Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 1500 нафар коргарони корхонаи тавлиди тилои «Зарафшон" ба корпартоии умумӣ даст задаанд.

Онҳо талаб доранд моҳонаашон зиёд ва шароити корӣ беҳтар карда шавад.

Коршиканони корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон «Зарафшон» мегӯянд, ки талаби аслии онҳо аз раҳбарияташон боло бурдани моҳонаи коргарон аст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони ин корхонаи бузургтарини тавлиди тилло дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 450-500 сомонӣ маош дарёфт мекунанд. Ва тақозои коргарон ин аст, ки маоши онҳо то 500 доллар боло бурда шавад.

Исмоил Зарифӣ, раҳбари бахши посбонии корхонаи мазкур, вакили маҷлиси намояндагони шаҳри Панҷакент афзуд, аз субҳи душанбеи 12-уми сентябр назди корхонаи “Зарафшон” гурӯҳҳои коргарони коршикан, ҳудуди 1 ҳазор ҷамъ омада, тасмими раҳбарияти корхонаро мунтазиранд. Ба гуфтаи вай, намояндагони коргарони эътирозгар бо раҳбарияти корхона «Зарафшон» вориди гуфтугӯ шуда, талабҳои худро баён кардаанд.

Ба гуфтаи вай, баъди нимрӯз раиси шаҳри Панҷакент, раҳбарони мақомоти додситониву амниятӣ низ бо раҳбарияти корхона дар мавриди ҳалли мушкил ва ба эътидол овардани вазъ гуфтугӯ кардаанд. Вай афзуд: «Ба мо, коргарони «Зарафшон» маош медиҳанд. Аммо коргарон мегӯянд, ки инҷо Тоҷикистон аст ва қонунҳои ин кишвар дар додани маошу ҳимояти иҷтимоӣ риоят шавад. Гӯё, ки коргарон ғулом бошанд, зери замин бурда, ба як сомониву 80 дирам музд барои як соат кор мефармоянд.»

Мусоҳибам афзуд, ки ду коргари корхона-Раҳмат Саидов ва Зулфонов ҳангоми кор ҷароҳатҳои сахт бардошта, бистарӣ шудаанд ва яке зери сангреза монда фавтида, коргарони маҷрӯҳ аз ҷониби корхона ҳеҷ гуна ёрие надидаанд. Ба оилаи коргари фавтида корхона 50 доллар пардохт кардааст. Ба гуфтаи вай, ин гуна коргарони кирояи корхонаи «Зарафшон» аз ҳеҷ гуна ҳуқуқҳои иҷтимоӣ бархӯрдор нестанд. Ба гуфтаи вай, коргарони шартномавӣ бархе имтиёзҳои иҷтимоӣ, мисли рухсатӣ ва ҳаққ барои рӯзҳои беморӣ таъйин шудааст, аммо онҳо низ аз камии маоши худ шикоят доранд.

Корхонаи муштараки «Зарафшон», воқеъ дар ноҳияи Панҷакент бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои Тоҷикистон аст, ки 75 дар сади саҳмияҳои он ба кишвари Чин ва 25 дар сад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Аз соли 1994 то соли 2007 қисмати бештари саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии «Commonwealth & British Mineral Ltd» тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чиноии тавлиди тилло – «ZiJin Mining Group Co.Ltd» харидорӣ кард.

Бар пояи маълумоти расмӣ, дар соли 2010 корхонаи «Зарафшон» 1 ҳазору 100 кило тило истеҳсол кардааст.

Бобохон Бобохонов, муовини раҳбари корхонаи «Зарафшон» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 12 -уми сентябр тамоми сохторҳои корхонааш ба таври муқаррарӣ кор кардааст. Вай ҳодисаи рухдодаро «ҳамдигарнофаҳмӣ байни коргарону раҳбарият» номид ва афзуд: «Мардуми мо маоши хуб гирифта истодааст. Албатта, мана дар оянда мо дида баромада истодаем маоши мардума. Баробари болоравии нарх ва кушодани ҷойҳои нави корӣ ин масъаларо дида истодаем, насиб бошад, ҳалли худаша меёбад.»

Бино ба охирин хабарҳои расида аз Панҷакент, коргарони эътирозгари корхонаи «Зарафшон» тавассути созмони иттифоқи касабаи корхона унвонии додситонии шаҳри Панҷакент ва раҳбарияти корхона номае ҷиҳати баланд бурдани моҳонаи худ ва муқаррар намудани имтиёзҳои иҷтимоӣ таҳия ва месупоранд. Бобосафар Неъматов, аз коргарони ин корхона гуфт, агар ба дархосташон расидагӣ нашавад, баъдан дар асоси қонун даст ба коршиканӣ хоҳанд зад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG