Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон барои Раббонӣ се рӯзи мотам эълон кард


Давлати Афғонистон ба поси хотири раисиҷумҳури собиқи кишвар се рӯзи мотами миллӣ эълон кардааст.

Тасмими мазкур дар нишасти фавқулодаи ҳукумати Афғонистон гирифта шудааст.

Саид Махдум Раҳин, вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар
Соли 1992, вақте ки режими коммунистии Наҷибулло фурӯ пошид, Раббонӣ яке аз аввалинҳо буд, ки вориди Кобул шуд ва пас аз муддати кӯтоҳе раисиҷумҳури Афғонистон интихоб гардид...

сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе ба унвони рӯзҳои азодорӣ эълом шуд, ҷаноза ба рӯзи ҷумъа қабл аз зӯҳр дар мазори Вазир Акбархон дар Кобул дафн хоҳад шуд.”

Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, рӯзи сешанбеи 20-уми сентябр зимни музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як бомбгузори маргталаб дар хонааш кушта шуд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як нафар худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст.

Ин хабар тамоми Афғонистонро такон дод ва имрӯз садҳо нафар ба хотири сӯгворӣ ва эътироз аз қатли Раббонӣ дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд.
Гирдиҳамоиҳо дар сӯги Бурҳонуддини Раббонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00
Линки мустақим

Сухангӯи полиси Кобул, Ҳашмат Станакзай гуфт: “Инфиҷор дар дохили манзили Бурҳонуддини Раббонӣ ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он Раббонӣ шаҳид шуда, чанд нафари дигар захмӣ гаштаанд.”

Шоҳидон айнӣ низ мегӯянд, дар назди манзили устод Раббонӣ, ки дар шафати сафорати Иёлоти Муттаҳида воқеъ аст ва минтақаи амни дипломатӣ шумурда мешавад, таркиш ба вуқӯъ пайвастааст.

Сардори бахши таҳқиқоти ҷиноии полиси Кобул, Муҳаммад Зоҳир гуфт, “аз ду нафаре, ки аз номи Толибон бюарои гуфтушунид ба назди Раббонӣ омада буданд, яке бомбаро дар саллааш пинҳон карда буд ва ҳангоме ки ба Раббонӣ наздик шуд, бомбаро мунфаҷир кард.” Ба гуфтаи Муҳаммад Зоҳир, Раббонӣ ва чаҳор нафари дигар дар ин таркиш ба ҳалокат расида, ноиби Раббонӣ, Маъсум Станакзай захмӣ шудааст. Як узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, Фозил Карим Аймоқ гуфт, марде, ки гуфта мешуд, бо "паёми махсус" аз тарафи Толибон омадааст, шахси "мавриди эътимод" буд. Ҷунбиши Толибони афғон бо изҳороти сухангӯи худ Забеҳулло Муҷоҳид масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

Лаҳзаҳое баъд аз қатли Раббонӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00
Линки мустақим



Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама гуфтааст, ки қатли президенти пешини Афғонистон Амрикоро аз кӯмак ба мардуми афғон дар ҳаракат ба самти озодӣ ноумед нахоҳад кард. Обама гуфт, ҳалокати Раббонӣ як фоҷиа аст, зеро ин марде буд, ки амиқан барои сулҳи Афғонистон ғам мехӯрд. Ин нуктаҳоро Обама дар оғози мулоқоташ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор дошт. Карзай қарор аст, баъд аз мулоқот бо Обама сафари худро дар Амрико қатъ кунад ва ба Афғонистон баргардад.

Ҳукумати Покистон қатли Бурҳонуддини Раббониро шадидан маҳкум кард ва ӯро “дӯсти худ” номид, ки якҷо бо Исломобод барои сулҳ талош мекард. Ин изҳоротро раисиҷумҳури Покистон, Осиф Алӣ Зардорӣ ва сарвазир Юсуф Ризо Гелонӣ имзо кардаанд.

Бурҳонуддини Раббонӣ, яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.

Толибон дар соли 1996 ҳукумати ӯро аз Кобул берун ронданд ва кишварро ба ҷанги давомдор кашонданд. То ба қудрат расидани ҳукумати Ҳомид Карзай аксари кишварҳои ҷаҳон Бурҳонуддини Раббониро раҳбари қонунии Афғонистон мешумурданд. Пас аз оғози ҷанги зидди ваҳшатафканӣ бо ширкати эътилофи байнулмилалии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида низ Раббонӣ яке аз пешвоёни маънавии Афғонистон буд.





Бо назардошти ин Раббонӣ раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон баргузида шуд. Ин шӯрои иборат аз 68 узв, ки ҳар кадоми онҳо бо дастури раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай интихоб шудаанд, дар авҷи хабарҳои гуфтушуниди пинҳонӣ бо толибон рӯзи 7-уми октябри соли 2010 таъсис ёфт. Дар паёми худ ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, Раббонӣ гуфт, вай мӯътақид аст, ки сулҳ дар кишвар ба даст хоҳад омад.

Бурҳонуддини Раббонӣ дар соли 1940 дар Бадахшони Афғонистон ба дунё омад. Бахши ҳуқуқи исломӣ ва фиқҳро дар Донишгоҳи Кобул ба поён бурда, сипас дар Донишгоҳи Ал-Азҳар дар Қоҳира таҳсил кард ва унвони профессори фалсафаи исломро соҳиб гашт.

Дар соли 1968 ба Афғонистон баргашт ва ба ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон шомил шуд. Дар соли 1972 раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Дар соли 1974 полис талош кард ӯро ҳабс кунад, аммо бо кӯмаки донишҷӯён ва омӯзгорон аз Кобул фирор кард ва муддате пинҳон буд. Соли 1979 вай дар раъси Ҷамъияти исломии Афғонистон ба ҳаракати ҷиҳодии зидди нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бипайваст.

Соли 1992, вақте ки режими коммунистии Наҷибулло фурӯ пошид, Раббонӣ яке аз аввалинҳо буд, ки вориди Кобул шуд ва пас аз муддати кӯтоҳе раисиҷумҳури Афғонистон интихоб шуд. То 1996 дар Кобул буд, вале баъд аз он ки толибҳо пойтахти Афғонистонро ишғол карданд, ба тарки Кобул маҷбур шуд, вале муддати зиёде Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати ӯро эътироф мекарданд. Вай амалан раҳбари сиёсии Эътилофи Шимол буд, ки дар соли 2001 ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар барканории Толибон кӯмак кунад.

Бурҳонуддини Раббонӣ дар расидани тарафҳои тоҷик ба сулҳ ва ризоияти миллӣ кӯмаки зиёд кард ва мулоқоте, ки ӯ барои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хусдеҳ (шимоли Афғонистон) тартиб дод, гардишеро дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ба вуҷуд оварда, раванди оштӣ ва тафоҳумро тезонд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, марги Раббониро як зоеаи ҷуброннопазир хонд.
XS
SM
MD
LG