакилони мудофеи маҳкумшудагон аз болои ин қарори додгоҳ ба зинаҳои болотаре шикоят бубаранд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки Ситора Шарифова, вакили дифои яке азмаҳкумшудагон – Зокирбой Ҳомидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳкумшудагон ҳукми додгоҳро "сахт" ва "ноодилона" хондаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, коллегияи Додгоҳи олӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ низ аризаи кассатсионии онҳоро рад карда ва ҳукми додгоҳро қонунӣ шумурдааст.

Яке аз бозорҳои шаҳри Исфара
Ба бовари хонум Шарифова, чаҳор нафари маҳкумшуда, ки додгоҳ онҳоро омили аслии куштор эълон кардааст, дар содири ҷиноят мустақиман иштирок надоштаанд. Вай мегӯяд, куштори раиси бозор – Ҳомид Каримов аз ҷониби ду сокини дигари маҳаллӣ сурат гирифта, ки онҳо фирор кардаанд ва ҳоло таҳти пайгард қарор доранд.

Ситора Шарифова афзуд, зерҳимояаш - Зокирбой Ҳомидов замони содири ҷиноят дар Русия буд, аммо қабл аз сафар ба яке аз маҳкумшудагон 10 ҳазор рубли русӣ пул қарз медиҳад. Ӯ он маблағро дар харидани автомобиле, ки қотилон бо он барои қатли Ҳомид Каримов ҳозир шуданд, истифода кардааст. Ба ин далел, додгоҳ Зокирбой Ҳомидовро ёвари содиркунандаҳои ҷиноят эълон ва ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Аз 8 нафари маҳкумшуда ба зиндон, як тан аз ноҳияи Конибодом ва 7 нафари дигар аз деҳаи Сурхи ноҳияи Исфараанд ва аз 38 то 65 сол доранд. Бархе аз вакилони дифои онҳо гуфтаанд, ба хотири бекор кардани ҳукми додгоҳи вилоятӣ бори дигар ба Додгоҳи олӣ аризаи назоратӣ пешниҳод хоҳанд кард.

Таркиш дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар Хуҷанд, 3 сентябри соли 2010
Додгоҳ аз ин афрод ба ҳайси як гурӯҳи ҷиноӣ ном мебарад ва мегӯяд, аъмоли ҷиноии ин афрод зимни бозбинии додгоҳӣ ба исбот расидаааст. Аммо дар кадом як гурӯҳи ҷиноии мазҳабӣ, мисли Ҷунбиши исломии Узбакистон фаъолият доштани онҳо ошкор нашудааст.

Таркиши интиҳорӣ дар бинои Бахши минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи 3–юми сентябри соли 2010, замоне ки чанд нафар аз аъзои гурӯҳи исфарагиҳо дар боздоштгоҳи ин бахш нигаҳдорӣ мешуданд, ҳадсу гумонҳоеро аз сӯи мақомот дар пай оварда буд, ки эҳтимол таркиши интиҳорӣ кори шарикони ин афрод ба хотири ниқорталабӣ бошад.

Аммо тафтиши ин қазия ва ба дунболи ном бурдани мақомот аз Акмал Каримов, сокини шаҳри Хуҷанд чун омили аслии ин ҷиноят, пардаи гумон барои ҳамдастӣ дар таркиши интиҳориро аз рӯи 8 нафари мазнун дар қатли раиси бозори Исфара бардошт.
XS
SM
MD
LG