Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: "Аз марги Бин Лодин хушҳол нашудам"


Ҷорҷ Буш, раиси пешини Амрико
Ҷорҷ Буш, раиси пешини Амрико

Ҷорҷ Буш, раиси пешини ИМА мегӯяд, шунидани хабари марги Бин Лодин, раҳбари Ал-Қоида ӯро хушҳол накардааст.

Петер Шанал, мустанадсоз ба СНН гуфтааст, Ҷорҷ Буш дар як ресторан дар Даллос нишаста буд, ки пулиси махфӣ ба ӯ гуфт, ки президент Барак Обама мехоҳад бо ӯ сӯҳбат кунад. Андаке баъд, ӯ аз ҷараёни қатли бин Лодин огаҳӣ ёфт.

Буш таъкид кард, ки «хабаре набуд, ки моро хушҳол ва шодмон кунад. Шояд бишавад гуфт як навъ эҳсоси бастани парвандае буд, ҳамин.»

Шанал дар мустанади худ ба номи «Ҷорҷ Буш: мусоҳибаи ёздаҳи сентябр» бо раиси ҷумҳури пешини Амрико гуфтугӯ кардааст. Ин мустанад қарор аст ба муносибати даҳумин солгарди ҳамлаҳои ёздаҳи сентябр аз шабакаи “National Geographic” пахш шавад. Мусоҳиба шомили масоили густурдае дар бораи вокуниши Буш ба ҳамлаҳои ёздаҳи сентябр аст. Вокунише, ки сабаби шикофҳои амиқи сиёсӣ ҳам дар даруни Амрико ва ҳам дар берун шуд.

Шанал мегӯяд: «Дар ин гуфтугӯ метавон ошкоро дид, ки рӯйдодҳои он рӯз дар президент Буш асар гузошта ва эҳсосоти ӯро барангехта аст.»

Буш ба Шанал гуфтааст, ки аввалаш фикр карда буданд, ки як ҳавопаймои кӯчак ба яке аз бурҷҳо бархӯрдааст: «Аввалаш фикр кардам, як ҳавапаймои кӯчак аст ва вокуниши ман ин буд, ки ё ҳаво бад буда ё як ҳодисаи ғайри оддӣ барои халабонон пеш омадааст. Баъди андаке фаҳмидам, ки як ҳавопаймои дигар ба бурҷи дуввум бархӯрда ва ИМА мавриди ҳуҷуми ҷиддӣ қарор гирифтааст.»

Ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои 9/11
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00
Линки мустақим


Буш дар як синфхона саргарми боздид буд, ки аз ҳамлаҳо огаҳӣ ёфт.

Шанал аз раиси ҷумҳури пешини ИМА мепурсад, оё бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи назарҳо бар сари ҳамла ба Ироқ ва Афғонистон ва хатари кашида шудани ҷанг ба дохили марзҳои Амрико дар паёмади ҳамлаҳои ёздаҳи сентябр, аз тасмимҳои худ эҳсоси пушаймонӣ ҳам ба ӯ даст додааст?

Шанал мегӯяд: «Буш як нигоҳе ба ман кард ва гуфт, ман аз ин суоли лаънатӣ хушам намеояд. Ӯ ҳатто аз калимаи пушаймонӣ истифода накард.»

Вале Буш баён доштааст, ки ин тасмимҳо сабаби эҷоди шикофҳои сиёсӣ шудааст. Буш ба Шанал мегӯяд: «Он тасмимҳое, ки гирифтем(барои абад) зиндагии мо ва ҷаҳонро дигаргун кард.»
XS
SM
MD
LG