Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз барои аввалин бор дар тӯли панҷ соли гузашта сарвазири Британия Дейвид Камерон ба Русия ташриф овард.

Ҷаноби Камерон ба Маскав рафтааст, то равобити сиёсиву тиҷорӣ миёни Маскаву Лондонро, ки аз замони куштори Александр Литвиненко дар пойтахти Британия сард шудаанд, беҳбуд бахшад.

Дар арафаи мулоқот бо президенти Русия Димтрий Медведев ва сарвазири ин кишвар Владимир Путин, Камерон даъват кард, ки ҷонибҳо дар ҷараёни муколамаи ошкоро мушкилиҳои мавҷударо рафъ намоянд.

ҶАНҶОЛ БАР САРИ ҶОСУСИ СОБИҚИ КГБ

Равобити Лондону Маскав аз замони куштори Александр Литвиненко, собиқ ҷосуси КГБ дар моҳи ноябри соли 2006-ум ба сардӣ гаравидааст. Литвиненко, ки бо танқиди шадидаш аз Кремл бисёриҳоро нороҳат карда буд, дар яке меҳмонсароҳои Лондон заҳролуд шуд.

Русия аз истирдоди муттаҳами асосӣ- Андрей Лговой сарпечӣ намуд ва равобити миёни Лондону Маскав аз
Александр Литвиненко, собиқ ҷосуси КГБ

даврони ҷанги сард ҳам сардтар шуд. Собиқ ҷосуси дигари КГБ Луговой ҳоло вакили мардумӣ дар Думаи давлатии Русия аст.

Дар сӯҳбат бо рӯзномаи британиявии "Daily Telegraph" Луговой гуфтааст, ки таваҷҷӯҳи мақомоти Британия ба хотири истирдод ва муҳокимаи ӯ амали “нодуруст, омиёна ва риққатангез” аст. Луговой аз сарвазир Камерон хостааст, ки таъқиби ӯро хотима бахшад.

Аз сӯи дигар, Кремл ҳам аз нороҳат аст, ки Британия аз истирдоди сармоядор Борис Березовский ва раҳбари муҳоҷири ҷудоихоҳони чечен Аҳмад Закаев ба Маскав сарпечӣ кард.

Ҳамроҳони сарвазири Британия мегӯянд, ки ҳангоми мулоқот бо раҳбарони Русия, Камерон қазияи Литвиненкоро матраҳ хоҳад кард.

ТИҶОРАТ- МЕҲВАРИ ГУФТУГӮҲО

Аммо аснои мусоҳиба бо хабарнигорон дар Донишгоҳи давлатии Маскав Камерон гуфт, ки дар ҷараёни дидору гуфтугӯҳояш бо раҳбарони Русия мавзӯи асосӣ тиҷорат хоҳад буд: “Британия яке аз бузуртарин сармоягузорони мустақими Русия аст. Саҳмияҳои ширкатҳои Русия тахминан чоряки саҳмияҳои Бозори авроқи гаронбаҳои Лондонро ташкил медиҳанд. Хуллас, мо ба як шакли беназир дар мавқеи пуштибонӣ аз рушди ҳамдигар ҳастем.”

Сарвазири Британия мегӯяд, ҳамроҳ бо ӯ соҳибкорони ширкатҳои маъруфи Британия ба Маскав омадаанд, то маблағи беш аз 345 миллион доллар созиши ҳамкорӣ ба имзо
Нахуствазири Британия ҳини суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав

расонанд. Камерон гуфт, интизор меравад, ки шабакаи фурӯшгоҳҳои Кингфишер дар давоми се соли оянда дар Русия нуҳ фурӯшгоҳи нав боз кунад ва ҳамин гуна ҳамкории ширкати маъруфи "Ролс Ройс"-и Британия бо ширкати давлатии "Росатом"-и Русия тавсеа ёбад.

Аммо дар Лондон ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамоно тақозои муҷозоти қотилони Литвиненкоро дар миён гузошта, ба мақомот ёдрас мекунанд, ки собиқ соҳибкори сарватмандтарини Русия Михаил Ходорковский зиндонӣ мебошад.

Рӯзи якшанбе нашрияи британиявии "Sunday Times," номаи чор вазири собиқи умури хориҷии Британия ба сарвазир Камеронро нашр намудааст, ки дар он тақозои истирдоди Луговой такрор шудааст.

Соли 2006-ум дар бистари марг Литвиненко Путинро фармоишгари куштораш номида буд. Дар ҳоле, ки овоза дар бораи бозгашти Путин ба курсии раёсатҷумҳурии Русия дар моҳи марти соли оянда зиёд ба гӯш мерасад, шореҳон хотирнишон мекунанд, ки ин аввалин мулоқоти сиёсатмадори британиявӣ бо Путин дар муддати беш аз чор соли гузашта аст.
XS
SM
MD
LG