Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси ду посгоҳи марзӣ дар шимоли Косово сербҳои ин минтақаро ба шӯр овард ва дар муқобили ҳукумати Косово қарор дод.

Авзоъ дар ин ҷо баъд аз он ки ахиран Иттиҳодияи Аврупо дар ду гузаргоҳи баҳсбарангези он ҷо марзбонҳо ва кормандони гумруки худро ҷойгир кард, пешгӯинашаванда боқӣ мемонад.

Ба иттилои расмӣ, аз ин ба баъд назорати марзиву гумрукӣ дар ин гузаргоҳҳои марзи миёни Косово ва Сербия бар ӯҳдаи EULEX ё нерӯҳои Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд ва мақомоти Косово фақат ба ҳалли мушкилоти фаннӣ машғул хоҳанд шуд.

Раиси ҳукумати Косово Ҳошим Тоҷӣ рӯзи ҷумъа зимни суханронӣ дар Приштина гуфт, ки “раванди татбиқи барномаи истифодаи гузаргоҳҳо субҳи имрӯз бомуваффақият шурӯъ шуд. Акнун марзбонҳову кормандони гумруки Косово ҳамроҳ бо EULEX ва нерӯҳои НАТО дар ин гузаргоҳҳо мустақар шуданд."

Хабарнигори Радиои Озодӣ Милош Теодорович аз ҷойи ҳодиса хабар дод, ки субҳи барвақт ҳадди аққал шаш чархболи низомии НАТО нерӯҳои EULEX -ро ба гузаргоҳҳои баҳсбарангези миёни Косово ва Сербия интиқол доданд. Чархболҳо сад метр дуртар аз ҷое ба замин нишастанд, ки аз рӯзи панҷшанбе боз сербҳо ба нишони эътироз ҷамъ омадаанд.

Намояндаи EULEX Николас Хотон тавассути чархболҳо интиқол ёфтани нерӯҳоро тасдиқ кард ва аммо дар бораи он ки миёни онҳо марзбонҳову кормандони гумруки Косово ҳам буданд ё хайр, иттилоъе надод.

Авзоъ дар шимоли Косово, дар минтақае, ки ақаллиятҳои серб ба сар мебаранд, баъди он дубора муташанниҷ шуд, ки сербҳо баъди пахши хабар дар бораи мустақаршавии нерӯҳои Косово ҳама роҳҳо сӯи ин гузаргоҳҳои марзиро баста дар он ҷо аломатҳои манъкунанда гузоштанд.

Гуфта мешавад, ин гузаргоҳҳо аз он ҷиҳат муҳиманд, ки маҳз тавассути онҳо молу коло ва тавлидоти Сербия ба Косово ворид мешавад. Мақомоти Косово воридот аз кишвареро, ки то ҳол онҳоро расман эътироф накарда, чун пештара як ҷузъи худ мешуморад, маҳдуд карданианд.

Ду моҳ пеш талоши аввали мақомоти Приштина барои таҳти назорат гирифтани ин гузаргоҳҳо ба бархӯрд бо сербҳои маҳаллӣ печида ва боиси ва ҳалокати як корманди полиси Косово шуда буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Милош Теодорович мегӯяд, ки айни ҳол минтақаи сербнишон аз ду тараф дар муҳосира қарор дорад – қаблан нерӯҳои посдори сулҳи НАТО роҳ аз Сербия ба ин мавзеъро баста буданд, рӯзи панҷшанбе баъд аз намоиши эътирозӣ бошад, роҳ миёни минтақаи сербнишин ва шимоли Косово ҳам баста шуд.

Ахиран Шӯрои амнияти СММ ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо аз авзоъ дар шимоли Косово изҳори нигаронӣ карда аз мақомоти Косово ва сербҳои муқими шимоли кишвар даъват намуданд, ки аз хушунат кор нагиранд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун қабл аз нишасти Шӯрои амният аз ҷонибҳо даъват намуд, ки аз иқдоми яктарафа парҳез кунанд, зеро ин боиси болравии сатҳи хушунат дар минтақа хоҳад шуд. Ӯ аз мақомоти Косово ва Сербия даъват намуд, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо музокиротро идома диҳанд.

Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ ҳушдор дод, ки бо кӯмаки EULEX ва нерӯҳои посдори сулҳи НАТО дар гузаргоҳҳои баҳсбарангез мустақар шудани марзбонҳову гумрукчиёни Приштина метавонад паёмадҳои номатлуб ва хунрезӣ дар пай дошта бошад.

Раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич ҳам эълом дошт, ки ин гуна иқдом авзоъро бештар ноором мекунад. Ба гуфтаи ӯ, мустақаршавии кормандони хадамоти марзбонӣ ва гумруки Косово дар гузаргоҳҳои баҳсталаб иддаои бетараф будани нерӯҳои посдори сулҳи НАТО ва EULEX -ро аз байн мебарад.

Нахуствазири Косово Ҳошим Тоҷӣ рӯзи ҷумъа мақомоти Сербияро дар ташкили эътирозҳо дар шимоли Косово айбдор кард. Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Косово ҳам эълом дошт, ки эътирозгарони серб аз сӯи Белград сармоягузорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG