Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани ниқобпӯш мехоҳад президент шавад


Занони ниқобпӯш дар Марсели Фаронса, 24-уми декабри соли 2009
Занони ниқобпӯш дар Марсели Фаронса, 24-уми декабри соли 2009

Додгоҳи Фаронса барои аввалин бор ду занро барои пӯшидани ниқоби исломӣ дар ҷои ҷамъиятӣ муҷозот намуд.

Додгоҳи шаҳраки Мо бо ишора ба қонуни манъи бурқа ва ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки сар аз моҳи апрел мавриди иҷро қарор гирифтааст, зани аввалро 80 евро ва дуввумиро 120 евро ҷарима баст.

Ду зани ёдшуда дар моҳи май ниқоб пӯшида, ба мири муҳофизакори шаҳраки Мо, ки аз ташаббускорони асосии манъи ниқобу бурқа аст, ҳамчун тӯҳфаи зодрӯз ширинӣ бурда буданд.

Фаронса аввалин кишвари аврупоист, ки пӯшидани ниқобу бурқаи исломӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ кардааст. Чанд дафъа полис занони ниқобпӯшро дар ҷои ба истилоҳ "табаҳкорӣ" ҷарима карда буд, вале имрӯз барои аввалин бор қазия дар додгоҳ арзёбӣ мешавад.

Яке аз занҳо гуфт, ӯ мехоҳад муҷозот шавад, то баъдан шикояташро ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо барад.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбеи 22-юми сентябр як зани ниқобпӯши фаронсавӣ тасмим гирифт, худро довталаби курсии президентии Фаронса дар интихоботи соли оянда эълон кунад. Вай мегӯяд, сарфи назар аз манъи пӯшидани ниқобу бурқа дар интихоботи соли оянда барои курсии раёсатҷумҳурии Фаронса талош хоҳад варзид. Рӯзи чоршанбе аснои сӯҳбат бо хабарнигорон хонум Кенза Драйдер гуфт, ӯ мехоҳад аз ҳуқуқи занони Фаронса дифоъ намояд.

Хонум Драйдер аз авлоди муҳоҷирони марокашӣ буда, 13 сол инҷониб ниқоб пӯшидааст. Ба гуфти номбурда қонуни манъи пӯшидани бурқаву ниқоб, ки моҳи апрел ба ҳукми иҷро даромадааст, мухолифи ҳуқуқи азалии инсон аст.

Драйдер тасмим гирифтааст номзадиашро дар минтақаи Мо, воқеъ дар шарқи пойтахти Фаронса, сабт кунад. Мо-пойгоҳи вакилони муҳофизакори парламенти Фаронса аст, ки аз ташаббускорони манъи ниқобу бурқа ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG